Бахшҳо
10 фев 2015 17:25Тоҷикистон / Сиёсат

Раҳнамо ҳизби ҳокимро “офтоб” гуфту Кабирӣ худро “сарбоз”

Мулоқоти номзадҳо аз аҳзоби гуногун дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Шоҳмансур баъди зуҳри 9 феврал баҳси гармеро ба вуҷуд овард. Номзадҳо ва намояндаҳои аҳзоб дар ин мулоқот дар бархе ҳолатҳо воқеиятро гузошта, аз бадеият, аз ҷумла, аз санъати ташбеҳ истифода мекарданд.

Абдулло Раҳнамо, масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳур, ки Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш муаррифӣ мекард, изҳор дошт, ҲХДТ офтоб аст. Ӯ дар баромадаш мақоли “Офтоб омад далели офтоб”-ро кор бурда, аз ироаи муфассали барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ худдорӣ кард.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари коммунистони Тоҷикистон дар ин мулоқот аз ваъдаҳои “осмонӣ”-и бархе вакилон интиқод намуд, ки барои ғолиб шудан дар арафаи интихобот маошу нафақаҳои баланд ва дигар ваъдаҳои дурӯғ медиҳанд. Ӯ муътақид аст, дар Тоҷикистон бояд кор аз маҳви бесаводӣ шурӯъ шавад ва таъкид намуд, кори парлумон пешбурди сиёсати қонунгузорӣ аст, на ироаи ваъдаҳои дурӯғ.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ҳамоиши аҳзоб дар ҳавзаи Шоҳмансур ба душмантарошӣ ишора карда гуфт, ин амалҳо бояд ҳарчӣ зудтар аз байн бурда шаванд. Ӯ таъкид кард, сухану эъродҳояш набояд ба маънои танқид фаҳмида шаванд. Ба иддаои Зоиров суханҳояш танҳо ба хотири пешрафту ислоҳ ҳастанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ низ бо ишора ба сулҳу оромии кишвар таъкид сохт, ҳукумат бояд ин ҳама аҳзобро дар канораш дошта бошад ва аз пешниҳодҳои хуби онҳо истифода кунад. Ӯ афзуд, "агар ташаббусҳои ҳукумат созанда ва фарогири манофеи тамоми миллат бошанд, мо ба ҳайси сарбоз омодаем ба ҳукумат хидмат кунем". Раиси ҲНИТ ҳангоми муарифии номзадҳои ҳизбаш -- Руқия ва Муҳаммадҷони Нурӣ таъкид намуд, фарзандони марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бояд ҳамчун рамзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба парлумони Тоҷикистон роҳ ёбанд.

Мулоқоти намояндаҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо интихобкунандаҳо доранд. Интихоботи парлумонии Тоҷикистон якуми март баргузор мешавад.
Мӯҳр
халим
Чаро фарзандони Нури хамчун рамзи Сулху Вахдат ба парлумон рох меёфтаанд, хамчун номзади ХНИТ. Рамзи сулх моем, ки шикасту рехти хонахоямонро ба начом нарасонида бо шарофати шумо сиёсатмадорон ба мушкилихои ичтимои гирифторем, аммо ба хамаи ин сабру тахаммул дорем, Зео мо халкем ва рамзи сулху Вахдат моем- бо сабру токате, ки шумо мансабхохонро дорем.... ай)))

Сабр
Рохбарони хизб дар Кургонтаппа низ аз хамин сенария истифода кардан монанди баромади Кабири, Зоиров ва ваъдахои ва миннатхои хизби хоким

Хизб ки бисёр шуд кор расво мешавад,касоб бисёр шуд гов харом мемурад.Сулхро Аллох овардааст ин чанги немису точик набуд ки дигар тенч нашавад.Парвардигор медонад киро Подшох кунад бехтарин Рохбарро дорем Аллох интихобаш кардааст мо хам тарфдорашем.Аз хама боло интихоби Аллох аст,бахели накунед бахела гураш танг аст.Рахмат ба сабру токатат Рохбари давлат бо ин баъзеи инхо чихел кор мекунед ман хайронам Аллох нигохбонат.

Linguist
Ман ин нафарро хира-хира аз замони донишчу буданаш зохиран мешиносам, аммо на он кадар медонистам, ки дар тамаллук сухани хазрати Мавлоноро бо кадом гарази худгароёна ба ин лахну оханг истифода кунад. Вой сад вой, ки мардум суханбозиро аз андозу буурун буурдаву бар ивази обру шармзадаги барои хеш мехаранд. Аз он афроде ки аз даргохи адаб ба чомеа бо чунин агроз берун раванд, умеде нахохи дошт, чун эшон рисолат ва мартабати ин коргохи суханро ба бод бурдаанд, ки басо хайф бошад. Охир чаро ин нафар дарк намекунад, ки ин хамон хизби собик КПСС аст, не беш аз он.

Кулоби бача
786
Салом миллат, ман аз Абдулло Раҳнамо, масъули Маркази тадқиқоти стратегии... пурсиданиюм ин вазифаро ё масулиятро ту маъно мекарди?.
Вакте мо мегем сулх, яъне ду тараф дорад, чаро як тарафи сул кардаги доимо номаш хушному дурускор ва тарафи дигари номаш ношиносу аз ватан дур ва вазифаи имзо шудаи дар созишномаи сулх махрум кани адолат ва ростгуйи?
Хар шахрванд хакку хукуки хос дорад на як гурух ва як ду одам ва хешону табораш.

insof
barodaro islom piruz ast. bo h.n.i.t. be h.n.i.t. oyandai osiyoi miyona islom ast. INSHoAlloh.

Салом ба мардуми бохушу боварманд!
Товарищ КАбири! ИН ду бозмондагони Нуриро Шумо рамзи сулху вахдат мешуморед?!.МАрдумро содда мапиндоред.Назхатихо хечгох рамзу вахдат набуданд ва нахоханд шуд! Шумо ва хизбатон аз Дин суиистифода накунед! Каме имондору ростравон бошед.ВАссалом.

Раҳнамо ва Раҳнамоҳои бозингар имруз дар атрофи ҳизби халқи димократи ҷамъ омаданд. Барои инхел инсонҳо пyл курси аз ҳама чиз болотар меистад. Кабири бошад фарзандони раҳмати Yстод Нyриро рамзи сyлҳ хонда мехоҳад онҳо вориди порлyмон гарданд. Агар фарзандони раҳматии Yстод Нyри бо истедод бо салоҳият мухлис ва самими бошанд пешбарии онҳо дуруст аст вале агар кор баракс бошад пешбарии онҳо ҳам барои он ки падарашон раҳбати низби наҳзат бyд нодуруст аст. Раҳбарон биоед фиреби мардyмро бас кyнедy ояндаи кишвар ва миллатро дар назар бигиред.

Муҳоҷир
Кабирӣ дар барномаи пешазинтихоботиаш пеш аз ҳама бояд ҳифзи арзишҳои исломиро, аз қабили иҷозаи сатрпӯшӣ ба талабаҳову донишҷудухтарони тоҷик, ба масҷид рафтани ноболиғон ва амсоли онро ваъда диҳад, хубтар мешуд. Ба суханони ин Абдуллои Раҳнамо бошад, умуман бояд бовар накунем, зеро ӯ 20 сол пеш "роҳнамо"-и мухолифин буд ва он замон низ бо ингуна суханпардозиҳои болохонадораш аз онҳо дифоъ мекард.

хамноми ман хеле мулоим шуда, "ба Хукумат хизмат мекунем" гуфтааст. вале бо кадом руй боз шарт гузоштааст, номаълум. Хизмат вазифаи чонию имонии шумо хам хаст, мухтарам вакил. Осудагии таъминнамудаи хамин Хукумат аст, ки мардум кор мекунад ва андоз месупорад ва беш аз шаш хазор сомонияшро шумо барои "хизматхо"-ятон нуши чон мекунед....

Эй бародаро, Ман худам дар он вохури будам. Ин кадар гапи вохима. .
Хамон Рахнамо ХХДТ-ро офтоб нагуфт-ку. Нагуфт, ки ин хизб офтоб аст. Гуфт, ки муаррифии чизе, ки рушан ва аён аст, бисёр кори осон аст. Масалан, кадимиён мегуфтанд, ки барои муаррифии офтоб захмати зиёде даркор нестай, чашм бошад, худат мебиниша . Барои дидани корхое, ки ХХДТ ва Президент дар ин кишвар кардааст, мехнати зиёде лозим нест. Вай осон будани маррифии ин хизбро кайд кард.
Вале ба хар хол баромади ин чавон аз баромади хамаи он ветеранхои сиёсат ва рохбарони хизбхо - Шабдолов, Зоиров, Кабири ва гайрахооо бисёр бехтар буд. Толор бисёр оли кабул кард. Мо лаззат бурдем. Бори аввал ХХДТ дар пеши одамон чунин бо касбияти баланд ва тахлили оли муаррифи шуд
Ин мухимм аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)