Бахшҳо

Ғаффоров дар бораи ипотекаи 25-сола, табобати ройгон ва Фарҳоди асри 21

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон шоми 12-уми феврал дар баромади пешазинтихоботии худ тавассути шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон чанд нуктаи барномаи пешазинтихоботии ҳизбашро муаррифӣ кард.

Абдуҳалим Ғаффоров гуфт, имрӯз бисёре аз ҷавонон истеъдоди қавӣ доранд, вале бо иллати мавҷуд набудани шароити иҷтимоӣ наметавонанд истеъдоди худро рушд бидиҳанд. Номбурда мегӯяд, барномаи ҳизби онҳо пешниҳоди қарзҳои бефоиз ба ҷавонони боистеъдодро пешбинӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, бояд ба чунин ҷавонон қарзҳои ипотекӣ ба муҳлати 25 сол дода шавад.

Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъкид намуд, дигар масъалае, ки дар барномаи ҳизби онҳо мақоми муайнеро дорост, омӯзгор ва мақоми ӯ дар ҷомеа мебошад. Ӯ мегӯяд, бархе омӯзгорон ҳуқуқҳои худро дуруст намедонанд ва аз имтиёзҳое, ки қонунгузорӣ ба онҳо додааст, бехабаранд: “Масалан моҳи августи соли 2013 мо қонун дар бораи маорфиро қабул кардем, вақте аз омӯзгорон мепурсидам, ки ин қонун, ки чанд мартиба аз ҷониби парлумон бо таҳриру иловаҳо коркард шудааст, чи имтиёзҳо барои шумо додааст, муттаасифона намедонанд”.

Ғаффоров қайд намуд, рушди соҳаи тандурустӣ ҳам аз мавзӯъҳои муҳими ҳизби сотсиалистӣ буда, онҳо ҷонибдори ташаккул додани сатҳи касбии табибон мебошанд: “Хеле хуб медонем, ки бисёр технологияҳои муосир дар бахши тандурустии мо харидорӣ шудааст, вале мутассифона мутахассисоне надорем, ки аз ӯҳдаи истифода чунин технология баромада тавонанд. Яъне ба чунин хулоса меоем, ки фарзандони овозадори шайх Абуали Ибни Сино, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрати пизишкони моро берун аз марз бароварда буданд, бояд аз нав барқарор кунем”.

Ба қавли номбурда имрӯз, дар Тоҷикистон бемориҳои қалбу асаб хеле зиёд шудааст, бино бар ин вазифаи онҳо ин аст, ки бояд қонун дар бораи ройгон табобат кардани ингуна бемориҳоро омода намоянд. Абдуҳалим Ғаффоров ҳамчунин иброз дошт, бояд назорати доруҳое, ки аз берун ворид мешаванд, ҷиддтар шуда, ниҳодҳои дахлдор масъалаи нархҳои дандоншикани доруҳоро зери назорати қатъӣ бигиранд.

Раиси ҳизби сотсиалистӣ дар баромадаш масъалаи андоз ва андозбандиро аз масъалаҳои муҳим хонда, гуфт, “агар мо андозро насупорем буҷаи мо ғанӣ намегардад. Боиси дастгирӣ аст, ки имсол дар паёми президенти кишвар аз 15 миллиарду 300 миллион сомоние, ки ҷудо карда шудааст, 50 фоизи он барои беҳдошти ҳаёти иҷтимоии мардум равона гардидааст, ки қобили дастгирист”.

