Баъди дигарбора ба симмати раҳбари ҲНИТ интихоб шуданаш Кабирӣ суханронӣ намуда аз ҳамаи ҳозирин изҳори сипос намуд. Номбурда баргузида шудани номзадияшро на интихобот, балки таъиншуда унвон кард. Кабирӣ гуфт, барои хидмат ба ин миллат, ки воқеан сазовори хидматанд ба тамом талош хоҳад кард. Раиси тозаинтихоби ҲНИТ ҳамчунин ба сохтмони НБО Роғун ишора кард ва афзуд, аз ҳисоби маблағҳои дохили буҷавии ҳизб ба миқдори бештар аз 100 ҳазор сомонӣ саҳмия харидаанд. Ба қавли Кабирӣ ин бештар аз маблағҳоест, ки ташкилоту ҳизбҳои дигари сиёсӣ саҳмия харидаанд. Дар идомаи суханронӣ раҳбари ҲНИТ гуфт, ки ҳар куҷо ҳастанд, ҳамеша бо мардуми Фаластин, Ироқ ва Афғонистон ҳамдарданд. Зимнан, Муҳиддин Кабирӣ аз Бурҳониддин Раббонӣ ба сифати падари муҳоҷирони тоҷик ёд оварда гуфт, ҷои ӯ дар Анҷумани ҳизб холист. Ба гуфтаи вай тибқи як тавофуқ, ки дар Эрон ҳосил шуда буд, Раббонӣ мебоист аз Теҳрон ба Дубай сафар мекард ва аз онҷо ба Душанбе омада иштирокчии фахрии Анҷуман мешуд. Аммо таври маълум устод аз Теҳрон ба Кобул баргашт ва ба шаҳодат расид. Кабирӣ гуфт бояд ин масъала, ки устодро чӣ маҷбур кард сафарашро ба Дубай лағв карда Кобул биёяд мавриди баррасӣ қарор бигирад.
Ислоҳ, тағир ва пешрафт шиори ҳизб боқӣ мемонад, илова намуд Кабирӣ. Ӯ ҳамчунин аз ҲНИТ ба унвони ҳизби оппозитсионӣ ном бурд ва афзуд, ки зимни барномаҳое, ки аз аҳдофи миллӣ пуштибонӣ мекунад паҳлӯи ҳукумат хоҳад буд, аммо дар ин баробар аз гуфтани мушкилиҳо худдорӣ нахоҳад кард.
Гуфтанист, ин 9-умин Анҷумани ҲНИТ аст ва дар кори он меҳмонон аз хориҷи кишвар аз қабили Эрон, Малайзия, Афғонистон ва Русия низ ширкат доштанд. Анҷумани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Март 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |