Ҳалокати як ҷуфти тоҷик дар шоҳроҳи “Украина”
Дар пай садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи “Украина”-и вилояти Калуга, ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, се нафари дигар-ду узбаку як тоҷик ҷароҳат бардоштаанд.
Тибқи иттилои мақомоти Калуга садама рӯзи 25-уми январ, дар километри 235-уми шоҳроҳи “Украина” дар ноҳияи Мешов ба вуқуъ пайвастааст: “Ронандаи 34-солаи Skoda ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо мошини боркаши Volvo FN 12 бархӯрдааст. Дар натиҷа худи ронанда ва ҳамсараш, ки ҳар ду зодаи Тоҷикистон будаанд, ба ҳалокат расиданд.”
Мақомоти наҷотдиҳии вилоят мегӯянд, се мусофири дигари Skoda-ду шаҳрванди 21-у 22-солаи Узбакистон ва як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаи марказии ноҳияи Сухиничская бистарӣ шудаанд. Ронандаи 49-солаи мошини боркаш дар ин садама осебе надидаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |