Вазири умури дохилӣ: Шахсан зид нестам, ки ашхоси таҷовузгар паронда шаванд
Мелис Турганбоев, вазири умури дохилии Қирғизистон аз маҳкум ба қатл шудани афроди таҷовузгар ба номуси кӯдакон ҷонибдорӣ кард.
Ӯ зимни ҷаласаи парлумонии кишвараш гуфтааст, “шахсан зид нестам, ки ашхоси таҷовузгар ба номуси кӯдакон паронда шаванд”.Турганбаев ин нуктаро дар посух ба суоли ин ки “дар мавриди эҳёи ҳукми қатл нисбат ба таҷовузгарон дар Қирғизистон, Вазорати умури дохилии кишвар чӣ назар дорад?” баён доштааст.
Ахиран, дар пайи таҷовузи як духтари 8-сола дар шимоли Қирғизистон, бисёриҳо хостори эҳёи ҳукми қатл барои чунин ҷиноятҳо шуданд. Ҳатто ҳомиёни ҳуқуқи кӯдакон дар Қирғизистон низ аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |