Бахшҳо
26 янв 2015 14:47Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Махфират Хидирзода: Зуроварӣ дар оилаҳо нишонаи зурии инсон нест

Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон имрӯз, 26 январ зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе аз коҳиш ёфтани ҳолатҳои хушунату зуроварӣ нисбат ба занҳо хабар дод.

Хонум Хидирзода гуфт, соли 2014 дар муқоиса ба як соли пеш амалҳои зуроварӣ дар оила 217 ҳолат кам ба қайд гирифта шудааст. Номбурда афзуд, соли гузашта 2 ҳазору 391 ҳолати зӯроварии хонаводагӣ ба қайд расидааст, дар ҳоле ки соли 2013 ин рақам 2 ҳазору 608 ададро ташкил медод.

Афзоиши корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ миёни хонаводаҳоро раиси Кумитаи занҳо сабаби аслии коҳиш ёфтани хушунати оилавӣ арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, зуроварӣ дар оилаҳо ҳаргиз нишонаи зурии инсон нест: “Чун ки вай аз зурӣ истифода мебарад. Дар оила пеш аз ҳама муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ лозим аст ва хонаводаҳо бояд орӣ аз зуровариҳо бошанд. Мо хоҳем нахоҳем зуроварӣ таъсири равонии худашро ҳам ба зуровар, ҳам ба ҷабрдидаи зуроварӣ ва ҳам ба фарзандон мерасонад. Ҳоло Вазорати умури дохилӣ дар ин самт бисёр нағз кор карда истодаанд, аз ҳисоби ин вазорат 5 зан дар минтақаҳо ба масъалаҳои зуроварӣ кор мекунанд. Масалан, агар пештар як нафар дар бораи зуроварӣ ё проблеммае, ки дар оилааш шудааст, мегуфт, ӯро дигар хел қабул мекарданд. Имрӯз аллакай муҳит дигар шудааст. Проблеммаҳоро руйпуш кардан лозим нест, балки барои ҳалли онҳо, ки хоҳ нисбати зан аст ё мард, мусодат кардан даркор”.

Махфират Хидирзода дар суҳбат ба “Озодагон” таъкид намуд, онҳо кушиш мекунанд баҳсҳои хонаводагиро, ки дар пайи хушунату зуроварӣ сар задаанд, то ба додгоҳ нарасида ҳал намоянд. Ӯ мегӯяд, баъди даъват ва суҳбату машваратҳояшон бо хонаводаҳо дида мешавад, ки онҳо ҳамдигарро бахшида, ҳамдигарфаҳмӣ ба миён омадааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)