Бахшҳо

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Барканории раиси Кумитаи дин, ТАЛКО ва...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 13 феврал бо судури чанд фармон як қатор мансабдорҳои соҳаи дини кишварро барканор намуда, ба ҷояшон шахсони навро таъин намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, Абдураҳим Холиқзода, аз вазифаи раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ба ҷояш Давлатов Сулаймон Пирхонович раиси Кумитаи дин таъин гардид. Давлатов Сулаймон Пирхонович то расидан ба ин симмат ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит буд.

Инчунин, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, Садриддин Шарипов аз вазифаи Директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" озод ва ба ҷояш Ҷӯраев Абдураҳмон Ҳомидович таъин гардид.

Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин низ аз вазифаи муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит таъин гардидааст.

Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Давлатов Муродулло Исматович аз вазифаи директори Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" озод ва курсии ӯ ба ихтиёри Бобоев Файзулло Баротович гузошта шудааст.

Садриддин Шарипов, Муродулло Давлатов ва Абдураҳим Холиқзода, ки бо қарорҳои раисиҷумҳур аз мақомашон барканор шуданд, аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии якуми март ба ҳайси номзад пешниҳод шудаанд.
Мӯҳр
турсун
Хамин Холиковро илтимос парламент набаред ки хамончоро хам вайрону валангор мекунад

чинди
Раис: Порсол дар ин ноҳия раис будам, умедворам имсол дар ноҳияи дигар раис мешавам. Агар аз раисӣ гиранд ҳам, умедворам, ҳадди ақал курсии депутатӣ насибам мешавад. Шукронаи истиқлол.

Акмал
дархакикат чаноби давлатов кадри арзанда мебошад табрик бошад

Ба АКМАЛ! ТАБРИК БОШАД НАМЕГАН АКА! Муборак бошад ё табрик мекунем!

Одамшинос
Бобоев Файзулло Баротович ин ноиби президенти Академияи илмхо нестанд? Агар ха, пас инсони бисёр начиб хастанд.

Диловар
Муборак бошад вазифаи нав -огои Асомуддинзода Тоҷиддин вокеан кадр шумоед. дар кори ояндаатон муваффақиятро аз даргоҳи Ҳақ масаллат дорам.

gddgdg
Чавоб ба Шахзод, хакиккатан Акмал шогирди устодуш будай(Давлатов)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)