Бахшҳо

Вализода: Вазну эътибори сиёсии аҳзоб назди ҳукумат аз писарони “угай” ҳам поинтар аст

Асадулло ВАЛИЗОДА

Фазои сиёсии кишвар бо оғози марафони интихоботӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ранги табииро ҳамон вақт доро мешавад, ки вакилшавандаҳову аҳзоби сиёсӣ аз масоили доғи рӯз ба таври ҷиддию мушаххас сухан намуда, мавзеъгириҳои қонунӣ ва таккондиҳанда намоянд. Агар ин сабқат тавассути ташкилкунандаҳои интихобот дар симои КМИРТ, ҳавзаву қитъаҳо мунсифона ва бетарафона роҳандозӣ шавад, набояд ҳар соҳибмансабу ниҳодҳои қудратӣ ба раванди он бо иқдомҳои ғаразноку ғайриқонунӣ халал ворид намоянд ва бо ин васила шаффофияти ин чорабинии муҳими сиёсиро зери суол баранд. Вале аз шикояту вокунишҳои аҳзоби сиёсии мухолиф унвонии КМИРТ, сабти ном нашудани шахсиятҳое, ки дар ҷомеа маъруфият доранд, бархурди ғайрисозанда ва чашмпӯшии ин мақоми босалоҳият аз қонуншиканиҳо ва падидаҳои номатлуб, ки иддае аз онҳо дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, фазои интихобитиро сарду ҳизбҳои сиёсиро дар ҳолати ноумедӣ ва ҳаяҷон қарор медиҳанд. Ин воқеияти радношаванда баёнгари он аст, ки мақомоти иҷроия ва ниҳодҳои танзимгари интихобот ба ҳарфҳои ошкори раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси алтернативӣ ва шаффоф бо риояти тамоми меъёрҳои демократӣ гузаштани интихобот аҷр қоил нестанд ва онро нодида мегиранд. Бо фаъолиятҳои зиду нақиз эшон худро мисли ашхоси “супоришҳои махсус” дошта вонамуд карда, ба хотири “сарсупурдагӣ” ба ҷараёни озоди сабқати интихобот саддҳои “чинӣ” мегузоранд. Баъзе ниҳодҳои марбутаи давлат муҳити интихоботиро бо тафтишу пурсуҷӯ ва суҳбатҳои “маҳрамона” ғуборолуд мекунанд. Агар ин фазои нобоварӣ идома ёфта, бо ҳар баҳонае ба рафти интихобот монеаҳо эҷод гарданд ва билохира шумориши оро бидуни ширкати намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ гузарад, аз кадом шаффофият метавон ҳарф зад?

Маҳз чунин карахтии ташкили маъракаи интихоботӣ ва эҳтимолоти қонуншиканиҳо буд, ки шахсиятҳои матраҳи ҷомеа аз номзад шудан ба ҳайси вакил худдорӣ намуданд. Ин падидаи манфӣ ва зангулаи изтиробнокест, ки ба он беэътиноӣ варзидан ба зарари ободонию ислоҳоти сиёсии кишвар тамом шуда, ҳайсияту обрӯи байналхалқии онро камрангтар хоҳад кард. Ба андешаи коршиносони умури сиёсӣ ин фаъолиятҳои ноодилонаро ба ҷуз тамаллуқу тарафгирии ҳизби ҳоким, ки ағлаби соҳибмансабон узви он мебошанд, дигар хел наметавон унвон кард. Аз дигар нигоҳ, дар баъзе маворид дидгоҳҳои мақомот мероси мафкураи замони яккаҳокимиятию яккаҳизбии шӯравиро ба ёд меоварад. Он даврон ба ҷуз ҳизби коммунистӣ дигар аҳзобе набуданд, ки талабгори орои мардум шаванд, аммо дар замони нави гуногунҳизбӣ бо тарзи куҳна наметавон роҳбарӣ намуд. Вақти он расида, ки ҳукумати кишвар бо иродаи неки сиёсӣ ба дигарандешон низ дар парлумон ҳиссаи бештаре қоил шавад. Бо омадани чанд намояндаи мустақили озодандеш ва намояндагони ҳизбҳои мухолиф дигаргунии чиддие дар низоми ҷомеа рух намедиҳад, аммо боварӣ ба фардои нек дар қалби мардум пайдо шуда, ба таҳаввулот ва такомули ҷомеа умед мебандад. Мусалламан, дар ҳар кишваре новобаста аз дараҷаи пешрафту сохти идориаш, ҳама гуна интихоботе, ки бо нисбияти 50-60 дарсад ё зиёда аз он ба фоидаи танҳо як ҳизб тамом мешавад, дар он ғолибан эҳтимоли фиребу тақаллуб ба вуҷуд меояд. Ба ақидаи коршиносон андарзи машҳури сиёсие вуҷуд дорад, ки “агар аз парлумон садои баҳсу кашокаш наояд, ин садо дер ё зуд ҳатман аз хиёбонҳо хоҳад омад”.

