Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 14:48

Чин ба “Тоҷиказот”-и Фирташу Зайд Саид “чашм ало кардааст”

22 январ 2015, 10:25

Чин барои фаъол кардани корхонаи “Тоҷиказот”, ки ахиран аз Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ ва Зайд Саид, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик мусодира гардид, пешниҳоди худро ба ҳукумати Тоҷикистон ироа кардааст.

Ин нуктаро Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияи Тоҷикистон рӯзи 22-юми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошта, таъкид намуд, ки феълан “Тоҷиказот” бо тамоми технологияи муосир таъмин аст: “Аммо ба далели набудани ашёи хом кор намекунад.”

Вай афзуд, то ҳол ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба пешниҳоди Чин дар мавриди “Тоҷиказот” посух нагуфтааст, вале ӯ изҳори боварӣ намуд, ки “Тоҷиказот” ба наздикӣ фаъол хоҳад шуд. Вазир илова кард, ки дар баробари чиниҳо боз шаш ширкати хориҷии дигар ба “Тоҷиказот” таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, ки пешниҳоди ҳамаи онҳо мавриди омӯзиш қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон тобистони соли 2014, корхонаи «Тоҷиказот»-ро, ки 75 фоизи саҳмияҳояш ба Дмитрий Фирташ, 20 дарсадаш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба соҳибкори тоҷик Хайрулло Саидов, писари соҳибкори маҳкумшуда, Зайд Саидов тааллуқ дошт, ба фоидаи давлат мусодира намуд. “Тоҷиказот” тайи солҳои охир ба далели қатъи интиқоли газ аз Узбакистон ба мушкил рӯбарӯ шуда, аз фаъолият бозмонд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Васила

  • 22 январ 2015 10:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Табиат чашмони кушод ва симои азимро ба мо насиб донистааст, аммо Чинихоба баръаксаша тухфа кардаги. Бо хамин фаркиятхо нигох накарда аз чандин хазор км проблемахои моро мебинанд ва мехоханд, ки дар халаш кунанд кунанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар чое ки пул рол бози мекунад ин чашмони калон калони ту ба ки лозим?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!