Бахшҳо

Иқрори Ҳоҷӣ Рустам: "Аз карда пушаймонам" (ВИДЕО)

Рустам Ҷӯраев, директори бозори “Назари Нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки дар марги Зиёдбек Ҷӯраев ва латту кӯби Эраҷ Исоев - донишомӯзони ноболиғ муттаҳам мешуд, ба айби худ иқрор карда, гуфт, сахт пушаймон аст.

Ӯ зимни барномае тавассути телевизиони "Симои мустақали якуми Хуҷанд" изҳор дошт, ин амал барқасдона не, балки тасодуфӣ буда, фикр мекарданд, ин ду ноболиғ дузди ҳирфаӣ мебошанд: “Худамонро идора карда натавонистем ва ҳама каса онҳоро латту кӯб кардем. Аз ин кори кардаи худ сахт пушаймон ҳастем.”



Мақомоти пулиси вилояти Суғд рӯзи 17 январи соли равон аз ҳалокати як ноболиғи хонандаи мактаб-интернат хабар доданд, ки дар пайи латту кӯби директор ва муҳофизони бозори “Назари нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷон додааст.

Манбаъ гуфт, тахминан соати 01:30-и 15-уми январ ноболиғон Исоев Эраҷи 16-сола ва Ҷӯраев Зиёдбеки 17-сола, хонандагони мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Чкалов ба маркази савдои «Сабрина», воқеъ дар бозори «Назари Нек»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, бо роҳи шикастани дари мағозаи хӯрокворӣ, аз хазинаи он 386 сомонӣ маблағи пулиро гирифтаанд: “Ноболиғон аз ҷамъшавии кормандони бозор огоҳ шуда, барои ба дасти онҳо наафтидан ба дохили анбори мағоза даромада, дари онро аз дохил маҳкам мекунанд ва пинҳон мешаванд.”

ба гуфтаи пулис, директори бозори «Назари Нек», Ҷӯраев Рустамҷони 39-сола бо ду корманди дигари ин бозор - Юсуфов Бобурҷони 29-сола ва Файзиев Аҳлиддини 37-сола ноболиғонро аз дохили анбор бароварда, бо истифода аз мушту лагад ва пояи мизи пластмассӣ онҳоро зери лату кӯб қарор додаанд: “Дар натиҷа, ноболиғ Ҷӯраев Зиёдбеки 17 сола, ки ятим будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ноболиғи дигар Исоев дар беморхона бистарӣ гардидааст.”
Мӯҳр
ЧАШМИ ДУНЕДОРРО Е КАНОАТ ПУР КУНАД Е ХОКИ ГУР... САДКАИ НОМИ ХОЧИ ШАВИ. САД ХАЙФИ ЧОНИ ЧАВОНИ ЯТИМ.

Ал- Фариз
Ягон статя нав оиди арзанда будан ё набудани шахс ба номи Хочи баровардан лозим.

и бадбахт агар аз минтака ё ягон оилаи маруфи чумхуриамон мебуд ира ихел реклама на мекарданд мисли хукумуф..

Инсоф
Беинсоф. чашмгурусна. Мақомот набояд нисбати ин ягон сабукӣ кобанд, бояд сазояшро гирад нобакор.

Гар бар сари нафси худ амири марди,
Бар куру кар хар нукта нагири марди.
Марди набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигири марди.

Хайфи номи Рустаму номи мардиат,

123
Хочиен зиед шуда истодаанд валекин адлу инсоф ва одамгари гум шуда истодааст хамин тур нест?Уй чафокор хамон пули дуздидаи ун сагераро худат мумкин як та обед куни магар хаминкадар чашмат танг шуда бошад ки бандаи худоро кушти.Баъдан тура ки хукукдодки инсона лату куб карда куши барои ин милиса гуфтаги хаст чаро ба у насупориди?Акнун дар кунчи зиндон дандон кофта мешини да ааа.

Тофик
ини Хочиёну муллохо хаммаш хамин хел. ин чизи мукарари ку, чи чои таачуб

Баходур
Махз ин тоифа одамон номи хочиро ба кавле харом мекунанд. Наход барои маблаги ночиз, ноболигро зада куши?! Макомоти дахлдор хаст, ки бевосита дар ин самт фаъолият мекунанд. Агар чиноят кард, дошта ба дасти конун биспор, на ин ки худат чазо дех. Ба асрхои миёна рафта истодаем-ку.

Алишер Россия,
и хочира географияш рост наомад. ноомади кор-отала дандона шикастай.

Садкаи номи хочи шави, манфур. Хатто хабси якумра барои ту кам аст. Гумон мекуни, абади дар ин дунйо мемони? Дар кийомат чи чавоб медихи ба он ятим? Худованд туро хор ва ба як бурда нон зор кунад. То ки азоби гуруснагиро фахми. Ятимон аз гурустнаги ба ин кор даст задаанд. Директори интернатро хам ба чавобгари кашидан лозим.Наход дар интернат ятимон гурусна монанд? Маълум ки дуздхои калон дар он чо. ХАЙФИ САГИРАИ БЕРУЗИ. ХУДО чояшро чаннат ва котилонашро хор гардонад !!!

фирдавс
Бародарон чаро дар хама кор шиорхои исломиро зикр мекунед худи хамин озодагон чаро номи хочиро зикр мекуни ? номи худи хамин шахс кифояги мекард дар инчо мунофикине хастанд ки ИСЛОМИ азизро паст мезананд

ARZ
Salom somonai muhtaram Ozodagon, az shumo ehtiromona khohish mekunem to ba monandi somonahoi khabarii digar (OZODI va gayra) hamin kismati sharhu akida nivisiro taagir medoded to posukh navishtan ba haryak sharh osontar shavad!!!

Тофик, T kudaki besavod bday neki, gunohi hamay hojiyovu mulohora girifti uje. In zaifi az shaxsiyat vobastaast. Dar Quron naomadaast ki hama hojiyovu muloho zinokoru odamkushand.

КОНО
одоб надоштааст

ислом.70mail.ru
Ман аз як чиз хайронам ки чаро кушандаи асосиро махкам накардаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)