Мутаассифона, бархурдҳои ғайриқонунии мақомоти маҳаллӣ, бархе тасмимҳои КМИРТ-у намояндагони ҳавзаҳо ва тавассути баъзе уламои динӣ, олимону коршиносони муассисаҳои илмӣ ва дӯстдорони тамаллуқ, роҳандозии маъракаи сиёҳкунии аҳзоби мухолиф, дар арафаи интихобот баёнгари он аст, ки фурсатталабон ҳирси буғи намудани дигарандешонро дар сар мепарваранд. Махсусан, ба маърази баҳс кашидани масоили ақидатӣ дар матбуоту шабакаҳои иҷтимоӣ ба амнияту оромии ҷомеа хатарзо буда, дар оянда бо вахимтар шудани ҳолати иҷтимоии мардум ба ташаннуҷи авзои сиёсӣ заминасоз хоҳад шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки падидаи фаъолияти ҳизби динии сиёсӣ дар ҷомеаи дунявӣ маҳсули тавофуқномаи Сулҳи тоҷикон буда, аз нигоҳи қонунӣ баррасӣ ва ҳаллу фасли худро ёфтааст ва Сарқонуни кишвар мавҷудияти ҳизби диниро тазмин менамояд. Ревизияу мухолафат ба талаботи Конститусия бояд муҷозоти қонунӣ дошта бошад. Баръакс, аз ин дастоварди нодири дипломиатияи тоҷикон дар охири қарни 20 чун мояи оромии ҷомеа бештар ҳарфу баҳсҳои созанда намуд, то ин таҷриба дар истиқрору муколамаи тарафҳои даргири манотиқи доғи олами Ислом мавриди истифода қарор гирад.

СУКУТ БАР ЗУЛМ ИСТИБДОД АСТ!

Давраи таблиғи интихоботӣ барои намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, хусусан мухолиф, фурсати тиллоӣ, санҷиши сиёсии содиқият ба арзишҳои умумибашарӣ ва умумимиллӣ барои расондани паёму мавқеи созандаи хеш дар масъалаҳои муҳими рушду нумуи ҷомеа буда, ҳар лаҳзаи он дуруст ва босамар мавриди истифода бояд қарор гирад. Бо мардум бо назардошти савияи фаҳмиш ва дараҷаи тараққиёти ҷомеа атрофи масоиле бояд ҳарф зад, ки ба дигаргун шудани ҳаёти иҷтимоиаш мусоидат кунад. Набудани ҷойҳои кории мувофиқ, камбуди музди маош, норасоии барқ, муҳоҷарати маҷбурӣ, бепушту паноҳӣ, беҳуқуқии шаҳрвандон дар ғурбат, бахусус, Русия, камбудиҳо дар таълиму тарбтия, фишорҳову нақзи ҳуқуқҳои динӣ дар таълим, иҷрои маросимҳои динӣ ва амсоли он аз масоили доғи рӯзанд, ки бе танзиму ҳалли дурусти он наметавон ба ҷомеаи мутамаддини мутараққӣ ноил шуд.

