Бахшҳо

Шикояти наҳзатиҳои Ашт аз фишору таҳдидҳои тоқатфарсо ба Эмомалӣ Раҳмон

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо навиштани як нома ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз фишору таҳдид болои худ дар арафаи интихоботи парлумонӣ шикоят бурдааст.

Дар номаи наҳзатиҳои Ашт, аз ҷумла омадааст, “мо вакилони конфронси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ашт бо намояндагӣ аз 1578 аъзои ҲНИТ дар ноҳияи Ашт ба маълумоти Шумо мерасонем, ки бо оғози маъракаи интихоботӣ дар кишвар фишору тахдид болои аъзои ин ҳизб дар ин ноҳия ва монеаэҷодкуниҳои мақомоти иҷроия, худидораи маҳаллӣ ва хосса мақомоти қудратии ноҳия-кормандони идораи амният ва милитсия ба фаъолияти қонунии ниҳодҳои ҳизб бамаротиб афзуда, ба дараҷаи тоқатфарсо расидааст.”

Наҳзатиҳои Ашт мегӯянд, мақомот ба хотири берун карданашон аз сафи ҲНИТ аз фишору таҳдид ва шиканҷа кор гирифта, ҳатто бо боз намудани парвандаҳои беасос онҳоро боздошт мекунанд: “Қариб рузе нест, ки аз ин ё он деҳа ва шаҳракҳои ноҳия ягон узви ҲНИТ-ро ба идораи ҷамоат, амният ё милитсия ҷеғ зада пурсуҷӯ ва “насиҳат” накунанд, ки сафи ҲНИТ-ро тарк гӯяд ё ҳадди ақал дар маъракаи интихоботӣ аз ҷониби ҲНИТ ба сифати узви комиссияҳои интихоботӣ, номзад ё нозир ширкат накунад. Ҳамчунин наздикони аъзои ҲНИТ - волидон ё бародару хоҳарони онҳоро, ки узви ҲНИТ нестанд, тариқи суҳбатҳои маҳрамона ё телефонӣ тарсонида истодаанд, ки узвияти фарзанд, бародар ё хоҳари Шумо дар ҲНИТ хатарнок аст, ояндаи нек надорад ва хоказо. Кор то ҷое расидааст, ки бо баҳонаҳои сохта ва беасос баъзе аз фаъолони бахши ҲНИТ-ро ба идораи амнияти ноҳия даъват намуда, онҷо латукуб (шиканҷа) мекунанд ва ҳатто парвандаҳои беасос тартиб дода ба муддати чанд шабонарӯз ҳабс мекунанд.”

Дар идома гӯшзад шудааст, оромии кишварро на фаъолияти қонунии ҲНИТ ва пайравонаш, балки чунин бархӯрди носолиму беинсофона ва амалҳои ғайриқонунии мақомоти давлатӣ халалдор хоҳад кард: “Мо ҳама ифротгароиро қабул надорем, вале чунин амалкарди мақомоти кишвар магар ифротгароии дунявӣ нест? Маҳз чунин ноадолатиҳо нисбати ҷавонони мутадайин боварии онҳоро ба волоияти қонун дар кишвар аз байн мебарад ва эҳтимол дорад гароиши ҷавонони сода ва камтаҷриба ба суи гуруҳҳои тундрав ва ифротӣ биафзояд. Билохира ҳуқуқҳои шаҳрвандии мо, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон дарҷ ёфтаанд ва шумоён кафили татбиқи онҳо мебошед, густохона поймол шуда истодаанд. Чаро дар давлати демокративу ҳуқуқбунёд дигарандеш будан боиси саркуб шудан мешавад? Чаро ваъдаҳову суханҳои Шумо раҳбарон дигарасту бархғрду муомилаатон бо мо шаҳрвандон дигар?”

Онҳо дар охир аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, дар робита ба риоя шудани ҳуқуқи конситутсионияшон чораандешӣ ва ба ин ҳама таҳқиру фишор ва таҳдидҳо хотима дода шавад. Наҳзатиҳои Ашт гуфтаанд, агар воқеан ҳам ҲНИТ ба оромии ҷомеаи Тоҷикистон хатарзо бошад, бо овардани далелҳои қотеъ дар доираи қонун фаъолияти ин ҳизбе, ки Сарқонун ба он иҷоза додааст, манъ кунанд: “Ҳадди ақал роҳбарони кишвар ва ҲНИТ сари мизи муколамае бишинед ва хулосаи расмии ниҳоиро тариқи ВАУ пахш намоед. Ба хотири ҳифзи имон ва суботу оромии кишвар сабр кардани моро аломати заъф ва ризоият ба чунин ноадолатиҳо напиндоред, билохира сабр ҳам ҳудуд дорад. Вокунишҳои мо фақат қонунӣ хоҳанд буд ва ин муроҷиатнома яке аз онҳост.”

Дафтари ҲНИТ дар ноҳияи Ашт мегӯяд, чунин номаеро низ ба унвони Юсуф Раҳмонов, додситони кулл, раиси ноҳияи худ ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб ирсол кардаанд.
Мӯҳр
Сааар шуд. волоияти конууун, баробари бародари бла бла бла ... ХНИТ доги Точикистон. Максади ХНИТ ба сари кудрат омадан асту Точикистонро мисли Афгонистону Сурия Ирок Покистон кардан аст. Солхои 1990 волоияти конун нагуфтед ку ХНИТ. Хамон ришакихои солхои 1990 хозир ХНИТ шудааст ягон чои пинхонкори нест.

Ба фикрам ХНИТ аъзоям надорад. Танхо се чор боевики солхои 1990 ва писарони онхо. ХНИТ мардум Шуморо бад мебинад.
Точикистон давлати дуняви. Принсипии асосии давлатдории мо. Принсип ин конуни вайроннашавнда. Ин конун вайрон шуд маънояш он ки конун конун не яъне давлат давлат нест. Хизби нахзати исломии Точикистон. Максадаш ба сари кудрат омадан, зеро хизб аст. Хизби исломи, яъне волоияти конунхои шариати аз хамаи дигар конунхо. яъне напазируфтани дигар динхо. Оё ин асос шуда наметавонад, ки ХНИТ бархам дода шавад ё ХНИТ номашро иваз кунад.?????

Мамулини ХНИТ бояд аз аьзохои худ дифоь кунанд агар як хизб ун хам хизби мухолиф аз аьзоёни худ дифоь кардан натавонад дигар хеч хочате барои буданаш нест.

fazila,
Кореяи Шимоли мефорад ба ту? Шояд кучида мерави? Як шахси тарсу! Хама бамисли ту нест!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)