Бахшҳо

ВИДЕО: Сипоси падари "раис"-и салафиҳо ба пулис ва муноқишаҳо дар масоҷид

Мақомоти пулис дар вилояти Суғд бо нашри як гузориши видеоӣ ҷузъиёти боздошти 11 нафарро бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни "Салафия" шарҳ дода, изҳор доштаанд, боздоштшудаҳо боиси сар задани муноқиша дар масоҷиди шимоли кишвар шудаанд.

Бино ба иттилои Акбар Шарифов, масъули дафтари матуботии РКД дар вилояти Суғд, раҳбари ин гуруҳ Шуҳрат Қузибоев, таҳсилкардаи яке аз донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ мебошад, ки пас аз бозгашт ба Тоҷикистон шогирдони худро дар руҳияи таълимоти ин ҷараён дарс медодааст.

Ғуфрон Зарипов, падари Шуҳрат Қузибоев дар гузориш мегӯяд, ақидаи фарзандаш баъди таҳсил дар Маккаю Мадинаи Арабистони Саудӣ тағйир ёфта, насиҳатҳояш ба ӯ натиҷае надоданд: “Насиҳат кардам, риш намон шими кӯтоҳ напӯш, аммо фоидае надод. Раҳмат ба корманди пулис, ки инро вақташба боздошт карданд. Агар боздошт намекарданд, ояндаи инҳо террористӣ буд.”

Ба гуфтаи Акбар Шарифов, шогирдони Шуҳрат Қузибоев сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоят буда, мақомот пас аз хабардор шудан аз гирифтани таълимоти динии ин гуруҳ онҳоро дастгир кардаанд: "Инчунин, дар рафти боздошт адабиёти динӣ, аз ҷумла, китобҳои ҷараёни "Салафия" аз онҳо мусодира шуд, ки ба ин ҷараён тааллуқ доранд.

Ин гуруҳи 11-нафара, ки гуфта мешавад, бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни "Салафия" ва таблиғи ғояҳои он муттаҳам мешаванд, дар як ҳолати пайванди занҷиравӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохила боздошт шудаанд. Манбаъ афзуд, феълан алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

ВИДЕОИ боздошти аъзои Салафия дар Суғд:


Мӯҳр
инхо шайтонанд, барои чанд пули сиех мазхаби авлодонашонро фурухтаанд, инхо хеч гох ватанро химоя намекунанд. инхо аз адабу фарханг ва инсонигари бехабаранд.

Ин мардум чанга дидаги нестан инохо мастан хиёл мекунанд ,ки ин чанг ягон бозиаст Худо нигах дорад инхо ягон балора басар меоранд, Генерал Шариф Назар хам аз тахти дил кор карда истодааст хазорон рахмат ба шумо рафик Генерал бар зидди ин гурухо боз хам корро сахтар кунед хамаи балохо аз хаминхо сар мезанад, Аллохи мехрубон нигахбонат.

точик
Агар инхо чинояткор бошанд барои чи аз онхо истифода мешавад? бар зидди ХНИТ аз номашон макола менависед? як бор ба наъл мезанед як бор дар сумб.

антитерорист
кош хамаи падархо мисли Шумо мешуданд, ин 500 нафар гумрохро аз ДИИШ бармегардонданд

banda
YO ALLOH KULLI MUSULMONARA DAR PANOHI HUDAT NIGAH DOR INHO HAMA BEGUNOH NAHOD RISH MONI TU TERORIST BOSHI YO OLLOH

Дидаю дониста ба чунин як равияи гайримазхаби пайрави кардан ин худ як гунох аст. Мазхабе, ки солхои зиёд бобоёну падарони мо пайрави доштанд, бояд онхоро идома дихем, ба миллату мазхаби худ хиёнат накунем.

Ман ба як фикр омадам ки дар ин сарзамини хушруву гуворои Точикистон айбдор факат мусалмононе ки дар асл аз Худо метарсад.
Муйсафедхое ки дар солхои совети чавониашонро гузаронданду ва зиедии онхо аз савод дур монданд, ва хатто номи худашонро навишта наметавонанд аз кучо медонанд ки Имоми Аъзам кист ва Салафи чист? инчунин чавонон-хам.

Агар шумо муйсафедоне-ро ки дар хамин навор гирифтаед бо онхо сухбат кунеду ва савол дихед ки Имоми Аъзам кист ва номи аслияш чист гумон мекунам ки ба ин суоли оди чавоб дода наметавонанд ва дар ин байн инсоне ки ин бачахоро хам дастгир кардааст ин инсон хам ба савол посух гуфта наметавонанд.

Мо мегуем ки махзаби мо Имоми Аъзам аст лекин ягон катра маълумоте надорем дар бораи Имоми Аъзам хам пиру ва хам чавон лекин дар аз ким кучо шунидаги ки Имом Аъзам одами хуб буд донишманд буд тамом дигар маълумот нест, вакте ки мо 20% илми ва равияи Имом Азам-ро ичро намекунем чи тавр бо чи вичдон мегуем ки мо пайрави Имом Аъзам баъд бе илмона хамая тухмат карда сари мушт мебарем ин чи гуна инсоният мебошад ки хатто инсоне ки ба чиноят даст назада бошад хам чиноят содир кунанда мехисобем магар ин беадолатона нест ?

Имруз хама донову дигарон нодон ин чихел аст ки бар сари намозгузорон фишор мебиеранд ва тухмат мекунанд ман умуман гуфта истодаам наин ки ин бачахоро.

Дар ин рузхо бисери одамон риш доранд хато инсоне ки мусалмон нест, яъне насрони, яхуди ва гайра. Баъзе одамон ришро аз хавасманди мемонанд баъзеашон мехоханд як марди чиддӣ бошанд баъзеашон дар руйхошон харгуна касали доранд ин маъно надорад ки ба ингуна одамон фишор оваранд.

Вакте ки мо мардумро фиреб медихем, хатто дар масчидхо муллохо дурук ва гайбат мекунанд сони баъд чавонои мо аз кучо ба рохи рост мераванд ? Вакте ки мо аз таърих гап намезанему а дунеию-палитики гап мезанем кадом чавон илм мегирад ?

Фитна (дуруггуйи) бисер пахн гардидааст дар Точикистони азизи мо.
Барои чи хамин кормандони милиция аз паси Порахуро гашта ин порахурони бешармро дастгир намекунанд?

Кани он милицияву кормандони дохилие ки хак кор мекунанду халол ва дузду мутахамонро дастгир намекунанд ?

Кани он муаллимоне ки хак ва рост дарс ( илму адаб ) меомузонанд кани ?
Фишор факат бар зиди намозгузорон. Вакто ки мо боз бешармона мегуем ки мо 99% мусалмон.

Ин хамааш сухан гапхои холие ки мо мардумро фиреб медихем мисли актероне ки дар филмхо мебозанд.

Яъкуб. Душанбешахр.
Ин падар худ ок шудааст на писар. Вакте барои ришмониву боло бардоштани шим писаро ок мекунад ин ок нест, зеро сухани Пайгомбар болотар хаст .

бегараз
Вой бар холи ин хел.Хазрати Иброхим ( а) падарашро чи кадар даъват ба якто
парасти намуд,вале падараш рад кард ва чояш дузахи сузон шуд.Ин муйсафед дар замони комунистони динбезору исломситез Ба дунё омадааст барои хамин мисли падари Иброхим ( а) акида дорад.Ман аз он хавф дорам,ки як ду сол пас хамин муйсафедхо президентро хам Худо нагуянд.Худованд он рузро харгиз наорад.

Чи тавр сафи мусалмонхоро зиед мекунед дар замоне ки дигар хо хам мусалмонанд,

abdulloh
Мусибат .прокандаги. Эй АЛлоh бар МО рахм кун.

ин хама тухмат дар хаки мулохо мебошад ин падар аз тарсаш меларзад бинед ин мачбурист

ин хама тухмат ин падар аз тарс меларзад ин мачбурист

Umar
Хамаи и н гапо дуруг аст. чанга да точикистон узбако кадан!таърихи,

Дар маркази шархи Хучанд ва Исфараю Конибодом инхелакои бемазхаб бисёранд.Онхо беободтарин халканд.Хайрият як кори дуруст карда истодааст Хукумвти ЧТ. Ба онхо худованд рохи дуруст нишон дихад.

Ахмад аз Амрико
Ассаламу Алайкум. Эй мардуми шарифи мусалмони ЧТ. Аз АЛЛОХ бтарсенд. Ин Бародаро бегуноханд. Бовар кунед ин бечорахоро мурданак дар ун дарун мезанан баъд даркор шавад масулияти чанги шахрвандиро низ ба калла мегири. Дониста монед ки хар азобера ки ахли Курайш бар ачхоби Он бузургвор Мухаммад (с) раво медиданд, имруз ин чавонони бегунох низ хамон азобро чашида истодаанд. "Ислом Fариб буд ва Fариб мемонад".
Ман 101% гуфта метавонам он бечорахо дар ягон гуруху ифротгарои нестанд, чун ки онхо барои Ризои АЛЛОХРО ба даст овардан ба суннат ва фармудахои Мухаммад (с) чанг задаанд.

Ман хайронам наход шиме ки аз бучилак боло бошад ифротгарои бошад - на ВАЛЛОХИ он танхо аз барои муххабати зиёд бар Мухаммад (с) ва таклид бар хислат, рафтор, зиндаги ва фармудахои Уст (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам).

Наход риш ин гумрохи ва ифроти бошад. -
--На, балки он суннати Мухаммад (с) аст.

Охир назар кунед ба он пирамард ва падари чавони дигар, ки бечорахо охир намедонанд, ки ислом чист. Аз ислом бовар кунед Билкул огох нестанд, ва гар на хеш гох зид намебаромаданд. АЛЛОХ хидоятшон намояд.

Охир Имоми Аъзам , Имоми Аъзам меген, лекин кани далел биёред дар бораи хами "РИШ ва ШИМ"-и кутах Абу Ханифа Нуъмон ибни Собит (РахматуЛлахи алайҳ) чи мегуяд ва чи далел дорад?

Хамин чавон мардон на ба сиёсати палид кор доранд ва на ба мансабхои ришва хори, монед бечорохора хамун розу ниёзе ки бо Аллоҳ доранд анчом диханд.

Аллоҳ хамаи мову шуморо хидоят кунад.
Ва ба ин бародарои мазлум аввало сари чамил дар ин имтихони Аллоҳ ва озодиро аз Аллоҳ барошон хохонем.
Амин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)