Бахшҳо

Маорифчиён боз дар садри фасодзадаҳо

Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2014 аз ҳама бештар кормандони Вазорати маориф ва илм ҷиноятҳои коррупсионӣ содир карданд.

Дар нишасти хабарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, зикр шуд, дар 12 моҳи рафта аз сӯи кормандони Вазорати маориф ва илм 101 ҷиноят анҷом шудааст. Дар ҷои дуюм Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дорад, ки кормандонаш 70 ҷинояти коррупсионӣ содир кардаанд.

Аз миёни вазорату идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ бошад, кормандони Вазорати умури дохилӣ бештар чунин ҷиноят кардаанд. Агентӣ мегӯяд, дар соли 2014, 46 ҷинояти хусусияти коррупсионидоштаи кормандони умури дохилиро ошкор кардааст. Дар рӯйхати пешниҳодкардаи агентӣ Вазорати мудофиа дар ҷои дувум аст. Кормандони ин ниҳод дар як сол 14 ҷиноят содир кардаанд. Вазорати адлия бо 12 ҷинояти коррупсионӣ дар ҷои се ва Хадамоти гумрук бо 7 ҷиноят дар зинаи чоруманд. Аммо дар як соли сипаришуда агентӣ танҳо як ҳолати содиршавии ҷинояти коррупсионӣ аз сӯи кормандони прокуратураро ошкор кардааст.
Мӯҳр
Мухтарам кормандони агенти! мархамат карда идорахои САХш ва идораи шиносномадихиро хам тафтиш кунед.Эшон дар гирифтани пора аз маорифчиен мондани надоранд!

пора,
ман нафахмидам кормадони вазорат ё кормандони сохаи маорипора,

Тезрав
ЧАНОБИ ВАЗИРИ МАОРИФ АЙБАСТ.Бачахои мардум дар кучо таълим мегиранд-дар сохтори фасодзадатарини мамлакат!. Зерсохторхои вазорате, ки ба Шумо хукумати Точикистон фармони идораашро додааст, барои бархам задани фасодкори ягон кори чашмрас намекунанд. Порагири, атестатфуруши, дипломфуруши , талаву торочи бюдчет. Биёед ба мардум , хамчун ба пода нигох накунем. Биёед миллатамонро, ватанамонро, мардуми Точикистонро эхтиром кунем-ба хакки у хиёнат накунем. Камбуди аз ошкоркардашудааш маротибахо зиёд аст.

Зимни баррасии сатхи ришвахури дар сохахои мухталиф бояд услуби омори мукоисави истифода шавад (шумораи чиноят ба 100, 1000 е 10 000 нафар кормандон). Сохаи маориф ва сохами тандурусти сернуфузтарин сохахои чумхури мебошанд. Табиист, ки дар сохахои мазкур шумораи умумии чиноят нисбат ба сохахое, ки шумораи кормандонашон 1-2 е 5 хазор нафар асту халос, хеле бузург вонамуд мешавад.

модар
Мухтарам вазири маориф ва Раиси Агентии коррупсия! Аз барои савоб дар мактабхои давлатии шахри Душанбе барои дарси иловаги пулчамкуни кай ба охир мерасад? Дарсхои асосиба чой намерасаду муаллим нест! Ин хаммаш бахонаи пулситонидан аз талабахо барои муаллим,директори мактаб ва...........Инро хамма нагз мефахмад-локин хеч кас хотима намедихад. Ин пулхоро агар худди муаллим мегирифт-ким кай сохиби мошинахо, либосхои киммат ва хонаи обод мешуд. Маоши муаллимон хам хозир кам нестай-шукри Худо. Мактабхо ба бозори пул баробар куним хам мешавад. Айб аст. Хотима дихетон ба пулчамкуни!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)