Бахшҳо

Ҳушдори раиси аграриҳо аз ғизоҳои "сиёсӣ" дар арафаи интихобот

Ба қавли раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон ояндаи наздик истеҳсол ва тиҷорати маводи озуқаворӣ ба як аслиҳаи пурқудрати муносибатҳои байналмилалӣ табдил хоҳад шуд. Ин нуктаро Рустам Латифзода дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон изҳор доштааст.

Ӯ зимни мулоқоти аҳзоби сиёсӣ бо интихобкунандаҳо дар маркази вилояти Хатлон гуфтааст, “дар ояндаи наздик истеҳсол ва тиҷорати маводи озуқаворӣ ба як аслиҳаи пурқудрати муносибатҳои байналмилалӣ ва воситаи муассири фишорҳои сиёсии байни давлатҳо табдил меёбад”. Раҳбари аграриҳо аз муносибатҳои Иттиҳоди Аврупову Амрико бо Русия мисол зада изҳор доштааст, “таъсири номатлуби ин муносибатҳоро ба иқтисодиёти кишварамон дида истодаем”.

Дафтари матбуотии ҲАТ мегӯяд, дар ин мулоқот Латифзода таъкид кардааст, вобаста ба муҳим будани соҳаи аграри дар Тоҷикистон бояд дастгирии бахши кишоварзӣ ва рушди деҳоти кишвар самти асосии сиёсати давлатӣ дониста шавад: “Таносуби маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳамавақт назаррас буд ва солҳои охир он мутаассил 21-23%-ро ташкил медиҳад ва аз дигар бахшҳои иқтисодиёт – энергетика, саноат, сохтмон, нақлиёт, хизматрасонӣ баланд аст”.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки ба иддаои масъулинаш 47 ҳазор аъзо дорад, мегӯяд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ то имрӯз 33 намояндаашро ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва 958 нафарро ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сабти ном кардааст.
Мӯҳр
Субхон
Бале Шумо рост мегуед Устод Рустам Латифзода. Лекин дехконон ба техникахои замонавй таъмин нестанд. Бояд онхоро дастгирй кард. Дастархони хар яки мо аз захмати дехконон вобастааст. Дастгирии дехконон ин дастгирии тамоми мардуми Чумхурй мебошад.

Хамин хизби аграриаш хам ба маълумотхои омории хавоиашон, калаи мардумро гаранг карда гаштианд. Хои бародар кадом 21-23% мегуед, охир 60-70% ин маълумотхо аз хисоби заминхои наздихавлигихо мебошад, ки хосили хамон хам дуруг мебошад. Соли гузашта маълумотхоеро хонда будам, ки хосили пахтаи истехсол шуда ва заминхои картошка кишт шуда аз 30 то 50% дуруг буда , маълумотхо то хукумати маркази рафта расидааст. Мегуем, ки замин нав сохиби худро ёфтааст, ки ин гуфтахо 70-80%-аш ба хакикати кор дар амал нодуруст мебошад, чунки холати заминхоро дида аз он бахогузори мекунанд.

Одил
патриот,
Калаи ту гаранг бошад айби Хизби Аграрй чи? Патриот нею номатро Портре́т мон.

патриот,
Калаи ту гаранг бошад айби Хизби Аграрй чи? Патриот нею номатро Портре́т мон.

патриот,
Калаи ту гаранг бошад айби Хизби Аграрй чи? Патриот нею номатро Портре́т мон.

Ман бовари дорам хамин бисёрихои ин хизбаш хам тухмии юнучкаро аз шалгам фарк намекунанд хол он, ки бо ин ракамхои хавоиашон калаи одилро гаранг накардаанд.

Одил
беном,
Барои он ки Одил ба мисли ту гаранг нест дусти азиз! Ту аввал номатро навис. Санги сари рох, ки мо онро бо лагат зада аз болояш мегузарем ба худ ном дорад. Аввал гиребони худ бибуй, Баъд айби дигарон бичуй. Аз шарҳи навистаат маълум аст ки ту чи кадар фахмиш дорй.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)