Бахшҳо
07 янв 2015 11:51Ҳуқуқи инсон

"Духтар" ё "нодухтар"? 600 ташхис дар як сол

Ганҷинаи ГАНҶ

Масъулон мегӯянд, дар як соли охир дар 600 ҳолати бокира будан ё набудани наварӯсони тоҷикро санҷидаанд, вале дар аксари маворид даъвои шавҳарони онҳо, ки мегуфтанд, арӯсашон нодухтар аст, беасос ё тӯҳмат будааст


Пас аз кашомакашҳои якмоҳа ва санҷишу бозҷӯиҳои тиббӣ, билохира Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ё тибби ҷиноӣ эълон кард, ки Ҳуснигул, сокини 19-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бокира аст. Ҳуснигул ду моҳ пеш издивоҷ кард, вале дар нахустин шаби арӯсӣ ба нобоварии шавҳар рӯ ба рӯ шуд. Домод ӯро ба сабукпоӣ муттаҳам кард, зери латту кӯб гирифт ва талаб намуд, ки номи ошиқи худро ошкор кунад. Ҳуснигул, ки мегӯяд, то издивоҷ ба ҳеҷ марде робита надошт, чун дар фотиҳаи ҳамсари ояндааш қарор дошт, лолу мабҳут шуд ва домод низ хомӯшии ӯро аломати гунаҳкориаш дониста, ӯро шабона ба хонаи падару модараш овард.

Ҳуснигул дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Аз худам бовар доштам, аммо сахт тарсида будам, ки чизе гуфта наметавонистам. Шавҳарам маро он қадар зада буд, ки гумон кардам, шояд воқеан ман “нодухтар” баромадам. Ӯ маро шабона ба хонаамон бурд. Падарамро ҳам зад, ки духтарат бероҳа будаасту моро нагуфтӣ. Падарам ҳам ману ҳам модарамро зад. Баъд амакам омада гуфт, бояд маро ба духтур баранд. Чун ҳама дар ҳолати шок буд, касе фикр намекард, ки бояд ба духтур бурда шавам. Вақте маро ба назди духтур бурданд, духтур гуфт, ҳанӯз бокираам. Худи шавҳарам дуруст хоб рафта натавонистааст.”

Ҳуснигул ҳангоми сӯҳбат бо мо ҳамчунин гуфт, пас аз он ки экспертизаи тиббӣ-судӣ бокира будани ӯро муайян кард, шавҳараш дубора ба назди волидони Ҳуснигул омада, узр пурсид ва хост ӯро дубора ба хонааш бубарад. Аммо ин зани ҷавон сарфи назар аз пофишории падараш, хоҳиши мардро рад кард. “Маро дар раҳи рост ва бегуноҳ бадном карданд,”- мегӯяд Ҳуснигул. Масъулони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ, ки танҳо дар соли равон 600 ҳолати марбут ба бокира будани духтарҳоро санҷидаанд, мегӯянд, ки дар бештари маворид ҷавонон надониста ба наварӯсон тӯҳмат мезананд. Яҳёҷон Одинаев, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ, рӯзи 5-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аксар вақтҳо худи ҷавонон бинобар надоштани таҷриба ва дигар ҳолатҳои равонӣ дар шаби аввали ҳамхобагӣ бо арӯс ноком мешаванд ва гуноҳро бар гардани духтарон бор мекунанд.

Яҳёҷон Одинаев мегӯяд, гоҳҳо арӯсоне ба онҳо муроҷиат мекунанд, ки "аз хонаводаҳои обрӯманд ва фарҳангиянд. Тарбияи хело хуб дидаанд, аммо пас аз ҳамхобагӣ “нодухтар” баромаданд. Дар чунин ҳолатҳо ходимони марказ воқеъиятро ба домоди ноком собит мекунанд ва ӯро мутақоид месозанд, ки аз даъвои беасосаш даст бикашад." Ӯ мегӯяд, дар баъзе ҳолатҳои дигар, ҳеҷ коғазу мӯҳр ва исботи илмӣ ба мардҳо таъсир намекунад ва духтар барои як умр бадном мешавад.

