Бахшҳо

Ҷонишини аввали Э. Раҳмон: Ҷанг натиҷаи мансабталошиҳо буд

Сайидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон бо нашри як матлаби пешазинтихоботӣ аз мардуми кишвар даъват намудааст, ки ба ҲХДТ на аз рӯи ваъдаҳо, балки аз рӯи корҳои кардааш баҳо ва овоз диҳанд.

Фаттоҳзода интихоботро беҳтарин роҳи таъмини ҳокимияти мардумӣ хонда, илова кардааст, ки вақте назди қуттиҳои овоздиҳӣ меравем, мисли ҳамеша ба парламентамон беҳтарин намояндагони хеш, афроди ватандӯсту ватанпараст, донишманду босалоҳият, дорои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, соҳибнуфуз ва бо симои неку писандидаи маънавию ахлоқиро пешбарӣ ва интихоб кунем.

Ноиби аввали раиси ҲХДТ навиштааст, ки ҳизбашон дар 20 соли гузашта аз имтиҳонҳои зиёде гузашта, обрӯ ва манзалаташро дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа таҳким бахшидааст, ки боиси пирӯзияшон дар маъракаҳои сиёсӣ мешавад.

Ӯ инчунин ақидаеро, ки гӯиё мо Истиқлолияти давлатиро ба осонӣ ба даст овардем, танҳо шартан дуруст медонад: “Чун баъди барҳам хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ мо шоҳид будем, ки чӣ гуна ба муқовиматҳои сиёсию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гаштем. Ҷанги ҳамватанӣ ҳазорон нафарро қурбону фирорӣ ва хонахароб намуд. Ба иқтисоди мамлакат миллиардҳо доллар зиён ворид кард. Хисороти маънавии он низ беандоза буд. Барои чӣ мо ба чунин ҳол гирифтор шудем? Фикр мекунам мансабталошию манфиатхоҳии баъзе гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида омили бесарусомониҳо гардид.”

Фаттоҳзода сабаби дигари даргирии солҳои 90-умро фаъол гаштани исломи сиёсӣ медонад, ки бо идеологияи коммунистӣ ихтилофоти зиёде дошт: “Ҳарчанд ки низоми коммунистӣ барои ҷомеа паҳлуҳои хуб ҳам дошту зарарнок ҳам. Бинобар ин муқовимати онҳо авзои сиёсию иҷтимоии ҷумҳуриро муташанниҷ гардонд. Гузашта аз ин аён буд, ки дар пушти муътақидони исломи сиёсӣ баъзе доираҳои ғаразҷӯи хориҷӣ қарор доштанд ва мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд. Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурии нав ба истиқлолият соҳибгаштаи мо як фазои ноороми сиёсию иҷтимоӣ ба вуҷуд омад, ки оқибатҳои ногувори онро дар солҳои минбаъда дидем.”

Ноиби аввали раиси ҲХДТ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳуриро аз нав сохт: “Нахуст мардуми фирориро баргардонд, бо мухолифон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонд, иқтисодро аз буҳрон наҷот дода, корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшид. Яъне тақдири Президент ва мамлакат ба ҳам тавъам омад. Ин ду мафҳум як маъниро гирифтанд. Барои ҳамин ҳам таҳлилгарон иқдомҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Шарл де Голи фаронсавӣ, Камол Отатурк, Конфутсийи хитойӣ ва дигар пешвоёни халқу миллатҳои ҷаҳон монанд мекунанд.”

Фаттоҳзода дар мавриди таърихи пайдоиши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мегӯяд, он зодаи ҳукумат аст: “Агар дигар ҳизбҳо барои соҳиби қудрат шудан ташкил шуда бошанд, пас ҳизби мо аллакай соҳиби ҳукумат шуда буд. Аз ҷониби дигар дар ҳамон шароит ташкил намудани ҳизби сиёсӣ кори осон набуд. Зеро ки аҳзоби мавҷуда бо мусаллаҳ шудану талоши ҳукумат кардан обрӯи худро дар ҷомеа резонда буданд. Бинобар ин ташкил намудани ҳизб кори осон набуд.”

Дар мавриди бунёди ҷомеаи демократӣ ноиби аввали раиси ҲХДТ мегӯяд, ҳизби мо ин рисолатро ба зиммаи хеш мегирад: “Аммо мо бояд қолаби демократии кишварҳои пешрафтаро айнан нусхабардорӣ накунем, балки бояд дар Тоҷикистон демократияе созем, ки дар пояи арзишу унсурҳои миллӣ ва фарҳанги сиёсии худамон устувор гашта бошад. Танҳо дар ҳамон сурат мо ба ҷонибдории оммаи васеи мардум, пешрафту шукуфоӣ ва зиндагии шоистаи сокинон ноил мегардем.”