Абдуҳалим Ғаффоров иброз намуд, бояд ниҳоди зиддимонополии назди ҳукумати Тоҷикистон дарк ва эҳсос намояд, ашхосе, ки сазовори ин ё он иншоот нест, бояд иншоотро аз нав ба давлат супоранд ва афроди кордону корчалон ва дилсузӣ Ватан онро мавриди истифода қарор диҳанд: “Замин бояд ба дасти деҳқони асил баргардад ва ин деҳқони асил тавонад, ки дар як замин ду ҳосил гирад. Вақте мо дар бораи фарҳанг мегӯем шоирон ва нависандагони мо Фарҳоди асри 21-ро биёфаранд. Насли имрӯза бояд далерӣ, мардонагӣ ва шуҷоати мардуми Тоҷикистонро ифода кунад” .
Мӯҳр
Гулгунча
ОЗОДАГОН МАН КУ БА ХАМИН ТАБОБАТИ РОЙГОН ХЕЧ БОВАР НАДОРАМ АММО ЯК ХОХИШ ДОРАМ ИЛТИМОС РАД НАКУНЕД ИН ХАМ МАСЪАЛАИ САЛОМАТИИ МИЛЛИТИ ТОЧИК МЕБОШАД КИ ХАМА ДАВЛАТДОРОН ИНРО НОДИДА МЕГИРАНД МАСЪАЛАИ ДОРУВОРИ (МЕДИКОМЕНТ) КИ БА ЧУМХУРИИ МО ВОРИД МЕШАВАД БАРОИ ЧИ НАЗОРАТ КАРДА НАМЕШАВАД БРОИ ЧИ ДАР 500 600 1000 СОМОНИ ДОРУ МЕХАРИ ТАБОБАТ МЕГИРИ ХЕЧ ФОИДА НАМЕКУНАД БАРОИ ЧИ ТОЧИКСТАНДАРТ БА МИСЛИ КУМИТАИ АНДОЗ КОРРО ТАЛАБ НАМЕКУНАД СИФАТИ МАХСУЛОТИ ВОРИДШУДАРО КУРКУРОНА МЕСАНЧАД МАН ЯК ШАХСИ ОДИ МЕБОШАМ ВАЛЕ ХАМАИ РОХБАРОНИ ЧУМХУРИРО МУШОХИДА МЕКУНАМ ДАР ХАКИКАТ МУХТАРАМ ДАВЛАТОВ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОЧИК КОР МЕКУНАД АНДОЗРО ПУРРА БА ФОИДАИ ДАВЛАТ МЕРУЁНАД БА МУФТХУРОН РУБАРУ ШУДА ХАКИ ИН ХАЛКУ ДАВЛАТРО ТАЛАБ МЕКУНАД БАРОИ ЧИ РАИСИ ГОСТАНДАРТ ТАЛАБ НАМЕКУНАД БАРОИ ЧИ СИФАТИ МАХСУЛОТЕ КИ АЗ ХОРИЧИ КИШВАР ВОРИД МЕШАВАД НАЗОРТ НАМЕКУНАД ДОРУВОРИЕ КИ АЗ ХОРИЧИ КИШВАР ВОРИД МЕШАВАД ХАМАШ МУХЛАТАШ ГУЗАШТАЮ БЕСИФАТ МЕБОШАД БА МАРДУМИ ТОЧИК ДОРУ НЕЮ ЗАХР ВОРИД МЕШАВАД ИН МАГАР ТАРСОВАР НЕСТ КИ МИЛЛАТ АЗ ДАСТ МЕРАВАД МАГАР ИН ХАЛК БА ЯГОН КАС ДАРКОР НЕСТ КИ ИН КАДАР БЕРАХМИ МЕКУНАНДУ ХАМА ХОМУШ ГУЮ НАМЕДОНАНД МАГАР БЕМАСЪУЛИЯТИИ ТОЧИКСТАНДАРТ НЕСТ БА ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР МУРОЧИАТ КАРДА МЕГУЯМ ИЛТИМОС ХАМИН МАСЪАЛАИ ДОРУВОРИРО АЗ НАЗАР ДУР НАСОЗАНД ИН БИСНЕС КДАДОМ РУЗЕ МИЛЛАТРО ИНВАЛИДУ ЗАХРОЛУД КАРДА НЕСТ МЕКУНАД ХАМА МАРДУМ АЗ СИФАТИ ПАСТИ ДОРУ ШИКОЯТ МЕКУНАНДУ ХЕЧ КАС БА ДОДАШОН НАМЕРАСАД ОЗОДАГОН ИЛТИМОС ХАМИН МАВЗУРО ЯК МАКОЛА КАРДА ЧОП КУНЕД ИЛТИМОС НИСБАТИ ИН ХАЛКУ МИЛЛАТ РАХМ КУНЕД ХАМА МОВУ ШУМО ФАРЗАНД ДОРЕМ КУ НИСБАТИ ФАРЗАНДОНИ ИН МИЛЛАТ РАХМ КУНЕД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)