Бахшҳо

"Дар ягон ҳавза ҳеч озодандеш ё мухолиф ғолиб нахоҳад омад...”

Саймиддин ДӮСТОВ, таҳлилгар ва раҳбари созмони ҷамъиятии "ИНДЕМ"

Дар Тоҷикистон беш аз 20 сол аст, интихоботи озоди парлумонӣ баргузор нашудааст. Охирин интихоботи шаффоф ва мардумӣ ҳамон интихоботи парлумонии соли 1991 буд, ки ба иқрори президент Эмомалӣ Раҳмон ӯро сари қудрат овард.

Ширкат накардани озодандешон, таваҷҷуҳи ночизи ВАО, дилсардии коршиносон дар шарҳи ҷараёни ба ном интихобот, теъдоди ночизи матолиби тарғиботӣ ва адами дебатҳои сиёсӣ гувоҳи онанд, ки на мардум ва ҳукумати феълӣ ба интихоботи озод бовар надоранд. Садҳо ҳазор тоҷикистониён тавассути телевизиони “Тулӯъ” чи гуна будани рақобати андешаҳо, набардҳои интихоботӣ ва интихоб доштани мардуми Афғонистонро диданд. Дигар ҳамаи онҳоро гул зада намешавад.

Баръало мушоҳида мешавад, ки дар ҳукумати феълӣ иродаи баргузории интихоб мавҷуд нест. Ба қавли мардум, дили нухбагони ҳоким аз худашон пур нест, ки раванди интихоботро хатар барои ҳокимияту курсиҳояшон медонанд, аз ин рӯ ба иродаи мардум такя кардан намехоҳанд. Ҳарчанд баъзан аз набудани кадрҳову ғояҳои тоза гила ҳам мекунанд.

Ҳукумати феълӣ 20 сол ягон протседура ва механизми сиёсие таҳия накардааст, ки ба интихоб шудани намояндагони воқеии мардум, ташаккулҳои сиёсии нав ба Маҷлиси намояндагон ё худ маҷлисҳои маҳаллӣ мусоидат карда бошад. Ҳол он ки демократия ҳамеша “шоҳигарии протседура ва механизмҳост”. Ин аст, ки аз миёни озодандешон, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ё артиши миллионнафраи муҳоҷирони корӣ 2 нафар ҳам ёфт намешавад, ки гӯяд, “марҳамат, ман тавассути интихоботи озод” аз фалон ҳавза депупат шудам”.

Ҳукумате, ки 90-95 дарсади сарватҳои миллии кишварро дар ихтиёри як гуруҳи хурд қарор додааст, намехоҳад ва шояд дигар наметавонад, ки ба иродаи мардум такя кунад. Зеро намояндаҳои мардум дар маҷлисҳои вакилони халқ ва МН мепурсанд, ки кӣ ва чаро роҳро пулакӣ кард? Ҳамасола 300 миллион доллари “Барқи тоҷик” куҷо мешавад? Чаро Ҳукумов КВД “РОТ”-ро қарздор карду назди қонун ҷавоб нагуфт? Чаро 2,7-2,8 миллион одам ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон ғизову либоси кифоя надоранд? Чаро мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ин қадар фарсудаанду вазирон дар ҷипҳои 100 ҳазордолларӣ мегарданд? Таъминот бо барқу газ ва оби гарм, ки то соли 1997 воқеияти пойтахт буданд, куҷо шуданд? Ваъдаи соли 2012 ба кор даровардани “Роғун” чӣ шуд? Чаро пулҳои ҷамъкардаи мардумро як гуруҳи хурд идора мекунанд? Ва даҳҳо суолҳои дигари мардумӣ.

Ин воқеъиятҳо мардумро ба интихоботу райъдиҳӣ ва иштирок дар равандҳои ҷамъиятӣ дилсард кардаасту ҳукуматӣ феълӣ, азҳоби алоҳидаи сиёсӣ аз апатия ва маърифати пасти сиёсии мардум суистифода мекунанд. Дар ин интихобот танҳо аҳзобе иштирок мекунанд, ки бо қоидаҳои ҷорикардаи ҳукумат розӣ ҳастанд ва мехоҳанд, статус-квои худро нигоҳ доранд. Барои касе дигар пӯшида нест, ки натоиҷи интихоботи Тоҷикистон чӣ хоҳад буд: ХҲДТ “ғолиб” меояду ҲНИТ ду ҷой “инъом” мегирад, ҷойҳое, ки ба Ҳизби коммунистии Тоҷикистон медоданд, ба ҳизбҳои нави кисагӣ, пеш аз ҳама ба Ҳизби аграрии Тоҷикистон таслим мекунанд. Нозирони ИДМ “зинда бод” мегӯянду нозирони САҲА “интихобот”-ро ношаффоф дониста, 54 варақро бо “қонунвайрокуниҳо” дар “интихобот” сиёҳ мекунанд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки ҳеч гуна интихобот баргузор намешавад, балки саҳнасозӣ бо ҳамон актерҳое, ки ба рақсашон доимо чизе халал мерасонад.

Дар ин “интихобот” дар ягон ҳавза ҳеч як озодандеш ё мухолиф ғолиб нахоҳад омад, шояд ба истиснои Алим Шерзамонови мухолифи ҳукумат, ки мардуми Бадахшон метавонад, ӯро сари парлумону ҳукумат иҷборан бор кунанд.

Мутаасифона, ҳалли мушкилоти мавҷуда: идораи бесамари давлатӣ, барҳамхӯрии саноат, бекории сартосарӣ, набудани ҷойҳои кориву маоши муносиб, сифати пасти ғизову зиндагӣ, набудани лифтҳои иҷтимоӣ ва манзили дастрас барои ҷавонон, пошхӯрии оилаҳо ва муҳоҷирати сартосарӣ, фасод дар тамоми зинаҳои ҳукумат, набудани судҳои мустақил ва гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, ва ғ.ҳ. бе амалисозии:
- ислоҳоти амиқи сиёсиву иқтисодӣ;
- тақсими қудрат миёни ҳукумати иҷроия, қонунгузор ва судӣ;
- сиёсати нави кадрӣ;
- дасткашӣ аз маҳалчигиву авлодбозӣ;
- тадриҷан ба вуҷуд овардани институтҳои пойдори миллӣ;
- ҳифзи ҳама гуна аҳд аз ҷониби давлат, ки аз такяи ҳукумат ба иродаи мардум зимни баргузории интихоботҳо оғоз мешавад, номумкин аст.

Аммо ҳукумати феълӣ ин ҳарфҳоро шунидан ҳам намехоҳад. Балки эҳсоси ҳамадонӣ ва ҳатто валигӣ дар намояндаҳои он эҳсос мешавад, ки оқибати хуб надорад. Ба он назарам, ки ҳукумати феълӣ ҳоло ҳам шонс дорад, ки ба мардум такя кунад ва институтҳои миллии давлатдорӣ созад. Миссияи таърихияшро ба ҷо орад. Дар акси ҳол, мо дар таснифоти сиёсатшиносон “давлати ноустувор” боқӣ хоҳем монд, ки рискҳои сиёсияш идора намешаванд ва ояндааш норӯшан.
Мӯҳр
Абдулло
Саймиддин ҚАДНТА БЗАН барои сухан ҳақро гуфтанат, кошки мардуми мо аз марази чоплусӣ тезтар халос шаванд, ҳақиқатгуиро бо вуҷуди "радди маърака шуданашон" ва "зарари иқтисодию маънавӣ" гуянд, ОМИН.....