Фаттоҳзода яке аз омилҳои демократияро интихоботи шаффофу демократӣ хонд, ки дар Тоҷикистон барои он тамоми шароит муҳайё шудааст: “Иштироки 90,3 дарсади интихобкунандагон дар интихоботи соли 2010 шаҳодати он аст, ки мардумамон ба интихобот эътиқоду эътимоди хеле зиёд доранд ва умеду орзуҳои хешро ба натиҷаҳои он марбут сохтаанд. Сазовори ин бовар кору амал кардан масъулияти бузургест.”

Ӯ илова намудааст, ки ҲХДТ бо 250 ҳазор нафар аъзою 4 ҳазор ташкилоти ибтидоӣ бузургтарин, муассиртарин ва писандидатарин неруҳои сиёсии кишвар аст: “Гузашта аз ин давраҳои охир мо ба сӯи ҳарифони сиёсиамон қадами боз ҳам фарохтар гузоштем. Бо иқдоми Раиси муаззами ҳизби мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи гузашта на фақат Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, балки пешниҳодҳои барномавии аҳзоби дигар низ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта, ба сифати нақшаи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷумлаи ҳадафҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд.

Ба гуфтаи Фаттоҳзода интихоботи оянда нишон хоҳанд дод, ки кадом ҳизб ба мардум наздиктар аст: “Мо ба касе ваъдаҳои хушку холӣ доданӣ нестем, касеро ташвиқ карданӣ ҳам нестем, ки кӯркӯрона аз паи мо рафта, ба тарафдориамон овоз бидиҳанд. Ташвиқи мо иқдомҳои мушаххаси мо давоми ду даҳсолаи охиранд, ки Тоҷикистони азизамонро тавассути таъмини суботи сиёсию иқтисодӣ ба як кишвари рӯ ба пешрафт табдил сохтаанд. Ташвиқи мо барномаи навбатии пешазинтихоботиамон аст, ки бо нақшаву ниятҳои мушаххас барои оянда, рушди устувори мавҷуда дар мамлакат бебозгашт ва зиндагии мардумамонро фаровонтару осудатар мегардонанд.”
Мӯҳр
агар мардумро барнамегардонд минтакаи чануб обод намешуд, кувваи кори даркор буд барои бардоштани иктисодиети ин минтака.

Офарин Фаттохзода, хизбатро ба осмони хафтум бардошти. Агар ин хизб чунин сифат медошт, мардум дар хаккаш ин гапхоро мегуфт. Вале нашунидам, ки касе ба чузъ аъзои мансабдори он нафаре онро таъриф кардааст.

Мухочир
Атр он аст,ки худ буяд на онки аттор бигуяд.

ачааб, гапхои фатохзодаро ки хондм як кино ба ёдм омад
жаркое лето в кабуле.дар ин фильм як мучохид ки захмы бд асираш гирифтан бад як хирурги гус апирацаш мекунад бад саволаш медихад ки ман шуморо табобат кардам агар маро дар кучое дастгир куни чи кор мекуни у мегуяд мекушамат
.яне рус мехохад нишон дихад ки бибинед инхо чьи кадар вахшианд табобаташ кардам боз мегуядки мекушамад.ин худаш фаромуш кардаст ки он тирро дар баданаш ки зада буд авал захмияш кардан баад мехонанд ки рахматшон биган

muhojir
Ajoib hhdt 250 000 aqzo dorad. Rahmon ham guft 250 000 joi kor tasis dodand. Joi kor fakat baroi asoi hhdt?

Солех
Тахлили фаъолият оличаноб аст. Фаттохзода вокеиятро бо далелхо гуфтааст. Дар хакикат солхои аввали 90-ум мо чи хол доштему имруз чи гуна зиндаги дорем. Президенти малакат, раиси ХХДТ як кишвари чангзадаро начот дод, сулхро таъмин кард, Точикистонро ба чахон муаррифи кард. Аз хама мухим имруз дар як фазои ободу осуда ба сар мебарем. Чанг нест, чиход нест, фарзандони мо дар кучаю хавлихо бози ва шодию сурур доранд...

Ахсан ба Шумо, устоди азиз, Фаттохзода! Бисёр акидахои хуб, таъсирбахш инро факат одамони босавод хис мекунанд, одамони бесаводу кафомонда бошад хурофотпарасти карда афсона гуфта мегарданд, кадри зарро заргар медонад, чи медонанд ин нахзатихо давлату миллат чи аст. мову Шумо, ки точик хастем, ба кадри ин давлату миллат, ба кадри Точикистон мерасем ва онро боз хам ободтар мекунем. Зинда Бод Эмомали Рахмон, зинда бод Хизби Халкии Демократии Точикистон, поянда бод Миллати Точик бо хамрохии Эмомали Рахмон, бо хамрохии хизби халки!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)