Бахшҳо
12 фев 2015 17:54Ҳуқуқи инсон

Оилаҳои бесоҳиби муҳоҷиронро, ки дастгирӣ мекунад?

Муҳаммади МУСАВӢ

Сӯҳбати телефонии ҷавонзане бо шавҳараш дар яке аз хиёбони шаҳри Кӯлоб таваҷҷуҳи роҳгузаронро ба худ ҷалб мекард. Ӯ бо садои хаста, зорую тавалло мекард, ки ӯро миёни маҷрои пуртуғёни зиндагӣ танҳо нагузораду тифли навзодашро бе падар намонад. Аммо, аз тарзи суханронию чеҳраи он зан маълум буд, ки шавҳараш бо лаҳни тунду таҳқиромез ҷавобаш дода истодааст.


Баъдтар аз наздикони ин зан фаҳмидам, ки шавҳараш тамоми шириниҳои зиндагии зери пой кардаю ӯро талоқ додааст. Ин дар ҳолест, ки онҳо ҳамагӣ як моҳ бо ҳам зиндагӣ кардаанду бас. Мард роҳи муҳоҷират ба Русияро пеша карда, як сол набудааст. Акнун аз зистан бо занаш даст кашидааст. Мутаассифона, чунин саҳнаи басо ҳузнангезро бори аввал надидаам. Манижа Сафарова (исми мустаор), як сокини ноҳияи Мӯъминобод низ тариқи телефон талоқ гирифтааст. Алҳол ӯ ду кудакашро бо машаққатҳои зиёд танҳо ба воя мерасонад.

Мавсуф зимни сӯҳбат бо ҳасрат гуфт: "Шавҳарам ба Русия рафт ва зани рус гирифт. Барои пешбурди зиндагӣ маблағе равон намекард. Билохира зиндагиямон пош хӯрд. Бе ягон сабаб телефон карда, "се талоқат кардам", гуфт. Бо ду фарзандам зору ҳайрон мондаам".

Маҳбуба Шарипова, роҳбари созмони иҷтимоии "Майрам" дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, ки лоиҳаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои оилаҳои партофташударо дар ду ҷамоати ноҳияи Фархор ва ду ҷамоати Кӯлоб роҳандозӣ менамояд, аз афзоиш ёфтани оилаҳои бесаробон изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт:
- Аз пошхурии оила бештар волидайн азият мекашанд. Духтар аз шавҳар ҷудо гардида бо фарзандонаш ба души падару модари аксаран солхӯрдаю нафақахӯр бори гарон мешавад. Дар давоми панҷ моҳи фаъолият 87 нафар кӯдакони оилаҳои бесаробон шаҳодатномаи таваллуд гирифтем. Ҳамзамон баҳри ситонидани алимент ба 24 нафар ёрии ҳуқуқӣ расондем.

Бештари мардҳои дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, занҳои худро дар ватан фаромуш мекунанд. Тариқи телефон ба онҳо се талоқ медиҳанд ва ё тариқи смс ба ҳамин мазмун хабар ирсол мекунанд. Манзура Ҳакимова, донишҷӯи донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳи ҳалли ин мушкилиро дар гирифтани таълими духтарон мебинад. Дар ин ҳолат зан метавонад пас аз пошхӯрии оила кори хубе ёбад ва рӯзгорашро пеш барад.

Ҳатто аз Русия наомада, писарон занҳои худро талоқ медиҳанд ва мегӯянд, ки "то омадани ман дар хона набошӣ". Барои ҳамин хоҳиш мекунам ки, модарону падарон духтарони худро хононанд ва баъд ба шавҳар диҳанд. Ба шавҳари хондагӣ албатта диҳанд, ки дар ҳолати рух додани чунин ҳолатҳо занҳо кор карда тавонанд, вазниниро бар дӯши падару модар напартоянд.

