Бахшҳо

Ҷангҷӯёни узбак: ...Тоҷикистонро аз кофар тоза мекунем! (ВИДЕО)

Ҷангҷӯёни узбак, ки дар сафи гуруҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия меҷанганд, бо нашри як навори видеоӣ дар интернет изҳор доштаанд, баъди тасхири давлати Сурия рӯ ба Осиёи Маркзаӣ, аз ҷумла Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳанд овард.

Ҷавонони узбакзабон иддао доранд, дар пайи ташкили хилофати исломӣ дар Сурия, дар Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳам ба пирӯзӣ хоҳанд расид:"Бо хости Худо, мо ба фатҳ кардани Сурия шурӯъ кардем. Иншооллоҳ кишварҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро низ аз кофарҳо тоза хоҳем кард."

Яке аз ин ҷавонҳо, ки бо забони англисӣ суҳбат мекунад, худро зодаи Осиёи Марказӣ мегӯяд: “Ман аз Осиёи Марказӣ омадам. Ин ҷо мардум аз режими Башор Асад дар азобанд. Мо дар ин ҷо хилофатро бунёд хоҳем кард ва баъд ба кишвари дигар хоҳем рафт ва дар он ҷо ҳам пирӯз мешавем."

Ба суоли наворбардор, ки оё ӯ хонаводаашро пазмон нашудааст, ҷангҷӯй ҷавоб медиҳад, “не, зеро оилаам дар ин ҷо бо ман аст.”

Ахиран, Қодир Маликов, таҳлилгари умури мазҳабӣ дар Қирғизистон гуфта буд, гуруҳи "Давлати иломӣ" барои ворид шудан ба Осиёи Марказӣ 70 миллион доллар ихтисос додааст. Ин коршинос мегӯяд, "Давлати исломӣ" бо мақсади ба ҳам овардани ҷангиёни кишварҳои Осиёи Марказӣ гуруҳи "Мовароҳуннаҳр"-ро ташкил додааст.

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боз кардани парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи 53 шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ хабар дод. Ин ниҳод теъдоди ҷангҷӯёни тоҷикро дар ин ду кишвар ҳудуди 200 нафар арзёбӣ мекунад.
Мӯҳр
Дар чангхо мардуми одди мардуми камбагал мардуми муъмину мусулмону дехкон мемуранд. Эй бародарони Точикистони бархезед бар зиди ононе ки мехоханд хаёти орому осоиштаи моро бо хаор бахона ноором созанд. Кудакони гурусна занхои бевашуда, харобаву вайронахо, фиску фасод ин аст окибати чанг.

Вахоб
Худованд хеч гох Шумо гумроёнро муаффак намегардонад. Шевау усули "Чиход"- ки шумо аз он истифода мекунед, дар ягон чорчубаи шариати Ислом рост намегирад.

OOOO ин узбакхо то дируза мулое надоштанд ки чанозаашонро гузаронанд аз хисоби точикон мулохоро мегирифтанд то чанозаи онхоро гузаронанд бо имруз моро кофар хонда истодаанд. ,,,???? Ки кофар ки муслим Аллох худаш танхо медонад. зеро дар Куръони карим омадааст, "Аллох медонад, ки онхо дар калбхояшон чи доранд". Иншааллох узбакзабонаст донандааст дигар забонай бояд бдона ки замини Точикистон пок аст. намегузорем хар гуна рохгумзада омада авлоди моро безобита кунад.

Muslim
Ба лутфу карами Худованд, Сурия гуристони шумост ва тамоми террористу салафию вахоби ончо ба гуру дузах мераванд.
Пои олуда ва касифи шумо харгиз ватанро нрмебинад.

Ходи бе табир аст!!!

Ҳамин ҷиҳод рафтану шаҳид шудан мисли бозича шудааст. Ҷавонон тез фирефтаи шахсони ҷалбкунанда ба ин гунна ҷангоҳи бемаъни шуда истодаанд. Боз ин узбаки гумроҳ баромад дорад. Агар миллат ва шаҳрвандони давлат дар гирди як сиёсат муттаҳид шаванд, ҳеҷ касс ба ба амнияти Тоҷикистон халалдор шуда наметавонад.

Фархори
тит питон мекнем. Барои х,ар як тори муи шахрванди ТЧК хунамро мерезонаму шумо даджолонро ба ин сарзамин рох намедихем.

Озодагон мактуби Маро чоп накарди ё хушт наомад бо ту чи кор кунам даштномат кунам маълум АСТ ки озод нести МО ку фарзанди одамем маълумот дорем пас чаро чоп накарди дар .........

Ба номи Худои бехад мехрубону бахшанда .
Бародарон ва хохарони мусалмони мукими Точикистон аз ин сагхо натарсед ба рахмати Худо мисли кух аз ин боди пурчангу губор намеларзем , ки инхо муваффак намешаванд ва дар хоки Сурия чисми палидаш хуроки кирм мегардад ва рухи нопокаш дохили чаханнам мегардад .. ОМИН
ЗИНВУ ПОЯНДА БОД МАРДУМИ ШАРИФИ ТОЧИКИСТОН !

Ардашери Бобакон
Илохо дар хамон Сурия нест шавед ва пои номуборакатон сарзамини Точикистонро набинад. Дар ватани мо чавонони баномусе хастанд, ки бар зидди шумо ватанфурушон ва гуломони шайххои араб мубориза баранд. Зинда бод Точикистони озоду демократи.

"Чиходи" ин рахгумзадахо бар зидди Исломи Ноб аст! Инхо бо супориши Гарб максад доранд Исломро аз руи замин нест кунанд. Иншаоллох ба максадашон намерасанд!!!

Салмон
Калам зад курам зад пасмонда кулухам зад. Якум шахсе ки бар мукобили шумо чонашро фидо мекунад ин манам. Пои номуборакат ба Точикистон намерасад иншоолох.

Исфара
Дар точикистони азизи мо андакхам бошад ислом озод аст дар узбекистон шумо ислом дар холи хароби карор дорад!

ватанпараст
акнун ҳимояти мардум лозим шуд барои шумо? Мардума саркуб, зиндони, мухоҷир, фохиша, бехонаву дар, овора, бедин...кардед, парвое надоштеду надоред, аммо боз вакте ба саратон тахдид омад, мардум ба ёдатон зад? Ин фазои терроистиву доишия худатон барои худатон фарохам кардед бо рондану саркуби мардуми худ, пас акнун мардум хестанаш хеле дувор аст. Албатта дар миён ҳифзи ватан аст ки мардумро бетараф намегузорад, аммо ин ватан имруз дар дасти мардум нест, пас вокеан ватан дар хатар аст...

Точик
Тавба кардам, дар кудаким бобоям бо шухи мегуфт як нишони охир замон вактест, ки исломро ба точик узбак меомузонад.....

точик
Инхо хамашон муздурони америкаву англия хастанд ва худи онхо ин гурухро ташкил кардаанд барои нооором сохтани осиёи миёна ва хеч рабте ба мусалмонхо доранду на ба ислом. Факат бадаш хамин аст,ки бо бахонаи ин бадбахтхо шикори касоне, ки аз хукуматхои диктатори безор шуаанд авч гирифтааст бо бахонаи хамдати бо ким кадом хилофати исломи.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)