Бахшҳо

Шарофзода забони таҳия ва тарҷумаи филмҳоро “даҳшат” хонд

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон забони таҳия ва тарҷумаи филмҳоро дар кишвар “даҳшат” баҳогузорӣ кард.

Шарофзода, 28 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, имрӯз филмҳое ба фурӯш баромада истодаанд, ки забонашон ба меъёри забони адабӣ созгор нест: “Махсусан ду филм - “Зангирии Мугамбо” ва “Дон Жуан”, ки бе мувофиқа бо Кумитаи забон дар шаҳри Кӯлоб ба фурӯш гузошта шуд. Бо пешниҳоду гуфтугуҳои комиссияи таъсиснамудаи мо бо масъулини шаҳри Кӯлоб фурӯши ин филмҳо манъ карда шуд.”

Хонум Шарофзода ҳамчунин забони тарҷумаи филмномаҳое, ки тавассути телевизион ба намоиш гузошта мешаванд, даҳшат хонда, илова кард, “махсусан филмҳое, ки аз забони ҳиндӣ тарҷума шуда, рӯзҳои шанбе ва якшанбе ба намоиш гузошта мешаванд, ғайрикасбиянд”.

Ба гуфтаи Шарофзода Кумитаи забон соли 2014 ҳудуди 112 филмҳои тарҷумавии студияҳои “Нурангез”, “Арш”, “Симо прдакшн”, “Килк”, “Ҳамсадо” ва “Асар”- ро мавриди баррасӣ қарор дода, эроду пешниҳодҳои худро ироа кардааст.
Мӯҳр
Аввалан! Мушаххас гуфтан лозим аст, ки кадом филмхо ва тарики кадом телевизион намоиш дода шудаанд! Баъдан муаллимаи азиз! Шумо боре намунаи олиро пешниход кардаед, ки тарчумаи касби чи гуна аст ????? Шумо аввал пешниход намоед, мо бинем куу "касби"-аш чи гуна будааст, хамон тавр кунем! Як филма гирифта тарчума карда пешниход кунед!

дар хакикат на танхо тарчумаи филмхои "муганбо" ва "дон жуан" балки мухтавои ин филмхо тамоман коста ва бемаъни аст. Аммо тарчумаи филмхо, ки тарики телевизионхои давлати пахш мешаванд бад нестанд. Ба хусус телевизиони "Сафина". Мо масалан бо ахли оила филмхои хуччати ва бадеии тарчумашудаи Сафинаро бо завк тамошо мекунем.

Хонуми Шарофзода оё гуфта метавонанд, ки Кумитаи онхо аз чихати савияи касби ва илмию адаби салохияти чунин казовати котеъ карданро дар бораи асархои бадеи доранд? Оё дар ин Кумита шахсони маъруфи забондон мисли Айни, Дехоти, Лоик, Бозор, Гулрухсор, Маниёзов, Косимова ва дигарон кор мекунанд? Агар не, пас чи мутахассисоне ва дар кадом сатх кор мекунанд? Дар бораи забони асархои бадети дар вакташ хатто байни бузургтарин донандагони забон дар Иттифоки нависандагон ва мачаллахои "Садои Шарк"-у "Помир" мубохисахои илмию адаби баргузор мешуд ва пасон хонандагон худашон казоват мекарданд.
Хонуми Шарофзода ва кормандони зердасташ бисёр акидахои булачаб баён мекунанд, ки на дар дег рост меистад ва на дар кафлес. Онхоро фахмидан мумкин - Кумита ва хар кадоми онхо бояд коре кунанд, зеро маош мегиранд. Аммо бояд дар ин рох аз хадди эътидол нагузаранд ва аз илм, акл, дониш, чахонбини ва фаросат кор бигиранд. Барои мисол, онхо Пиццерияи "Вохури"-ро ба "Ошхонаи вохури" табдили ном кардаанд, вале бо ин пицца оши палав набуд ва намешавад. Шарофзода гуфтаанд, ки шояд руи номхои ширкатхои хавопаймоии кошвар низ фикр кунанд, вале то он вакт шояд бехтар мебуд дар бораи он фикр мекарданд, ки магар барои чи дар номхои кариб хамаи ширкатхои хавопаймоии дунё калимаи "эйр"(хаво) мавчуд аст. Ё чаро заводи "ТадАз" номашро "ТАЛКо" кард? Чаро чунин ширкат дар Руссия "РусАл" ва дар Дубай "ДубАл" ном дорад? Агар сари ин чизхо фикр накунанд, аз эхтимол дур нест ки ягон руз дар бораи точики кардани номи "Азия-Плюс", табдили номхои намояндагихои "Кока-Кола", Мерседес", "Тойота", дар Точикистон ва гайра, ба точки тарчума кардани чунин истилохот мисли "кино", "театр", "телевизион", "радио", компютер", "интернет", "Фейсбук", автомобил", "автобус", "троллейбус", "бензин"... низ пешниход баён доранд. Бо чунин шеваи кор ин Кумита метавонад ба пешрафти иктисодию фархангии Точяикистон монеа низ пеш оварад!