Амирхон Ҳамидов, раиси хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб, ба "Пайк" гуфт, ки айни замон аз шаҳру деҳоти Кӯлоб 7 ҳазору 363 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд. Аз ин миқдор 395 нафарашон занон мебошанд, ки қисми зиёди оилаҳои онҳо аз ҳам ҷудо шудаанд. Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб то имрӯз 200 оилаи бесаробонмонда ба қайд гирифта шудааст.

Мувофиқи оморҳои расмӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ҳар сол 14 ҳазор оила бунёд мекунанд. Садриддин Қодиров, коршинос, мегӯяд, 70 фисади занони қобили меҳнат дар Тоҷикистон касб надоранд. Ин мушкили ҷиддӣ аст. Ин маънои онро дорад, ки сатҳи маълумотнокӣ, маданият, омодагӣ ба ҳаёти мустақили оилавиашон хеле паст аст. Вақте зан кор намекунаду дар хона мешинад, ҳар рӯз бо як кор машғул аст, бовар кунед, ӯ ба робот мубаддал мегардад. Магар модар метавонад робот бошад?! Не! Ӯ бояд одаме бошад, ки ҷаҳонбинии фарох дошта бо тарбия фарзанди худ саргарм бошад. Фардо ӯ бояд фарзандонашро ба мактаб ва зиндагӣ омода кунад. Зане, ки дар миёни чор девор зиндагӣ мекунад ва ба ҷуз ин чор девор чизе намебинад, оё метавонад бо фарзанди худ кор кунад ва ҳадди ақал барои аз худ кардани барномаи дарсии ӯ кумак расонад? Не!

Бино ба иттилои Шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб раванди 11 моҳи соли ҷорӣ 177- ҷуфт оила никоҳи хешро бекор намуда, аз ҳам ҷудо шудаанд. Соли гузашта шумораи чунин оилаҳо ба 148 нафар мерасид. Бештари мардҳое, ки аз ҳамсарони худ ҷудо шудаанд, нафароне будаанд, ки чанд сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ умр ба сар мебурдаанд. Ширинмоҳ Назриева нафарест, ки шурӯъ аз соли 2008, 4 тифли хурдсоли худро бе падар тарбия мекунад. Ширинмоҳ мегӯяд, шавҳари ман аз соли 2008 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, то ҳол бар нагаштааст. Ба гуфтаи ӯ шавҳараш дар шаҳри Волгаград бо духтари тоҷик оиладор шуда, соҳиби фарзанд аст. Хонум Ширинмоҳ мегӯяд, замони сафари шавҳарам ба Русия ҳар чор фарзандонам ноболиғ буданд. Духтарам ба синни никоҳ расидааст, то ҳол мо хонаи истиқоматии худро надорем. Айни замон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба сифати фаррош кор мекунам. Моҳонаи ман барои зиндагӣ басанда нест.

Коршиносонро бепарастор мондани кудакон дар чунин ҳолатҳо нигарон кардааст. Агар сад оила аз ҳам ҷудо шаванд зиёда аз сад тифл бепадар мемонад. Оянда, онҳо кӣ мешаванд ва чӣ гуна тарбия меёбанд, ин саволҳо коршиноси бахши муносибати оилавӣ Амрохон Сафаровро ором намегузоранд.

Ба андешаи ҷаноби Сафаров ин падидаи номатлуб бояд пешгирӣ шавад, ки оқибати хуб надорад. Ӯ инчунин қайд кард, ки ҳозир ҳам саривақт аст, имкон ҳаст, аммо бо гузашти 3-4 соли дигар пешгирии ин падида душвор хоҳад шуд.

Тибқи иттилои ғайрирасмӣ минтақаи Кӯлоб, беш аз як миллион аҳолӣ дорад, ки ҳудуди 70 ҳазор нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ба сар мебаранд. Теъдоди занҳои аз шавҳар ҷудошуда ва кудакони бепадар сол то сол меафзояд. Зарурият пеш омадааст, то барномаи вижаи давлатӣ барои дастгирии оилаҳои бесарпаноҳ мондаи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ ва қабул гардад. Хазинаи ин барнома бояд аз ҳисоби маблағгузории иҷбории муҳоҷирони меҳнатӣ пур карда шавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)