Бахшҳо

ВИДЕО: Нигаронии омбудсмен аз гумшавии кӯдакҳо дар рӯзи равшан

Зариф Ализода, омбудсмен ва ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон имрӯз, 29-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гумшавии кӯдаконро дар кишвар мояи нигаронӣ хонд.

Ализода гумшавии Осия, сокини 5-солаи Душанберо, ки ҷасадаш дар Ҳисор пайдо шуда буд, зикр карда, афзуд, ин раванди фоҷиаборро бояд пешгирӣ кард: “Ҷомеа ҳам бояд бетараф набошад. Дар як рӯзи равшан аз миёни одамҳо гум шудани кӯдакҳо бисёр ташвишовар аст. Ҳам оила, ҳам мактаб ҳам ҳамсояҳо бояд ба ин масъала таваҷҷуҳ намоянд.”

Инчунин Ализода гуфт ҳолатҳое ҳастанд, ки кӯдакро аз таваллудхона ба шахси дигар медиҳанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар бархе ҳолатҳо шаклан ҷиноят ҳасту мазмунан ҷиноят нест. Аз ҷумла ҳолатҳоеро мисол овард, ки кӯдакро таваллуд карда, бе қайди расмӣ онро ба каси дигар медиҳанд: “Албатта ҳастанд, ҳолатҳое, ки ба ивази маблағҳои ночиз, масалан 200 сомонӣ кӯдакашонро медиҳанд. Ин ҷо омӯхтан даркор, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондан даркор.”

ВИДЕОИ суҳбати омбудсмен дар бораи гумшавии кӯдакҳо

Нигаронии омбудсмен дар ҳолест, ки ҷасади Осияи 5-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки аз рӯзи 8 августи соли 2014 дар маҳаллаи “Садбарг”-и пойтахт бедарак шуд, бо нишонащои марги маҷбурӣ аз даруни ҷӯйборе дар деҳаи Шӯроби поёни ноҳияи Ҳисор ёфт гардид.

Хонаводаи Осияи панҷсола ҳамсояи Сабина ва Малика Араловаҳоянд, ки 25 марти соли 2013 ғайб зада, то ҳоло бедараканд. Ба ин қазия моҳи апрели соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам дахл карда, онро аз ҷумлаи ҷиноятҳои доғдоркунандаи номи давлату миллат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзёбӣ кард. Ӯ аз сохторҳои қудратии кишвар даъват кард барои пайдо намудани Малика ва Сабина чораҳои заруриро биандешанд, аммо то ҳол аз ин кӯдакон хабаре нест.
Мӯҳр
Салим
То хол Малика ва Сабринаро пайдо накарданд чи?. О ин чигуна ВКД будааст.ду кудакро пайдо накунед вой бар холи Шумо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)