Бахшҳо

ВИДЕО: Манъи паҳнсозии филми “Ҷанг ва сулҳ” баъди баромади раиси КМИР

Фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи баромади Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон тариқи телевизиони давлатӣ мақомот барои паҳн кардани филми пешазинтихоботии ҲНИТ монеа эҷод мекунанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯзи 12 феврал зимни як суханронӣ тавассути шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон филми пешазинтихоботии ҲНИТ-ро мухолифи қонун хонда, таъкид намуд, дар қонунгузории интихоботии кишвар таҳияи чунин филмҳо пешбинӣ нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки фаъолон ва ёрдамчиёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медоданд, тайи ҳафтаи охир дар шаҳри Душанбе барнома ва филми пешазинтихоботиеро миёни мардум паҳн намуданд. Дар филм, ки наҳзатиён ба мардум ва фиттафурӯшон доданд, ҷангу сулҳи тоҷикон аз нигоҳи нав -- аз нигоҳи ҲНИТ нишон дода шудааст. Аммо ба гуфтаи бархе аз тамошобинон наҳзатиҳо низ чун гузоришгарони телевизионҳои давлатӣ дар мавриди ҷангу сулҳи тоҷикон шеваи таърифи худу нодида гирифтани ҷониби дигарро кор бурдаанд.

Хабарнигори “Озодагон” аз дасти фаъолони ҲНИТ дар маҳаллаи “Бозори деҳқон”-и Душанбе ин филмро дастрас намуд ва онро пешкаши хонандагон мекунем:


Мӯҳр
Рости Нахзатихо ман аз як чиз сахт нмгаронам ,,, Худо кунаду шумо хама вакил шавед. Раиси Чумхур шавед -лекин ман гами ин халки бечораамро мехурам ки дар холати пирузии шумо мачбур аст ба ду конунгузори итоат кунад --яъне кормандони шумо ба чои салла биер каллара мебиеранд --як одамро ба хам конунгузории чори ва хам конунгузории шариати махкум мекунанд.. Агар ягон нафар хаст аз шумо ба инсавол чавоб ихед...

Барои инхо ичозат дихед дах кинои дигар кунанд хам фоида надорад, барои инхо худашон ва ягон ягон хешашон овоз надихад дигар хеч кас овоз намедихад ба фикрам.

сино
salim Dushanbe,
кормандони шумо ба чои салла биер каллара мебиеранд

Ба фикрам бародар махсус худро ба нодони меандози он чи мегуйи ба хизби хоким дахл дорад на ба хизби нахзат хаёлбозиро бас кун.

Точик
Ба Шохиен! Як гап хаст Все что не запрещается разрешается!

дар ин филм ягон нуктаи ба чихати маъни боло ва хадафи бегаразонаро надидам. Танхо таъкиди он ки мо ба фалони хона ДОДЕМ, ба дигараш МОООШИН ДОДЕМ-уу халос !!! ХУЛОСА! Мулло бодя муллогиша кунад! Бит монед ако!

бехона
ХНИТ ку мардаквори як хуна манда бде, неки коил мешам ки дар хакикат ба ваъдаат вафо мени.

и кабири мисли залатая рибака шидай ку агар ягон кори хуб мекари кабира хонаву мошин медодай

Киёмидин
Шумо дар ин гуфтагихои худатон шохиди медихед ё намедонам дар он вакт дар кучо буден мумкин дар мактаби тахсилоти умуми

МАН ЧАВОБ МЕГУЯМ БА ШУМО БАРОДАРИ АЗИЗ. ФИКРИ ШУМО ,КИ ВАКИЛ НАШАВАНД ХАТТО АСТ. ШИОРРО ЯК БОРИ ДИГАР МЕХОНДИ . МО БАРОИ ТОЧИКИСТОН ТОЧИКИСТОН БАРОИ ХАМА.

тура кулоб
salim Dushanbe,
Салим ба ту чавоб хамин гами халка ту хамикадар хурдики дар бадани халк хуннамодас акнунХУДОВАНД ин нахзатро пируз гордонадки точик нафаси озод кашад конеь шуди агар ха рахмат

ман
Аз тамошои ин филм чунин дарк кардам, ки дар тули 40 соли фаъолияташ 1 милион барои Рогун додаасту як хона ба Мавзуна ва як мошин ба Расул. дар 40 сол инкадар "кори зиёд" ин "кахрамонист"!! яъне боз 40 соли дигар интизор мешавем то ин хизб такрибан ба маблаги 1 милиону 200 хазор сомони ба мардум "хизмат" кунад. Худи аъзоёни хизбам медонанд, ки Дини Мубини Ислом ба сиёсат рабте надорад ва ба як хизби сиёси эхтиёч низ. Мусалмон бояд зохирану ботинан мусалмон бошад ва ДИН аз Сиёсат дур!!!! Ба Худованд хар руз 5 вакт овоз медихам аммо ба ин хизб ним овозамро нахохам дод!!!!!!! медонам Озодагон чоп намекунед,,,,

HUKUMAT BOYAD OZOD INTIKHOBOTRO GUZARONAD ----- AMMO NAMEGUZARONAD

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)