Бахшҳо
12 фев 2015 18:51Ҳуқуқи инсон

Хушдоман: Боз таваллуд накунӣ!

Амонҷон МАҲКАМОВ

Савригул Даминова, модаршӯи ҷавонзане аз шаҳри Қӯрғонтеппа, дар назди пайвандони келинаш шарт гузоштааст, ки барои минбаъд бо писари вай якҷо зистани духтарашон хонаи якҳуҷрадор, ки ба қавли вай хаққи шаръӣ ва ҳуқуқии келинаш аст, харида диҳанд. Дар акси ҳол, ӯ таҳдид кардааст, ки намегузорад, то ин зан бо писари «яккаву ягона»-аш то дер бимонад.

Дар ҷомеаи имрӯзӣ чунин қабул шудааст, ки дар аксар ҳолат духтар баъд аз шавҳар карданаш гӯё ҳаққе ба молу мулки падару модари худ надорад ва чунин шартгузорӣ низ ба келину волидони вай қариб мушоҳида намешавад. Аммо ба қавли зани солманде аз ҳамсоягони домод, Савригул келинаш Нилуфарро наѓз намедидааст. Падару модари Нилуфар чанд сол қабл реҳлат кардаанду ӯ то шавҳар кардан дар тарбияи бибӣ ва бародараш будааст.
Ҳарчанд Нилуфару ҳамсараш чанд сол боз бо ҳам зиндагӣ доранду соҳиби як духтару як писаранд, ҳамоно модаршӯяш ба зиндагии онҳо дахолат карда, бо талаби хонаю ҳар баҳонаи дигар ба ин ҷуфти ҷавонон ба қавле «рӯз» намедиҳад.

- Мо дар гузашта якдигарро дӯст дошта, азми хонадоршавӣ кардем, - мегӯяд Нилуфар. - Вақте модари шавҳарам ба тасмими мо сахт зиддият нишон дод, шавҳарам маҷбур шуд, ки маро гирифта аз хонаашон баромада равад. Азбаски ҳамсарам писари ягонаи хонавода буд, хушдоманам маҷбур шуд, ба тӯйи мо розӣ шавад. Дар зиндагӣ танҳо як бародари усто ва бибии 85-сола дорам. Бародарам ба қадри имкон сару поям кард, ҳадяҳои арӯсӣ овард, аммо он барои модаршӯям кам будааст. Ба гуфтаи хушдоманам, ман лоиқи писари ягона ва келини оилаи онҳо будан нестам. Дар ҳоле, ки писари ӯ худаш маро интихоб кардааст. Хушдоманам маро ҳамеша мегуфт, ки «боз таваллуд накунӣ, зуд ё дер бачаамро аз ту мегирам!». Вақте ки ба мо Худованд ду фарзанд дод, аз ноилоҷӣ ба хонаталошию ҳақҷӯӣ гузашт. Ҳоло мегӯяд, ки «бародарат хонаатонро фурӯхта, ҳаққи туро диҳад, ё хонаи якҳуҷрадор харида тақдим кунад. Фарзандони ту калон шаванд, дар куҷо зиндагӣ мекунанд?!...»

Дар ҳоле ки шавҳари Нилуфар низ намехоҳад, ки ба зиндагии хонаводагиаш касе дахолат кунад, модараш Савригул иддао дорад, ки Нилуфар писарашро «гарму хунук» кардааст, «барои ҳамин, ҳамеша занашро пеши ӯ «ширин» мекунад…» Ба қавли Фарҳод Тоиров, коршиноси масоили ҳуқуқ, тибқи кодекси манзил воқеан Нилуфар ба хонаи падараш, ки алъон бародари ӯ он ҷо зиндагӣ мекунад, ҳақ дорад. «Аммо агар ӯ ҳаққашро ба бародараш бахшида бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ хушдоманаш ё каси дигар ба вай фишор оварда, маҷбур карда наметавонад, ки ҳақталошӣ кунад», - афзуд Ф. Тоиров.

Шодӣ Шарифов, аз уламои динӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ки ислом ҳама гуна фишору таҳдидро нораво дониста, зулмро маҳкум мекунад. «Келин бояд чун узви хонадон барои аҳли оила азиз бошад, на «душман». Ҳамчунин шариат мегӯяд, ки ҳаққи сағирро хӯрдан баробар ба гӯшти хукро хӯрдан аст. Агар нафаре, хоса волидайне сабаби пошхӯрии оилаҳои фарзандонашон ё дигарон гарданд, душмани Худо мегарданд. Чунки мегӯянд, ки агар аз забони касе танҳо як маротиба калимаи «талоқ» бурун ояд, замину замон ба ларза медарояд ва ба ғазаби Парвардигор гирифтор хоҳад шуд», - афзуд ӯ.
Ҳамакнун Нилуфар мегӯяд, ки ба ҷуз иҷрои шарти хушдоманаш чораи дигари ҳалли муаммои оилавиашро намебинад.

- Чанд моҳ пеш шавҳарам ва бародарам ба хулосае омаданд, ки ҳарду якҷо шуда, як хонаи ақаллан якҳуҷрадор мехаранд ва онро аз номи бародарам пинҳонан ҳамчун ҳаққи ман ба мо медиҳанд, - гуфт Нилуфар. - Ҳоло бародарам дар муҳоҷирати корӣ мебошад. Умедворам, ки баъд аз иҷрои талаби хушдоманам, андаке бошад ҳам, модаршӯям моро ба ҳоламон мегузорад…

Тибқи омори расмӣ, соли гузашта дар вилояти Хатлон 1894 оила пош хӯрдааст. Ҳарчанд дар маълумотномаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ сабабҳои ҷудошавии оилаҳо зикр нашудааст, Саодатбибӣ Сироҷова, мудири шуъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон, мегӯяд, ки аксар мавридҳои ҷудошавии оилаҳо, хусусан оилаҳои ҷавон, дар натиҷаи ҷанҷолҳои оилавӣ ва дахолати волидайн ба ҳаёти онҳо рух додааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)