Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 12:49

Зоиров ба КМИР: Номзадҳоро бе чуну чаро сабт кунед

28 январ 2015, 08:55

Раҳматило Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хоҳиш кардааст, номзадҳояшро “бе чуну чаро” ба қайд бигирад.

Ин изҳорот дар пайи сабти ном нашудани номзадии Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ дар ҳавзаи якмандатии Конибодом навишта шудааст. Ахиран, масъулини ин ҳавза ба оқои Ҳакимов гуфтаанд, то замони муайян нашудани мавқеи ҳизб барои ширкат дар интихобот аз сабти номаш худдорӣ хоҳанд кард. Раҳматилло Зойиров рӯзи 20 январ бо пахши як изҳорот ва фиристодани номае унвонии КМИР гуфт, агар тайи 10 рӯз КМИР ё Дастгоҳи иҷроияи райисҷумҳур ба масъалаи ҳабси муовинаш - Шуҳрат Қудратов, ки бо ҳукми додгоҳ 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд, расидагӣ накунанд, Анҷумани фавқуллодаи ҳизбро даъват ва интихоботи парлумониро бойкот эълон хоҳанд кард.

Аммо дар изҳороти ахири Зоиров гуфта мешавад, “қарори ҲСДТ ба пешниҳоди номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ ба воситаи созмони ҳизбӣ ё худпешбарии аъзои ҲСДТ, дахл надорад. Азбаски, Раёсати Шӯрои сиёсии Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон тибқи Қарори Анҷумани XIV-уми пешазинтихоботии ҲСДТ аз 27.12.с. 2014 танҳо барои омода ва қабул кардани руйхати ниҳоии ҲСДТ аз ҳавзаи ягонаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ салоҳият дошта, оид ба боздошти иштирок ё таҳрими интихобот дар умум ё нисбати шахсони худпешбаришуда салоҳият надорад ва ингуна қарор қабул накардааст ва намекунад”.

Зоиров таъкид намудааст, ки қарори Раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ дар бораи боздошти иштироки ҲСДТ нисбат ба рӯйхати ҳизбӣ қабул гардидааст: “Аз ин рӯ, масъалаи қабули қарори умумӣ ё эълом кардани бойкот (таҳрим)-и интихобот танҳо салоҳияти Анҷумани ҲСДТ буда, Раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ масъалаи даъвати Анҷумани фавқулоддаи ҲСДТ-ро оид бо ин мавзӯъ, кушод эълом гузошт”.

Ӯ дар поёни изҳороташ навиштааст, “аз КМИР эҳтиромона хоҳиш мекунам, қайдгирии номзадҳо бе чуну чаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот амалӣ гардонида шаванд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Интихобкунанда

  • 28 январ 2015 09:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикрам тарошидани қаҳрамонҳои сунъӣ аз намояндагони ҲСДТ даркор нест, сабти ном кардан даркор хоҳ вай Ҳакимов бошад хоҳ каси дигар фарқаш не, зеро ки мардуми шарифи Тоҷикистон найрангбозиҳои ин ҳизбро дар ҳамаи минтақаҳо медонанд ва дар ягон ҷо ба тарафдории онҳо овоз намедиҳанд.
Посух додан
  • муосир

  • 28 январ 2015 09:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин огом хар руз як гап мегуяд, ки инаш дигарашро инкор мекунад.
Посух додан
  • Ххдт

  • 28 январ 2015 10:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахматулло Зоиров принсип надорад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чииии??? бо ин хел хизб хам будааст???? Ин номи маколаро бин "бе чунучаро номзадхоро ба кайд гиред" КИИИ чунучаро кардааст??

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!