Бахшҳо
10 фев 2015 11:39Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Кӣ чанд андоз месупорад? Аз раиси ҳоҷҷатхона, то музадӯзу раққоса

Кумитаи андози Тоҷикистон бо пахши як иттилоия ҳаҷми маблағи патентро, ки дар як моҳ аз кормандони соҳаҳои гуногун ситонда мешавад, эълон кардааст:

1 Фурӯши яхмос, маҳсулоти қаннодӣ, асал, ҳама гуна шириниҳо, самбӯса, биринҷ ва меваи хушк -- 150 сомонӣ;
2. Фурӯши мева, аз ҷумла ситрусӣ, инчунин тарбуз, харбуза ва каду -- 117 сомонӣ;
3. Фурӯши сабзавоти тару тоза, туршонидашуда, маҳсулоти ширӣ, тухм, гиёҳҳои худрӯи шифобахш, донаи офтобпараст ва зира -- 84 сомонӣ;
4. Фурӯши нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, квас, оби газнок, дӯғоб, чой ва ғулингоб -- 100 сомонӣ;
5. Фурӯши нос -- 267 сомонӣ;
6. Фурӯши ғайристатсионарии нон, кулча ва маҳсулоти нонӣ, фурӯши патароқи ҷуворимакка ва биринҷ -- 67 сомонӣ;
7. Фурӯши равған, моҳӣ (дар ҳама намуд), парранда ва ҳайвоноти хонагӣ, хӯрока ва қафасҳо барои онҳо, лавозимоти моҳигирӣ -- 100 сомонӣ;
8. Фурӯши қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти барқӣ дар растаҳо -- 222 сомонӣ;
9. Фурӯши ғайристатсионарии молҳои омехтаи ниёзи мардум ва маҳсулоти хӯрока дар растаҳо, аз ҷумла: - дар растаи то 1м -- 67 сомонӣ, - дар растаи зиёда аз 1м то 2м - 133 сомонӣ, - дар растаи зиёда аз 2м то 3м - 200 сомонӣ, - дар растаи зиёда аз 3м то 4 м - 234 сомонӣ, - дар растаи зиёда аз 4м, вале на зиёда аз 20м барои ҳар 1м зиёдатӣ - 33 сомонӣ;
10. Фурӯши молҳои омехта дар нуқтаҳо ва биноҳои алоҳидаи статсионарии то 8м2: - шаҳри Душанбе -334 сомонӣ, - шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯргонтеппа ва Кӯлоб - 267 сомонӣ, - марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо - 168 сомонӣ, - берун аз марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо - 133 сомонӣ;
11. Фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, маҳсулоти бофташуда (пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ, абрешимӣ), гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сандуқсозӣ, гаҳворасозӣ, зарфҳои чӯбини миллӣ ва маҳсулоти ба онҳо монанд, маҳсулоти кулолӣ, танӯрсозӣ, асбобҳои мусиқӣ, сарпӯш ва маҳсулоти мӯина - 100 сомонӣ;
12. Фурӯши маҳсулоти канселярӣ ва бозичаҳои кӯдакона, фурӯши рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, тақвимҳо ва китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда -- 100 сомонӣ;
13. Фурӯши махсулоти кишоварзӣ: - дар растаи то 2м - 100 сомонӣ, - дар растаи аз 2м то 4м - 133 сомонӣ;
14. Фурӯши ангишт ва ҳезум (ғайристатсионарӣ) - 100 сомонӣ;
15. Омода кардан ва (ё) фурӯши таомҳо бе ҷои нишаст ва берун аз биноҳои статсионарӣ - 67 сомонӣ;
16. Фурӯши гулҳои тару тоза -- 267 сомонӣ;
17. Фурӯши маҳсулот аз пластмасса, гулҳои сунъӣ, маҳсулот аз полиэтилен ва коғаз -- 84 сомонӣ;
18. Кашонидани мусофирон ба воситаи нақлиёти автомобилии сабукрав -- 100 сомонӣ;
19. Кашонидани мусофирон ба воситаи микроавтобусҳо -- 168 сомонӣ;
20. Кашонидани мусофирон ба воситаи автобусҳо -- 133 сомонӣ;
21. Кашонидани борҳои гуногун ба воситаи нақлиёти автомобилии борбардориаш то 3 тонна ва эвакуаторҳо -- 133 сомонӣ;
22. Кашонидани борҳои гуногун ба воситаи нақлиёти автомобилии борбардориаш аз 3 то 5 тонна -- 168 сомонӣ;
23. Кашонидани борҳои гуногун ба воситаи нақлиёти автомобилии борбардориаш аз 5 то 20 тонна - 267 сомонӣ;
24. Кашонидани борҳои гуногун ба воситаи нақлиёти автомобилии борбардориаш зиёда аз 20 тонна - 669 сомонӣ;
25. Кашонидани маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, семент ва бетон ба воситаи нақлиёти махсусгардонидашуда -- 334 сомонӣ;
26. Кашонидани борҳо бо трактор -- 67 сомонӣ;
27. Кашонидани борҳо ба воситаи мотороллерҳо -- 40 сомонӣ;
28. Шудгор ва коркарди замин бо техникаи кишоварзӣ -- 168 сомонӣ;
29. Кӯфтан ва ҷамъоварии зироатҳои ғалладона бо техникаи кишоварзӣ ва хизматрасониҳои осиёбӣ -- 100 сомонӣ;
30. Сурудхонӣ дар ҷашну маъракаҳо -- 601 сомонӣ;
31. Ба иҷора додани либоси тӯёна (ба истиснои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб) -- 490 сомонӣ;
32. Навозандагӣ, рақкосӣ ва барандагӣ дар ҷашну маъракаҳо –- 133 сомонӣ;
33. Истифодаи таҷҳизоти радио, телевизион ва таҷҳизоти дигар барои ороишоти макони баргузории ҷашну маъракаҳо -- 200 сомонӣ;
34. Банаворгирии ҷашну маъракаҳо ва истифодаи нақлиёти махсуси автомобилӣ дар базмҳои арӯсӣ -- 100 сомонӣ;
35. Хизматрасониҳои сантехникӣ, электрикӣ, суратгирии берун аз бино, фаъолияти дӯзандагӣ, косметикӣ, сартарошӣ, хизматрасониҳои таълимӣ - репетиторӣ. Барқдиҳии аккумуляторҳо, дӯхтани ҷилдҳо барои воситаҳои нақлиёт -- 133 сомонӣ;
36. Таъмир, вулканизатсия ва шустушӯи воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои махсусгардонидашуда, нусхагирӣ, таъмири асбобҳои мусиқӣ, корҳои оҳангарии асбобҳои рӯзғор (ба истиснои истеҳсоли дарвоза, тиреза ва панҷара) - 267 сомонӣ;
37. Чаронидани чорво - 50 сомонӣ;
38. Таъмир ва тоза намудани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, хизмати миёнаравӣ дар бозор (даллолӣ), бахия кардани маҳсулоти қолинӣ, хизматрасонии тарозу, тез кардани корду асбобҳо, телефони кӯчагӣ, тайёр намудани калидҳо - 68 сомонӣ;
39. Хизматрасонӣ оид ба иҷрои корҳо дар хонаҳо. Нигоҳубини пиронсолон, беморон ва кӯдакон - 50 сомонӣ;
40. Муқовакунии ҳуҷҷатҳо - 68 сомонӣ;
41. Хизматрасонии боркашонҳо дар фурудгоҳи ҳавоӣ, истгоҳи роҳи оҳан ва терминал - 54 сомонӣ;
42. Ҳоҷатхонаи ҷамъиятии музднок - 201 сомонӣ;
43. Хизматрасонӣ оид ба мубодилаи асъор дар нуқтаҳои махсусгардонидашудаи статсионарӣ - 502 сомонӣ;
44. Хизматрасонии экскаватор ва кранҳои борбардор - 334 сомонӣ;
45. Таъмири маҳсулоти ҷавоҳирот - 201 сомонӣ;
46. Корҳои ҳаккокӣ, кандакорӣ, таъмири соат, телефон, зарф ва техникаи маишӣ - 100 сомонӣ;
47. Корҳои сохтмонию таъмирӣ дар объектҳои шахсони воқеӣ - 133 сомонӣ;
48. Фаъолияти байторӣ - 133 сомонӣ;
49. Омӯзиши ҳунарҳои миллӣ (дӯзандагӣ, бофандагӣ, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ, наққошӣ - 100 сомонӣ;