Бокира будани арӯс дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон то андозае муҳим аст, ки нахустин хишти эътимоди як хонавода бар рӯи он гузошта мешавад. Ин масъала ҳатто барои ҷавонони шаҳрнишини замонавӣ низ муҳим будааст. Агарчӣ дар шаҳрҳо масъалаи бокира будан ё набудани арӯс ба худи домод вогузор мешавад, вале дар деҳкадаҳо хонаводаи домод баъди шаби издивоҷ ҳатман рахти хоби навхонадоронро аз назар мегузаронанд, то мутмаин шаванд, ки сарфу харҷи онҳо барои арӯс барҳадар нарафтааст.

Яҳёҷон Одинаев, ки дар тӯли фаъолияташ дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ шоҳиди ҳодисаҳои гӯшношунид мешавад, мегӯяд, баъзан ҷавононе низ ҳастанд, ки волидайн онҳоро ба издивоҷ маҷбур кардаанд ва онҳо барои раҳоӣ аз ҳамсари иҷборӣ, ба ӯ тӯҳмат мезананд ва ӯро “нодухтар” эълон мекунанд.

Исроил Ҷамшедов, сокини 29-солаи Душанбе се маротиба оиладор шуда ва ҳар се маврид низ наварӯсонро “нодухтар” эълон кардааст. Исроил 5 соли пеш ба зани аввалаш тӯҳмат зад, ӯро аз хона берун кард ва ҷиҳози арӯсиашро надод. Гузашта аз ин, ӯ аз хонаводаи арӯс талаб кард, ки 2000 доллари масрафи тӯйро низ барқарор кунад, вагарна бокира набудани духтарро ба ҳама мегӯяд.

Ду дафъаи дигар низ Исроил аз ин шева истифода кард ва ҷиҳози арӯсҳоро аз худ намуд: “Андешаи шантаж кардани духтарҳо аз сӯҳбат бо як дӯстам пайдо шуд. Як маротиба вай ҳамин гуна пул кор кардани як ҷавонро нақл кард. Ман ҳам гумон кардам, ин роҳи дуруст аст. Ду зани аввалам таҳсилнокарда буданд ва ман тавонистам ҳама ҷиҳози арӯсӣ ва боз 2000-долларии дигарро соҳиб шавам. Зани сеюмам, ки коллеҷи тиббиро хатм кардааст, аз таҳдидҳоям натарсид. Ба додгоҳ шикоят бурд. Экспертизаи тиббӣ-судӣ аниқ кард, ки бокира аст ва маро ба ҷавобгарӣ кашиданд. Ҳоли ҳозир 10 ҳазор доллари амрикоӣ бояд товон супорам.”

Исроил бо таассуф мегӯяд, ки аз карда пушаймон аст ва аз ҳама бештар аз он пушаймон аст, ки духтарҳоро беасос бадном кардааст. Бино бар омори расмӣ, дар соли 2014 ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ танҳо аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ барои ташхиси судӣ-тиббии бакорат 600 муроҷиат сурат гирифтааст. Даъвогарони аслӣ волидони арӯсҳоеянд, ки дар як шаб ба бадномтарин духтари кӯча табдил шуда, зиндагии онҳо аз ин ба баъд то тӯй ва баъди тӯй ҷудо мешавад. Мавридҳое низ ҳаст, ки хонаводаҳо мушкили “духтар” набудани арӯсро ба таври пинҳонӣ ва бо роҳи ҷуброн кардани хисороти хонаводаи домод ҳал мекунанд.

Ин далел, ки бакорати арӯс аз омилҳои муҳими ояндаи як хонавода дар Тоҷикистон ҳисоб мешавад, баъзе аз духтаронро, ки воқеан ҳам то издивоҷ бо марди дигар робита доштанд, маҷбур мекунад, ки амалиёти пластикӣ бигиранд ва “шарафу номус”-и худро дар шаби аввали издивоҷ ҳифз кунанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)