Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 17 июн 2019, 21:51

Раиси ҲНИТ дар бораи занони "исёнгар" ва мусибат будани рақиби номард

3 феврал 2015, 17:56

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба занони “исёнгар”, ки талоши ворид шудан ба ҷаласаи ин ҳизбро доштанд, посух гуфта, онро кори рақибони “хору залил”-и ҳизбаш донистааст.

Раиси ҲНИТ дар ҳошияи ҷаласаи васеи ин ҳизб аз рақибонаш даваът карда, то дар муборизаҳои сиёсӣ аз занон сӯистифода накунанд. “Вақте мо ҳамчун як ҳизби қонунӣ дар вақти интихобот ҷаласаи ҳизбӣ дорем, як гуруҳ хоҳарони мову шуморо, ки фирефта кардаанд ва бечораҳо ба як васила табдил шудаанд, назди дафтари ҳизби мо меоянд ва мехоҳанд ҷаласаи моро халалдор бисозанд. Ҳамон сенарияе, ки дар дигар ҷойҳо анҷом доданд, мехоҳанд онро такрор кунанд. Набояд корро ба ин ҳад бирасонанд, ки ин модарони бечораро ба паси дарҳо биоранд. Ин бисёр рақобати хориву залилист”,- гуфтааст Кабирӣ.

Ба қавли раиси ҲНИТ, ин бори аввал нест, ки ин гуна занҳо ба мақарри ҷаласаҳои ҳизби ӯ “таҳрик” дода мешаванд: “Дар ноҳияи Румӣ низ як гуруҳ хоҳарон ҷамъ шуда буданд ва аз масъули ҳукумат пурсидам, ки инҳо чи ҳарф доранд, охир ба мо халал расонида истодаанд. Ӯ гуфт, инҳо ҳамчун шаҳванд ҳақ доранд, талаб кунанд ва демократия ҳамин аст. Ман гуфтам, чи хел ин хоҳари азиз аз симояш маълум, ки одами бисёр донишманд ё корманду мансабдор нест, балки зани оддии тоҷик аст. Ӯ шаш моҳ шуд, барқ надорад, на маоши хуб дорад ва ҳатман фарзандонаш дар ҳиҷрат ҳастанду мушкилоти зиёди иқтисодӣ дорад. Чаро пеши идораи худат намераваду даъво кунад, балки пеши ман омадаасту мехоҳад дар бораи будан ё набудани ҳизби исломӣ дар Конститутсия бо ман баҳс кунад? Ин бечорае, ки бояд ҳоло мушкилии барқу нафақаашро ҳал кунад, чӣ гуна пеши ман меомадааст? Ин хоҳарони бечора болои ин ки ҳама мушкилӣ дар зиндагӣ доранд, боз онҳоро ба василаи рақобатҳои носолим табдил мекунанд. Мутаассифона, инро василаҳои нарми муборизаи сиёсӣ бо рақибон аз тарафи ҳукумат ном гузоштанд. Бисёр номҳои зебо!”

Раиси ҲНИТ дар идома чунин шакли рақобатро амали рақибони номард дониста, доштани ин гуна рақибро барои инсон мусибати вазнин хондааст: “Як бузургворе дуо кардааст: “Эй Парвардигоро! Аввал ин ки ба ман рақибу душман мадеҳ, вале агар додӣ, рақиби ҷавонмард бидеҳ, зеро рақиби номард сазовори ман нест ва намехоҳам”. Ин бадтарин мусибати инсон аст, ки рақиби номард дошта бошад. Вале, вақте дар майдон муборизаи ошкорро мебозанд ва ба ҳамин гуна корҳое даст мезананд, ки воқеан боиси хиҷолат аст. Хиҷолат на танҳо барои як ҳизбу ҳаракат, балки барои хиҷолат барои миллат аст”.

Муҳиддин Кабирӣ болотар донистани худ аз дигарон ва нозидан бо номи дину дунявиятро иштибоҳи сахт хонда гуфтааст, ҲНИТ як нерӯи сиёсӣ асту ҳар кӣ дар интихобот номи Ҳизби наҳзати исломиро хат мезанад, аз Ислом берун нахоҳад шуд: “Мо ҳама ҳизби сиёсӣ ҳастем ва тибқи Конститутсияи ҷумҳурӣ амал карда истодаему ҳаққи баробар дорем. Бояд донем, касе зидди мо овоз медиҳад, аз Ислом берун намешавад, ҳамчунин касе зидди ҲХДТ овоз медиҳад, аз шаҳрвандӣ маҳрум намешавад“.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сир

  • 3 феврал 2015 18:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин!!! Бехтарин суханхо!!! Худованд ба ин марди далер хушбахтихоро таманно кунад!!!!
Посух додан
  • Мухочир

  • 3 феврал 2015 18:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Касоне, ки аз зан модар барои максадхои нопокашон истифода мекунанд, рузе модаронашон ва ё духтаронашон истифода мешавад! Зеро паёмбари худо (с) фармудаанд, хар чизе, ки карди хамонро мебини (мечаши)
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисёр оли.Суханхои бехтарин.Худо рози бошад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Мухудин Кабири ХУДОВАНД КУВАИ ЧАСУРИРО НАСБАТ ГАРДОНА БАХАМАИ КУВАТУТ ХАРАКАТ КУН ТОКИ БУФАХМАН ИСЛОМИ АЗИЗ БАРОИ ТАМОМИ ОДАМИ РУИ ЗАМИН ФОИДА ОВАР АСТ НА ЗАЛАЛ ОВАР ХУДОВАНД КУВАТОН ДИХАД ДАРИН ВИБУР ХНИТ ШУМО НАМУНАИ ИСЛОМИ АЗИЗЕН ЧАСОРАТОНА НИШОН ДИХЕД
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
оли хеле оли
Посух додан
  • Исфара

  • 4 феврал 2015 09:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби кабири ракибонатон бояд ифтихор кунанд, ки мисли шумо ракиб доранд дар хакикат шумо олиед!
Посух додан
  • Муслим Кулоб

  • 4 феврал 2015 11:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
786
Салом бар Кабири ва миллати кабири точик.
Кабири дар амони Аллох боши, нуткат бурро ва душманат кару куру шикаст хурдааст, бо кумаки Аллох. Мо дуогуем ва дартхизматем. Бо нусрати Илохи пирузи иншоАллох.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЗАНОНРО ЧИ ЛОЗИМ БУД КИ ЧУНИН КИЛИКХОИ АХМАКОНА БИКУНАНД, ИН АЙБ АСТ НИСБАТИ ШАРАФИ ЗАН, АГАР ИН ЗАНОНИ ИСЕНГАР БОАКЛ МЕШУДАНД БА ГИРДУ АТРОФ НАЗАР КАРДА ФАРЗАНДОНАШОНРО ВА ЧАВОНОНРО НАСИХАТИ ДУРУСТ БИДИХАНД, КИ КАЛОНСОЛОНРО ХУРМАТ КАРДАН ВА Е АЗ ФОСИКИЮ ХАРОМХУРИ ПАРХЕЗ НАМУДАН ВА КИТОБХОИ АДАБИРО ХОНДАН СУХАНХОИ КАБЕХ НАГУФТАН ВА ДИГАР КОРХОИ ХУБИ ИНСОНИ КАРДАН. БА ХИЗБИ КАБИРИ МУВАФФАКИЯТХО ХОХОНАМ.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!