Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Сармураббии Олӣ эълон шуд

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон муроҷиати варзишгарони тоҷикро нашр кард, ки дар он ба раисиҷумҳур -- Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили “Ҷоизаи Президенти ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” миннатдорӣ баён шудааст.

Дар номаи варзишгарон, ки имрӯз, 6 феврал Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дастраси “Озодагон” намуд, гуфта шудааст, “мо, варзишгарони кишвар ба тасвиб расидани фармони Шуморо “Дар бораи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” шунида, ниҳоят шод гардидем ва ин хушхабар варзишгарон ва ҷавононро беҳад рӯҳбаланд намуд”.

Дар ин нома дар қатори кумита, инчунин изҳри сипосу минатдории Кумитаи миллии олимпӣ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияҳои варзишии Тоҷикистон низ аз ба тасвиб расидани фармони президент дар бораи ҷоизаи мазкур зикр шудааст.

“Таъсиси Ҷоизаи нав, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, бори дигар аз олиҳимматӣ ва ғамхории падаронаатон оид ба варзишгарон ва соҳаи варзиш дарак медиҳад. Ин иқдом масъулияти моро дучанд афзун намуда, моро водор месозад, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистони азизамонро боз ҳам баландтар бардорем”, - омадааст дар ин муроҷиатнома.

Дар идома таъкид шудааст, “мо, варзишгарони тоҷик ва наврасону ҷавонон зери сиёсати хирадмандонаи роҳбари муаззами худ марзу буми Ватани маҳбубамонро муқаддас мешуморем ва онро сидқан дӯст медорем, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, ҳамчун ҳомии варзиш ва ташаббускори тарзи ҳаёти солим шуморо Сармураббии Олии худ эълон медорем”.

Дар муроҷиатномаи мазур қайд гардидааст, мулоқоти раисиҷумҳури кишвар бо варзишгарон, ки 20 декабри соли 2010 баргузор гардид, ба рушди соҳаи варзиш такони ҷиддӣ бахшида, баъди ин вохӯрӣ ҳазорҳо иншоот дар соҳаи варзиш бунёд гардид.
Мӯҳр
Ба хамааш арзанда хаст Раиси Чумхурии мо обод боши Сарвари давлати мо.

МУХЛИС
ИН НИШОНИ ЭХТИРОМ ВА СИПОС БА ЯК ШАХСИ ДАР АСЛ АРЗАНДА АСТ. ВАРЗИШГАРОН ВАЗИФАДОРАНД КИ БО НАТИЧАХОИ ВАРЗИШИАШОН БА МЕХРУБОНИХОИ РОХБАР ЧАВОБ ГУЯНД. ХУДОЧОН ВАРЗИШГАРОНИ КИШВАРАМОНРО ИКБОЛИ ВАРЗИШИ ДИХАДУ КАХРАМОНИХОИ РАСУЛУ МАВЗУНА ВА АЗ ОНХО ЗИНАХОИ БАЛАНДТАРРО ФАТХ НАМОЯНД.ТОЧИКИСТОНРО НА БО ШАЙХ ТЕМУРУ АБУ КИМ КИХО БАЛКИ БО ФАРЗАНДОНИ БАОРУ НОМУС ВА БОИСТЕЪДОДАШ МЕШИНОСАНД. ВАТАН МОДАРИ ЯГОНА ТОЧИКИСТОНРО ЭХТИЕТ КУНЕМ, КИ ВАТАН НОМУС АСТ. КАСЕ НОМУСРО ХОР КАРД ДАЮС МЕГАРДАД.

Муҳоҷирон
мо хам як гурух ҷавонони мухоҷири хориҷ аз ватан ки ватна ва марзу буми онро мукаддас мешуморем ва сарвари азизу махбуб ва сохиби хиради азалиямонро дуст медорем ва сидқан ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи сарварамон ҳастем ва ҳамчун дастгири муҳоҷирони тоҷик, пуштибони муҳоҷирони тоҷик, ғамхори абадии муҳоҷири тоҷик ва дустдори муҳоҷири тоҷик Шуморо Сарвари Муҳоҷирпарвари худ эълом медорем. Ҷоиза ба ҳамаи муҳоҷирон муборак!

Хамаш нагзу --як корхона дорам -бовар кунед раиси Чумхур аз проверкахои бечои макомоти давлати безор шудаам... Мехохам рости гап фирор кунам аз ин ватане ки хафадавакат мекунад ..мехохи як зиндагита пеш бари --намешавад ..мехохи шукр куни ягон сухани бечоназани немешавад ... МАЧБУРЕМ ..... БИРАВЕМ аз ин ВАТАН,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)