Авлодбозӣ, минтақагароӣ, маҳалгароӣ ва ҷӯрабозию тағобозӣ дар тамоми самтҳои ҳокимият, набудани адолати судӣ, волоияти воқеии қонун, адолати иҷтимоӣ, фасодзадагӣ аз дардҳои муҳлики ҷомеаи имрӯзаанд, ки берешакан кардани он кишвар дар ҳолати карахтию таназзул боқӣ хоҳад монд. Вале монеаи асосии тараққиёту таҳаввулоти ҷомеаи имрӯза таъмин набудани фазои сиёсию ҳуқуқии озод барои пайдоишу рушди афкори бунёдӣ аст, андешаи умумиллие, ки ашхоси солимфикрро аз қишрҳои гуногуни ҷомеа новобаста аз дидгоҳҳои сиёсӣ, динӣ, фикрӣ ва мансубияти миллӣ дар атрофи худ муттаҳид сохта, ҷомеаро мунтазам ва тадриҷан ба натоиҷи матлуби созанда бурда тавонад. Аз ин рӯ, вақти он расида, ки аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва шахсиятҳои матраҳи ҷомеа бо нигоҳи башардустӣ аз маҳбусон Зайд Саидов, Шуҳрат Қудратов, Мақсуд Иброҳимов, Салим Ёқубов, Савриддин Ҷураев, Муҳаммадрузӣ Искандаров ва дигар маҳкумшудагон, ки парвандаҳояшон иртибот ба фаъолиятҳои сиёсии онҳо дошта, мармузанд, пуштибонии худро изҳор доранд. Бешубҳа, ин кори хайрест, ки бояд иҷро шавад. Дар ҳоле ки зиндонии маъюб Зайд Саидов, ки марҳуни (гаравгон) андешаи солими бунёдӣ ва ислоҳотхоҳӣ дар рушди иқтисоди шуда, новобаста бар асари ҳукми ноодилона ба зиллату хорӣ ва тавҳину таҳқир тан надода, руҳан афкорашро озод нигоҳ доштааст ва аз дохили маҳбас имдоди ҳамраъйӣ мекунад, то баррасии қазияии иқтисодии парвандааш ошкоро дар ҳузури коршиносону рузномонигорон сурат гирад, хомӯш истодани аҳли ҷомеа адолат нест.

Аҳзоби сиёсӣ дар таблиғоти хеш аз чунин қазия, ки ҷузъи рисолати башардустию ҷомеасозӣ ва ҳақталошиашон мебошад, наметавонанд чашм пӯшанд. Дар ҳолате ки тақдири инсони бегуноҳ дар чунин тарозу қарор дорад, ба зулми сиёсию иҷтимоӣ сукут ихтиёр кардан, ин худ истибдод ва беэътиноӣ ба қадру қиммати шахсият аст, инсоне, ки ҳаёташро фидои фардои неки кишвар намуда, ҷабран дохили зиндон шуд. Адами додрасӣ ба чунин мазлумин маҳрум шудан аз нусрату каромати Парвардгор ва сабаби заволи ҷомеаҳост, ки Паёмбар (с) умматашро хатар дода ва ҳамчунин таъкид намуда, ки “бародаратро дар ҳолати золимию мазлумӣ кумак намо”. Ҳарду тарафи қазия: намояндагони ҳукумати судӣ ба мушикофона баррасӣ намудани парванда ба кумаку насиҳат эҳтиёҷманд буда, ҷабрдида бошад, ба мурофиаи мунсифона ниёз дорад, ки ҳам қозию ҳам зиндонӣ аз шаҳрвандони ҳамин кишвар ва ёру бародарон ва ақрабои якдигаранд.

Бешубҳа, вазну эътибори сиёсии аҳзоби мухолифин назди Ҳукумат аз писарони “угай” ҳам поинтар аст ва новобаста аз натоиҷи интихобот ба ҷои муносибу мақоми арзанда ноил шуданашон аз воқеият дур ба назар мерасад. Вале дар радифи дигар мавқеъҳо иқдомҳои хайрхоҳона нисбати маҳбусон ва шиканҷа дар зиндонҳо оборӯю эътиборашонро ҳамчун нерӯи умумиватанӣ ва гуруҳи адолатпарвару боинсоф ва ислоҳгар боло бурда, мардумро бештар ба интихобот омодаю ба дифоъ аз овозҳои хеш ҳавасманд мекунад. Ҳамчунин, дар маҳофили сиёсии таъсиррасон андешаҳои аҳзоби мухолиф дар танзиму такомули ислоҳоти сиёсии кишвар мавриди назар қарор хоҳад гирифт. Чунин мавқеъгириҳо ҳукмуматро водор мекунад, ки бо таваҷҷуҳ ба манофеи умумиллӣ ва вазъияти ҷаҳонию иқлимӣ минбаъд дар сиёсатҳои дохилию хориