Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 22 феврал 2019, 05:58

Бахтиёр Аминӣ: Агар ин оптимизм намебуд шояд кайҳо мемурдам

23 январ 2015, 09:08

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Гуфтугӯи хабарнигори “Озодагон” Сипеҳри Кароматулло бо шоири навгӯи тоҷик – Бахтиёр Аминӣ


Озодагон: Аввалан Шуморо барои нашри катоби нав табрик мегӯям. Ва ба унвони нахустин суол Бахтиёр Аминӣ кист ва аз чӣ замоне ба ин сӯ шеър эҷод мекунад?

Бахтиёр Аминӣ: “Ташаккур барои табрикатон. Кистам ман? Пеш аз ҳама як инсон ва як шаҳрванд ҳастам. Баъдан инсоне, ки ба адабиёт алоқа дорад. Ман худам онро шеър наменомам ва шеъргуна мегӯямаш, ки аз замони мактабхонӣ шурӯъ карда будам”.

Озодагон: Аввалин устодоне, ки дар шеъргӯӣ ба Шумо кумак карданд, киҳо буданд?

Бахтиёр Аминӣ: “Нафаре, ки кӯмак карда бошад, дар ёд надорам. Аммо онҳое, ки таъсир гузоштаанд хеле зиёданд. Барои ман, ки дар муҳити адабӣ бузург шудаам, қалам ба даст гирифтан худаш як ҷасорат буд. Амакам Баҳманёр, писарамакҳоям Салими Зарафшонфар ва Баҳриддини Ҷӯё...”

Озодагон: Гуфтанӣ шеър барои бархе шуғл аст, барои гуруҳи дигар ҳунар ва баёни афкори худ. Шеър барои Шумо чӣ василае аст?

Бахтиёр Аминӣ: “Шеър барои ман шуғли дӯстдошта аст. Шуғлест, ки роҳат афкору эҳсосамро бароварда мекунад. Шеър нагуфта наметавонам...”

Озодагон: Шеърҳои Шумо бо сабки вижа, яъне сабки ҳойку эҷод шудааст. Бо ин сабк аз кай шеър менависед ва иллати руҷӯъ ба ин сабк дар чӣ аст?

Бахтиёр Аминӣ: “Чуноне қаблан зикр кардам, душвор буд барои ман тасмим гирифтан, ки кӣ бошам: нависанда ё шоир. Мисли Баҳманёр ё монанди Салими Зарафшонфар? Ҳамааш аввал аз пайравӣ оғоз шуд.. Гуфтам ҳатман ки жанре ҳаст байни ин ду - байни назму наср ва ба омӯхтани адабиёти ҷаҳон оғоз кардам ва аввалин навиштаҳоям верлибр, яъне шеъри бевазну қофия буданд. Шурӯъ аз соли 1992 ба ҳойку рӯ овардам. Ба омӯзиши он. Аммо он семисраиҳое, ки менависам, на ҳамаашон ҳойку аст. Сенрю ҳам ҳаст. Шеъри кӯтоҳ ҳам хаст. Дар Тоҷикистон касе, ки ҳойку гӯяд, то ҳол нест. Ва ин кӯшишҳои ман нахустгомҳо дар ин роҳанд. Онҳое, ки дар се мисраъ шеъре гуфтаанд ва то ҷое ман аз он хабар дорам шакли ҳойкуро доранду дигар ҳеч. Ҳойку танҳо шакл нест. Аммо як чизро бояд қайд кунам, муҳим будани шеърият аст. Шакл метавонад гуногун бошад, рубоӣ, ғазал, фардбайт, дубайтӣ, қасида шеъри нав ва ғайра. Яъне, муҳим аз дил барояд ва ба дил нишинад”.

Озодагон: Ҳойку чӣ сабки шеърист ва Шумо чӣ тавр ба ин навъи шеър ошно шудед. Дар ҷаҳон шоире номдор дар ин сабк шеър эҷод кардааст ва гаҳвораи ин сабк куҷост?

Бахтиёр Аминӣ: “Ҳойку ин навъи шеъри жопунист. Иборат аз 17 - 18 ҳиҷо. На вазн дорад, на қофия. Гаҳворааш Жопун аст. Вале шурӯъ аз қарни 20 ҷаҳонӣ шуда. Имрӯз қариб дар тамоми кишварҳо ҳойкуанҷуманҳо фаъолият мекунанд. Барои мисол як ҷустуҷӯ кунед дар Гугл. Ҳойку нависед, чӣ қадар мавод пайдо мекунед. Шоирони номдоре, ки ҳойку сурудаанд хеле зиёданд. Масалан, Эзра Паунд, Томас Стернз Эллиот. Дар адабиёти порсӣ Аҳмади Шомлу ҳойкуро бисёр дӯст медошт. Воқеан Аҳмади Шомлу коре арзишманд дар ин самт кардааст. Китоби ӯ “Ҳойку-шеъри жопунӣ аз оғоз то имрӯз” бо ҳамроҳии Пошоӣ китоби рӯимизии ҳар як ҳойкусарои форсизабон гашта. Дар Эрон имрӯза шоирони ҳойкусаро кам нестанд. Масеҳи Толибиён, Сируз Нузарӣ, Тирдод, Фахрия... Дар бораи шоирони ҷопонӣ чӣ ҳам гӯем. Онҳо ки ҳама ҳойку месароянд. Басё, Масаока Сики, Кобояси Исса, Ёса Бусон, Танеда Сантока аз шоирони машҳуру шинохташудаи жопунӣ дар ҷаҳон ҳастанд. Вале дар тамоми дунё Басёро чун асосгузори ҳойку мешиносанд”.

Озодагон: Шеър дар бисёр маворид бояд тасвиргари вазъи иҷтимоӣ бошад ва ин фикри гуруҳе аз адабиётшиносон аст. Инчунин мегӯянд, шеъри сиёсӣ василаи муассири тасвири авзои замон аст. Ба назари Шумо имрӯз ин ду асл дар шеъри мо ҷо дорад?

Бахтиёр Аминӣ: “Шеър ҳамеша бояд тасвиргари вазъи замон бошад. Шоир хоҳед нахоҳед ифодагари вазъи замон аст, агар шоири ҳақиқӣ бошад. Шеъри иҷтимоӣ ва сиёсӣ гуфтан ҳунари бештар мехоҳад аз шоир. Шеъри иҷтимоӣ ва сиёсиро меписандам. Агар шеъргунаҳои маро хонда бошед, мебинед, ки оҳангҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ доранд. Масалан, дар маҷмӯаи ахир, дар ҳамин китобе, ки чоп шуда:

Боится заснуть
президент
Гроза! У-у-угроза!


ё

На заработки
провожает сына мать
будто на войну
.

Яке сиёсист дигаре сиёсӣ –иҷтимоӣ. Ё шеъргунаи дигар:

Двадцать с лишним лет
не видит индийские сны
моя Республика”.


Озодагон: Манзури ман ин буд, ки агар дар кул нигоҳ кунем, ба истиснои чанд нафар, аз ҷумла Шумо шоирони мо ба шеъри сиёсӣ ва иҷтимоӣ гароиш надоранд. Ба назари Шумо онҳо метарсанд ё нотавонанд?

Бахтиёр Аминӣ: “Ба фикри ман иштибоҳ мекунед. Ҳастанд шоирон, мисли устод Абдуҷаббори Суруш, Исфандиёр, устод Сиёвуш ва дигарон, ки шеърҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ доранд. Аслан ҳамин шеъри иҷтимоӣ худ шеъри сиёсист. Яъне, назари дигаргуна доштан ба он чи ки дар ҷомеа мегузарад. Шоирони мо нотавон ва тарсу ҳам нестанд, каме дурандеш ва сабур ҳастанд. Албатта ҳастанд чоплусоне, ки ҷуз таърифу тавсиф ва мадҳиясароӣ коре надоранд, аммо аз онҳо, ки намегӯем. Ахиран, устод Сафар Абдуллоҳ ба шеъргӯи оғоз кардаанд (шояд пештар ҳам мегуфтанду мо нав огоҳ шудем), ки бештари ашъорашон иҷтимоист ва ин хеле хуб аст”.

Озодагон: Ватан ба назари Шумо куҷост? Дар Ватане, ки гоҳе вақт “дасти қотеъи сензура” ҷорист, то чӣ андоза метавон озодона эҷод кард?

Бахтиёр Аминӣ: “Як шоири люксембургӣ гуфта:

Ватан ҷое, ки ман
медиҳам овоз
ва ҷое ки аз ман
меситонад андоз.


Аммо барои ман Ватан ҷое, ки таваллуд шудам, забоне ки ҳарф мезанам, оилае ки бузург шудам, дустоне ки дорам. Яъне, Тоҷикистони мову Шумо ва фаротар аз он Эрони Бузург. Медонед ман хеле берун аз Тоҷикистон зиндагӣ кардам, аммо ҳамеша бо фикри Ватан будаам, яъне, ҳамон рӯҳия, хотира ва пайванди ногусастании Ватан.

Бо худам овардаам
Душанбеаамро
Инак ин хиёбони Сомонӣ
Инак он тарабхонаи Арбат
Ва ӯ ман
нишаставу оби ҷав менӯшад...

Дар бораи сонсур. Дар мо бештар худсонсуркунӣ ҷо дорад. Ҳоло метавонед роҳат ҳар чӣ хоҳед бинависед, аммо на ҳар кас ҷуръату ҷасорат дорад”.

Озодагон: Дар зиндагии шахсӣ чизеро бохтаед ва умуман аз зиндагии худ қаноат доред?

Бахтиёр Аминӣ: “Як мақоли хуб хаст. Мақоли инглисӣ: Касе, ки ба дарахт намебарояд, намеафтад. Албатта, бурд ҳам буд, бохт ҳам буд. Аммо хамеша назарам хушбинона буд. Агар ин оптимизм намебуд шояд кайҳо мемурдам. Тӯҳмат ҳам буд дар зиндагиям ва хеле боз чизҳои дигар. Чӣ гуна инсонам, бояд аз дӯстонам пурсид. Эҳсоси қанотмандӣ надорам. Бовар дорам зиндагии хубу хушу осуда дар пеш аст. Дар шеъргунасароӣ ҳам аз худ қаноатманд нестам. Ҳамеша мегӯям: “Довольный поэт-мертвый поэт”, яъне шоире ки аз худаш розист, кайҳо мурдааст.


Бахтиёр Аминӣ: Агар ин оптимизм намебуд шояд кайҳо мемурдам

Бахтиёр Аминӣ: Агар ин оптимизм намебуд шояд кайҳо мемурдам

Бахтиёр Аминӣ: Агар ин оптимизм намебуд шояд кайҳо мемурдам


Аксҳо аз саҳифаи Фейсбуки Бахтиёр Аминӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Асрор

  • 23 январ 2015 09:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо чунин шеърхои бевазну кофия баъзехо хамаро чазирбод карда аз бехунариашон онро шеъри сафед номиданд, акнун ин кудак аз он дида чазирбод карданиаст. Шоир шудани хохи, Лоик ва Мумнишо барин шав. Мо ягон шеъри сиёху сафеду кабуду чопониатонро кабул надорем, чи Рудакиву Фирдпавси магар наметавонистанд чунин намуди шеърро гуянд.
Посух додан
  • Икбол

  • 23 январ 2015 09:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бигузор дар кадом шакле набошад аламои дилша бга. Нав се мисрагашда омадагиаи , баъд дар пириош тачриба, ки гирифт чорум мисрахоша илова мена.
Посух додан
  • Чамшед

  • 23 январ 2015 09:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бародар Асрор, ин насл дар колабу хати кашида нахохад зист. Шеъри Лоику Муминшо дар хотирахо мондаву ашъори Рудакию Фирдавси моли таърих шуда. Миллат ва адабиёташ агар аз навовари монд, мемирад. гусфандчарониро хам тахкир машумор, ки ин касаба бехтарин инсонхои башарро ба камол расонидааст.
Посух додан
  • ali

  • 23 январ 2015 11:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
яъне мо вакте ки ба пояи бузургони худ МАВЛАВИЮ ХАЙЁМУ ЧОМИЮ СИНОЮ ВА ДИГАР ТАМАДДУНОФАРОНИ ХУД ки нарасидем пас мегардем ба дунболи хойкуву пойкуву чойку... хой бародаро шумо як бор ба худ савол дихед ки чигуна он ачдодони бузурги мо ба он куллахои осмони расидаанду оламро такон доданд?????!!!!!!
сирри тараккии ишон ИМОНИ БА ХУДО ПАЙРАВИ АЗ ШАРИЪАТИ У, ИШКИ ХУДО БУД ки сирри ин коинотро кашф карданд, Худованд калби ишонро пурнур гардонид ва ишон ба умки андешаву тафаккури башари рох ёфтанд суханашон вазн пайдо кард таъсир пайдо кард ва рохнамои баарият гаштанд, ва мову шумо имруз мебинем ки бузургони хар сохае ки набошад аз осори ишон истифода мебаранд ва дар оянда низ чунин хохад буд... аммо насли ишон имруз ки аз ачдоди худ пайрави намекунанд гулу гумрох гашта пайрави чопонию говпарасту дигархо шудааст... ман фикр мекунам як газали МАВЛАВИ вазни эчодиёти хамаи шоъирони имрузаи моро дорад, шоъироне ки аз нигохи маънави ва аз нигохи рухи фориганду бинишашон то кучахои душанбеву бакалои пива умк дорад... пасбояд ру ба дину ойини ачдоди овард, тавре МАВЛАВИИ БУЗУРГ ГУФТААСТ:
ХАР КАСЕ К-У ДУР ШУД АЗ АСЛИ ХЕШ
БОЗ ЧУЯД РУЗГОРИ ВАСЛИ ХЕШ
ОЗОДАГОН бекаму кост нашр кун то хар як хамватани азизи ман донад.
Посух додан
  • Асрор

  • 23 январ 2015 11:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чамшедчон агар бо чунин намуди шеър мо тавонем, ки як сузанаки дандон тозакнандаи дорои хусусияти табобати дошта ихтироъ кунем, ман тарафдори Шумову ин намуд шеъру шоириам
Посух додан
  • Али аз Душанбе

  • 23 январ 2015 12:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин "Шоири зур" мехохад машхур бошад, орзуи бузургиро дорад. Афсус, ки хунару истеъдод ва аз хама мухимаш дониш надорад.
Посух додан
  • Беназир

  • 23 январ 2015 14:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бахтиёр Амини - яке аз шоъирони муваффак аст! Аллох нигахбонашон бошад. Чи шеърхои зебо менависад. Шеъри сафед - шеъри мудренро дар либоси чадиде пушонда!
Посух додан
  • benom

  • 23 январ 2015 15:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Бахтиёр! Як мусохибаи оли буд! Як чахон бахра бурдем аз мутоилаи он. Дар хакикат шеърхои Бахтиёр хонданибоб аст, махсусан барои мо чавонон. Ахсан ба пеш Бахтиёр, бигзор хамеша каламат тез бошад ва шеърхои аз ин хам бехтару хубтар барои мухлисонат эчод намои!
Посух додан
  • мрд

  • 23 январ 2015 15:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар, аввал худат як чумларо ба чумла пайвастнамо, бегалат баъд навистаи яккасро танкид кун!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бадбахтии мо дар камбинии ҳамдигару паст задани якдигар аст. Бахтиёр дар як кишвари бегона ҳамчун як тоҷики фарҳангӣ баромад мекунад. Шеършинос нестам, аммо мебинам, ки садҳо одамони бонуфузи ин миллат бо эҳтиром муносибаташ мекунанд, барои тарғиби шеъраш корҳо мекунанд. Барои ман ҳамин бас аст, ки тоҷик ҷумшуд набошад. Бисёр дарднок аст, ки бегонагон эътироф кунанду, ҳаммиллатони худат санг зананд. Кош то сангзанӣ ҳар кадоми мо барои тарғиби тоҷик, фарҳанги тоҷик як кораки хурди амалӣ мекардем.
Посух додан
  • Ховари Пулод

  • 23 январ 2015 16:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бахтиёр каблан туро дусти азиз ба интишори китоби нав табрик мегуям!Гумон мекардам ту мукими Душанбеи нозанини ва дар Ватан кору эчод дори.Дарег мисли ман мухочир будаи..Шеърхоят олианд,навис.Албатта маро дар ёд дори;рузхои Машварати адибони чавони чумхури,апрели 2012 хамрох будем.Мухаббати Оллох ёр ва мунисат бошад.Забойкалье.Русия.
Посух додан
  • Ховари Пулод

  • 23 январ 2015 16:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бахтиёр каблан туро дусти азиз ба интишори китоби нав табрик мегуям!Гумон мекардам ту мукими Душанбеи нозанини ва дар Ватан кору эчод дори.Дарег мисли ман мухочир будаи..Шеърхоят олианд,навис.Албатта маро дар ёд дори;рузхои Машварати адибони чавони чумхури,апрели 2012 хамрох будем.Мухаббати Оллох ёр ва мунисат бошад.Забойкалье.Русия.
Посух додан
  • Ховари Пулод

  • 23 январ 2015 16:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бахтиёр каблан туро дусти азиз ба интишори китоби нав табрик мегуям!Гумон мекардам ту мукими Душанбеи нозанини ва дар Ватан кору эчод дори.Дарег мисли ман мухочир будаи..Шеърхоят олианд,навис.Албатта маро дар ёд дори;рузхои Машварати адибони чавони чумхури,апрели 2012 хамрох будем.Мухаббати Оллох ёр ва мунисат бошад.Забойкалье.Русия.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Асрор ва Али! Ба фикрам бо ин ду ном як шахс шарх менависад. Бародарон тавонед шори чавонро дастгири намоед, натонед кушиш кунед, ки гапои бофта ё хавои нанависед))))))))) Кудрати неки надори бади макун мегуян дар урфият!
Посух додан
  • Абдурашид

  • 23 январ 2015 17:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон ва ё шиносхои Бахтиёри Амин дар ин матбаа илтимос 3 маротиба навистам рох надодед шархи маро.
Бори дигар менависам ба Беназир: Ту,Бахтиёр ва Сино дар Арбат оби чав нушед ва нигахбонатон Аллох бошад.....

Азизи ё Асрори дар Озодагон чоп кун
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!