Бахшҳо

ВИДЕО: Номзади ҲХДТ дар бораи як миллион муҳоҷир, номзади ҲНИТ дар бораи коҳиши андоз

Номзадҳои курсии парлумон аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур, №3 шоми сешанбеи 10 феврал дар бинои мактаби таҳсилоти умумии №35 дар рӯбарӯи интихобкунандаҳо аз барнома ва ҳадафҳояшон гуфтанд.

Баҳром Абдуалимов аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ишора карда, гуфт, зиёда аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон берун аз марзи Тоҷикистон кору фаъолият дорад. Ба гуфтаи ӯ бештари аҳолии Тоҷикистон, бахусус мардуми деҳот аз пули муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд: “Бо фароҳам кардани ҷойи кор ин мардуми қобили меҳнат бояд дар Ватан кор кунанд”.

Сафаргул Давлиёрова номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз зарурати роҳандозии адолати иҷтимоӣ гуфт. Ба қавли ӯ бояд ҷомеаи адолати иҷтимоӣ пойдор ва он ҷавобгӯи тамоми хостаҳои меҳнаткашон бошаду ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намояд.

Абубакр Комилов аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии кишвар таъкид намуд, таваҷуҳи бештар набояд ба соҳаи аграрӣ, балки ба саноат дода шавад, зеро ба иддаои ӯ, “ҳамаи дигар соҳаҳо вобастаи бахши саноатанд”.

Мунира Расулова, номзади ҲСТ бошад, гуфт, таъмини доимии маблағгузорӣ ба соҳаи илму фарҳанг бояд ба таври доимӣ маблағгузорӣ шаванд: “Оид ба инкишофи туризм барномаи миллӣ тадбиқ шуда, сохторҳои илмӣ аз одамони тасофдуфӣ тоза шаванд”.

Руқияи Нурӣ аз ҲНИТ таъкид кард, принсипи баробарии қонун риоя шуда, ҳамаи шохаҳои ҳокимият мустақил ва дар назди мардум ҳисоботдиҳанда бошанд. Ӯ гуфт, "мақомоти иҷрояи давлатӣ интихобӣ бошанд ва дар бахши иқтисодӣ бошад, ҳамагуна андоз аз мардум кам шавад".


Мӯҳр
Афсона хони сар шуд то интихобот,хамин,ки гузаштан 5 сол хоби хирсона мераван,аз молиёти мардум нуш карда,Он киссахое,ки барои мардум,мехонед,аз руи когазхоятон,ин киссахо дар хамон когаз мемонад,то интихоби оянда

Дар хамачо мухочир хаст, Рохбари Давлат бисёр кушиш карда истодааст бизнесмено хам кушиш доранд шумо инкадар даъво доред ягон чои кори ташкил кардаед ,аз минбаро дар когазо менависеду ман фалон хизбу гуфта забонатон дароз мехонед икадар ки дилатон сузад ба мухочирон, пулдорен пулора пинхон накунед дар хоричаву хонахои бохашамат напушеду чохои кори ташкил кунед.Дар солхое ки вазнин буд барои халк шумо дар кучо будед, багайр аз Рохбари Давлату Раиси Шахр номи ягонтои шумо набуд,дидед ки пешрави хаст дархол пайдо шудед.Аввалаш Аллох баъд Рохбари давлату Раиси шахру бизнесменхо ин хамма ободихоро карданд бояд мардум дар хаки инхо доим дуо кунанд.Аллох нигахбонашон омин.

Назр
Ман намедонам чи бигуям, ки вақто ки аз варақ дуруст хонда натавонӣ чи гуна вакили мардум шуда метавонӣ, ҳол онки саводи нимкофи надорӣ ки сийоҳу сафедро фарқ куни.

Дунё дар чи талош асту мо дар чи талош. Бас аст суханхои беасос. Шукри ватану миллати имрузаи точик кунем, ки ба чунин пешравихо расидем. Гарчанде.ки чунин сулху субот ба гайр аз Точикистон дигар дар ягон минтакаи дунё нест вале ХНИТ бошад то хол хамон акидахои гаразноки худро идома дода истодааст. Бас будагист инсоф доред ё не.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)