Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 20 июн 2019, 22:33

Эмомалӣ Раҳмон рамзи расмии “Наврӯз”-ро тасдиқ кард (АКС)

4 феврал 2015, 17:38

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4-уми феврал ангораи ҷашни Наврӯзиро тасдиқ кардааст, ки минбаъд ҳамчун рамзи ин ҷашн кор бурда мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ангораи наврӯзӣ дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо ва ба сифати нишонҳои сарисинагӣ истифода гардад: “Ангора бо фарогирии партавфишонии Парчами кишвар, нурафшонии офтоб, сабза ва шукуфаҳои дарахтон, тоҷ ва бо дарбаргирии шакли курраи замин бо истифодаи ранги сабз ва майсаҳои навхез, ки оғози бедоршавии фасли баҳору гармии рӯзгор аст, таҷассум гардидааст.”

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми форсу тоҷик буда, ахиран аз ҷониби Созмони милали муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Феълан "Наврӯз" дар аксари кишварҳои мусалмоннишин ба таври густурда таҷлил мегардад.


Эмомалӣ Раҳмон рамзи расмии “Наврӯз”-ро тасдиқ кард (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон рамзи расмии “Наврӯз”-ро тасдиқ кард (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Наврузбек

  • 4 феврал 2015 18:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хуш омади, Наврузи Хучастапайи 2015!
Посух додан
  • Навруз

  • 5 феврал 2015 00:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ин рамз агар нишоне аз рузгорони кухан чой меефт,нуран алонур мешуд,чун <Навруз> мероси ниегон аст ба маврид буд асаре аз он рузгор инчо накш меефт.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо дуруд аз Эрон ба халқи Тоҷикистон.
Посух додан
  • Каёни

  • 5 феврал 2015 21:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ягона ёдгоре ки зури араб нарасида ва нахохад расид барои аз байн бурданаш дар партави хамин ва рушноии ин сури сутург дигар чашнхову сурхои мо мусулмонон хам зебову ботароват шудааст, зихи Наврузи мо мардумони ориёи!! Зихи давлати Сомонии бузург ки пас аз сесад соли хомуши ин иди бузургро аз нав зиндааш кард!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!