Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 апрел 2019, 00:51

Собиқ додситони кулл мегӯяд, майли истеъфо надошт

13 феврал 2015, 16:56

Аида Салянова, собиқ додситони кулли Қирғизистон далели истеъфо рафтани худро пуштибонӣ нашуданаш аз сӯи раисҷумҳури кишвар арзёбӣ кардааст.

Салянова гуфтааст, “аз симмати додситонии кулли Қирғизистон рафтанӣ набудам, вале пуштибонӣ нашудан аз сӯи Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури кишвар маро водор кард, ин тасмимро бигирам.”

Ба гуфтаи Салянова, барои дар вазифаи Додситони кулл кор кардан ва натиҷаи дилхоҳ додани иқдомҳо ҳимоят ва пуштибонии раисҷумҳур ҳатмӣ мебошад: “Нақшаиҳои зиёд буд ва майли ба истеъфо рафтан ҳам надоштам, вале дигар миёни мову президент ҳамдигарфаҳмӣ аз байн рафт. Дар ҳоле ки барои фаъолияти муассири Додситони кулл ҳимояти сиёсии раҳбари давлат зарур аст.”

Аида Салянова охирҳои моҳи феврали соли равон бо хоҳиши худ аз вазифаи додситони кулли Қирғизистон истеъфо дод. Ӯ ин тасмимашро баъд аз як суҳбати рӯбарӯ бо Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури ин кишвар эълон кард ва Отамбоев баъди чанд рӯз ба мақоми додситонии кулли Қирғизистон Индира Ҷолдубаеваро пешниҳод намуд.

Расонаҳои қирғизӣ дар шарҳи ин хабар навиштанд, эълони истеъфои додситони кулл баъд аз паҳн шудани хабарҳо дар бораи шомил будани номи ҳамсари ӯ дар парвандаи ҷиноие ба миён омад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!