Кумитаи андози Тоҷикистон эзоҳ додааст, ки ба намудҳои фаъолияти соҳибкорие, ки дар ин номгӯй дарҷ нагардидааанд, шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ дода мешавад, ба истиснои банди 10-и ин рӯйхат. Яъне, бо хоҳиши соҳибкори инфиродӣ дар нуқтаи статсионарии савдо то 20 м2 ба ивази патент шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ дода мешавад: “Дар ҳолати зиёд шудани майдони савдо аз 8 м2 то 20 м2 барои ҳар як метри квадратии зиёдатӣ андоз аз даромад 33 сомонӣ ва андози иҷтимоӣ 17 сомонӣ, ҷамъ иловатан 50 сомонӣ пардохта мешаванд.
Мӯҳр
Guftai Mardak
4. Фурӯши нос -- 267 сомонӣ 16. Фурӯши гулҳои тару тоза -- 267 сомонӣ;
Guftai mardak kadom factorora ba nazar grfta bowa I odamoi nagz ixeli gap mezanan?

Вах и пули мардум хама дар дасти Кумитаи андоз будай ку. Ика пула чикор мекарда бошанд. Бачои пешги намудани савдои кучаги инхо имконият фарохам меовардаанд тоба . Охи барои 67 сомон шида шумо саломатии чомеъара сарфи назар мекуненд ..... вой бар холи чунин...

хочатхона хам рАИС дора?
тролейбус чи?

Андоз
Ду тои дигар хам куш кунанд, барои комплектация...
Андоз аз салом кардан-10 сомони..
Андоз аз баланд хандидан, дод задан, бисёр гап задан-8-сомони
Пахххххххххххх..неки якчи бучет пур мешавад,да
Бошед..Хамин хел давом додан гиред, ягон кас дигар аз хона баромадан метарсад, ки коргарони Андоз боздошташ накунанд...Ин ба монанди ФМС Расия шудост..
Тасавур кунед, ки ба Шумо мегуянд набароед коргарони Андоз дар куча гаштестан...ХАААААААААААААААААААААААААА!
Барории кор!

Мирзо
ин дуругаст
Guftai Mardak,
Guftai Mardak,

Кадоме бо занаш бисер хоб кунад чансум андоз бояд супорад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)