Кордон
Офарин Саймиддин Дустов!!
Вале гумон аст ин ҳукумат гӯши шунавои ин ҳарфҳои шуморо дошта бошад ва шонсаш барои такя ба мардум намондааст. Ҳатто агар сарвари давлат ҳам хоҳад, наметавонад бо танҳои ин корро кунад, атрофиён намегузоранд, сенарияи Қирғизистони даҳ сол пеш мешавад ва инқилобу шӯришбозиҳо сар мешаванд...
Ягон роҳ таҷзияи аслии қудрат байни шохаҳо аст, ки дар мо дар як зимом омадаанд. Ба сарвазир ҳам ваколат ва вазифа додан даркор. ҳукуматро аз ҳолати "чучело" баровардан даркор. Хандаовар аст, президент худаш супориш медиҳаду худаш ҳам иҷрокунандаи супоришҳои худаш аст... атрофиён бошад дар моҳу ситорасозӣ аз президентанд,

Ин мардак ки боша ика нотарсона гап задай аз паси Зайд набаранта бачам эхтиет бош баъди хамин аз паси худат мешан агар хонда бошан хамира. Худо гуед ки нахонанд.

Интихобот
Акаи Саймиддин! агар номзад мешудед, хама ба шумо раъй медоданд агарчи хавза хилофи онро эълон мекард!!! Вале набояд дилсард шуд истодагарии равшанфикрон хукуматдорон ва макомотеро ки хакки миллатро хурда истодаанд, бемору валангор мекунад ва хатман рузе умрашон ба охир мерасаду дар пеши Козии ду чахон чавб мегуянд, аммо шумо барин шахсони солимфикр бояд дар сахна бошеду мардумро огох кунед, Рахмат бар падару модарат. Хакикатро гуфти ки дарди дили 98% мусалмони кишвар аст, ба чуз мансбадорон

С.Дустов монда будан номзадиашонро лекин ду борам уро нагузоштанд хамаи овозхои халкро гирифта буд лекин эълон шуд дигар нафар.Саймиддин 100 сол бизи дар поят хор нахалад. Дар хамаи намозхоятон дуо кунед ин шербачаи точика.

Авало рахмат ба ин бародаре ки барои миллату ватан чону дилаш месузад хушло ба холи чунин шермардои ватан.

Степан Разин
[Акаи Саймуддин! Як вактҳо худат хам узви хизби хоким буди ва боз дар дастгоҳи ҳизбӣ кор мекардӣ. Чӣ шуд? Ё мисли Кувватов касе ба молу амволат чашм андохт? Ин гапҳоро чаро вакте мегуед, ки аз хукумат дур шудед?

Мухочир
Офарин сухани дили миллатро гуфтед рахмати худованд ба падару модаратон, ки чунин фарзанди часур тарбия кардаанд

Ба зери хар чумлаи ин матлаб метавон имзо кард.

Сафар
Хазорхо ахсан бародари азиз Саймиддин барои суханони хакатон. Ман фикр мекунам, ки хакгуён дар чомеаи мо зиёданд вале бедилон намехоханд онхоро шуниданд. Агар дар аввла шунаванд дар охир паси панчара мебаранд.... Аллох нигахдорад бародари азиз Рост мегуии дили хамаи мо аз ин маскарабозии интихобот хунук аст.

Дехконбача
Барои касе дигар пӯшида нест, ки натоиҷи интихоботи Тоҷикистон чӣ хоҳад буд: ХҲДТ “ғолиб” меояду ҲНИТ ду ҷой “инъом” мегирад, ҷойҳое, ки ба Ҳизби коммунистии Тоҷикистон медоданд, ба ҳизбҳои нави кисагӣ, пеш аз ҳама ба Ҳизби аграрии Тоҷикистон таслим мекунанд...ФОЛИ НЕК! Кош хаминтавр мешуд аз хамун нахзатию комунист безор шудем монед хамин АГРАРИХО каме хам бошад мо дехкононро дастгири кунанд. У мулохои ту мегуи якеаш маълумоти олй надорад дигаре пояш ба лаби гур расидааст ва синнаш аз 70 гузаштааст. Дар толори парлумон хобашон мебарад. Биё моне дилам аз тухам монд Саймиддини чун.

Farukh
Ofarin barodar, xairiyat 1 odami rostgu ham budast. Khudovand nigahbonat boshad!

чинди
Дуруст кайд кардед чаноби Дустов! Сад дар сад хамфикрем бо шумо.

Ахсан устод офарин!!! Дарди хизби нахзати исломиро низ гуфтед. Офарин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)