Бахшҳо

Интиқоди Прокурори Бадахшон аз заминфурӯшиҳои мансабдорон

Муҳаммадхоҷа Арбобов, додситони вилояти Бадахшон аз заминфурӯшии ғайриқонунӣ дар вилоят интиқод намуда, мансабдоронро аз дастандаркорони чунин ҷиноятҳо хондааст.

Арбобов зимни нишасти матбуотии солона изҳор доштааст, дар робита ба ғайриқонунӣ азхуд кардани заминҳо барои бунёди манзил, аз ҷониби макомоти прокуратураи Бадахшон, то ба ҳол 26 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ гардиданд: “Аз ҷумла нисбати 32 қарори раҳбарони шаҳру навоҳии вилоят эътироз оварда шуда, нисбати се мансабдор бо моддаи 247 қисми 2 ва 3, яъне бо роҳи қаллобӣ фурӯхтани замин, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.”

Тавре сомонаи маҳаллии “Импулс” аз қавли Арбобов менависад, таҳлилҳои прокурорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар вилоят баъзан афроде соҳиби замин мешаванд, ки ба он комилан эҳтиёҷ надоранд: “Баъди гирифтани замин онро ба дигарон бо нархи зиёда аз 7 ҳазор доллари амрикоӣ мефурӯшанду аз он маблағи муфтро ба даст меоранд. Яъне чунин афрод бо қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии вилоят, кумитаҳои заминсозӣ ва дигар мақомот ҳангоми ҷудокунии замин ҳилакорӣ мекунанд.”

Додситони Бадахшон инчунин аз Комиссияҳои ҷамъиятии назди мақомот интиқод намуд, ки чунин ҳолатҳоро нодида мегиранд. Ӯ даъват намудааст, ки мубориза бо қонуншиканиҳо дар ин соҳа пурзӯр карда шавад.
Мӯҳр
Чабрдида
Офарин прокурор!кошки прокурори н.Мастчох хам ба казияи заминфурушон дахолат кунад.Бовар кунед руйхати замингирифтахоро дида дар хайрат мемонед,баръакс онхое,ки заминхои каблан гирифтаашонро фурухтаанд ва онхое,ки умуман ба замин эхтиеч надоранд ба чои эхтиечмандон замин гирифтаанд.Хохиши мо аз раис ва прокурори нохия ин аст,ки ба ин масъала чидди дахолат намоянд то омузгорон,духтурон ва коргарони чавони умури дохила бе замини наздихавлиги намонанд!

Бадахшон ва умуман ягон вилоят ё шахру нохия дар масъалаи заминфуруши баробари нохияи Хисор буда наметавонад, вале прокурори нохия ин хамаро дида аз чи сабаб бошад ки хомуш аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)