Бахшҳо

Даъвои устоди Президент ва 10 наҳзатии дигар ба додгоҳи Данғара

Хол Камолов, устоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии кишвар, ки ба далели “ҳусни хати зебо надоштан” номзадияшро ба қайд нагирифтанд, ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аризаи шикоятии Холов имрӯз, 4 феврал ба додгоҳи ноҳияи Данағара ирсол шудааст. Ба гуфтаи Файзраҳмонов, дар баробари устоди президенти кишвар, 10 нафар аз номзадони ҲНИТ дар Данғара низ, ки ба хотири нагузаштан аз имтиҳони забони давлатӣ сабти ном нашуданд, ба додгоҳ шикоят бурдаанд.

Хол Камолов, сокини 82-солаи ноҳияи Данғара мебошад, ки дар гузашта ба ҳайси омӯзгори фанни математика кор кардааст ва ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар мактаби миёна дарс гуфтааст. Қаблан ҲНИТ аз сабти ном нашудани 10 вакили худ дар Данғара бо шумули Камолов хабар дода, гуфт, комиссияи имтиҳонотӣ ӯро барои он ноком эълон кардааст, ки ҳусни хаташ гӯиё бад будааст.

Сухангӯи ҲНИТ афзуд, имрӯз инчунин ду номаи шикоятӣ унвони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳам ирсол карда, аз монеагузорӣ ва фишор болои вакилони худ аз сӯи мақомот хабар додаанд. Аз КМИР талаб шудааст, “дар асоси қонун амал кардани масъулини ҳавзаҳои интихоботиро таъмин” намояд.

Файзраҳмонов мегӯяд, номаҳои шикоятии ҲНИТ, яке аз Ашт дар масъалаи фишор болои фаъолони ҳизбӣ ва дигаре аз Ваҳдат оид ба тарзи имтиҳони номзадҳои маҳаллӣ ва ноком кардани бархе аз онҳо мебошад: “Номзадҳои наҳзатиро суолҳое, мисли "боби якуми қонун дар бораи забони давлатӣ чист?”, “Шумо барои чӣ узви ҲНИТ шудед?”, “Барои чӣ депутат мешавед ва маълумоти олӣ надоред?” ва ба ин монанд додаанд”.
Мӯҳр
karim
Ба шумо пешниҳод мекунам, рафта аз "устод", "профессор", "номзади илм" "раиси донишгоҳи миллӣ" ва.... иншо гиред. Ҳусни хатти ин одамро дида, фикр кардам, ки эҳтимолан эшон духтур бошанд. Баъдар фаҳмидам, ки номзади илмҳои филологӣ будааст......

Хамин бобо медонад, ки хизб чист? Ба хамномам гуфтаниям, ки пушти домони зану дар сояи риши чунин бобохо игвоангези намудан, миллатро боз ба варта мекашад. Агар вокеан устод Нуриро эхтиром мекарди яке аз чигарбандонашро дар руйхати хизби дар чои аввал мегузошти. ана баъд ман узви ин хизб мешудам....

Мазори
Эй мардум, чи ин адар сару садо дред. Монед устоди ЧО депутат шавад. аз шумо чи меравад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)