Хонуми Шарофзода гуфта матавонанд, ки дар Кумитаашон забондонхои чирадасте мисли Айнию Дехоти кор мекунанд ва салохияти казоватро ба забони асархои бадеи доранд? Дар вакташ ин корро бузургони адабиёту драматургия бахс мекарданд! Дар як мактуби расмии ин Кумита иборат аз ним сахифа чанд хатогии имлои ёфт мешавад.

Дар он нишаст гуфтаанд, ки сари номхои ширкатхои хавопаймоии кишвар низ фикр мекунанд. Вале пеш аз он бояд фикр кунанд, ки чаро дар номи кариб тамоми ширкатхои хавопаймоии олам калимаи "эйр" (хаво) мавчуд аст, чаро заводи "ТадАз" номашро "ТалКо" кард. Чаро чунин ширкат дар Россия "РусАл", дар Дубай "ДубАл" ном дорад....

Безабон
Мухтарам муаллима!як бор тарчумаи филмхои тасвириро хам бубинед,дахшат аст .Ва боз барои насли наврас...намедонам ояндаи забон чи мешуда бошад!?

Darvesh
Biyo gumush ku apai Gavhar aknun zaboni tojikira gramatikash hollo purra isbot nashuday! Ay cho guftesti ki I dahshatay! Man 1 chizro dahshat mebinum ki Shumora dar hami mansab monday??????

Кумитаи ма то мохи июни 2014 намеднистем ки кутиа да чумхури вучуд дорат кумитаи биер корхоро анчом додай рахмат ба кумитаи ки ба мо ерирасон ки номи магозаамонро номи зебои точики ном гузоштан раиси кумита бо шахрвандон хеле мехрубон сухбат мекунад

Ахтар
Боре аз хамин Кумита ба унвонии ТВ "Сафина" мактубе фиристоданд, ки аксарияти номгузории барномахои ин шабака араби аст, баранда ва ровиён калимахои руси ва гайрро зиёд истифода мебаранд. Лек мактуби худи хамин Кумита саропо аз хатохои грамматики буд ва калимахои араби озод истифода мешуданд. Барои чи ин кадар боз даъво мекунанд? Ба назар чунин менамояд, ки Шарофзода бо чунин амалхояш худро дар ВАО пиар мекунад ва ба хамагон расониданист, ки чи хел онхо содикона хизмат доранд

Точик
Муаллимаи мухтарам дар мавриди тарчума ва дубляжи филмхо хуб мешуд, ки бо далелу аркоми мушаххас харф мезаданд. Вагарна ин гуна харфхо аз номи раиси як Кумитае, ки хифозати забони давлатиро бар душ дорад, чуз тухмат чизе наход буд.
Ва хаминро бояд кайд кард, ки чанде кабл аз чониби ин ниход ба хукумати мамлакат як пешниходе дар мавриди омузиши забони давлати ва коидахои имло шуда буд. Ва дар ин хусус як барномаи вижае хам Кумита омода карда аст. Чун аз Кумита ин барномаро пурсон шудем, мутаассифона, иддае аз кормандони ин ниход аз вучуди чунин барнома бехбар буданд ва баъзе аз нафарон гуфтанд, ки ин барнома аз чониби собик корманди хамин Кумита омода шудааст, вале бинобар ба нафака баромадааш ин барнома руи чопро надидааст.

Ozodagon, ukojon risolati ruznomanigor ba hudi ruznoma sozandagist. Shmo charo mesuzoned. Suhan dar borai hatogihoi gramatiki va meyori zabon meravad shmo charo in fikro ba mahalgaroi judo mekuned VATANRO YAKJOYA BOYAD PARASTEM VA DUSTDOREM

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)