Дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Анҷумани 9-уми ин ташкилоти сиёсӣ ба кори худ идома дод.
Қарор аст, имрӯз раёсати нав, ки рӯзи гузашта интихоб гардид, номаздҳо ба симмати раиси ҳизбро пешбарӣ намояд. Аз миёни номзадҳо вакилон раисро интихоб хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, Анҷумани 9-уми ҲНИТ баъди зӯҳри 23 сентябр ба кори худ оғоз бахшид ва аз 250 вакил 220 нафари он ширкат дошт. Дар рӯзи аввали Анҷуман ҳисоботи 4 солаи раиси ҲНИТ шунида шуд.{jathumbnail off}
Мӯҳр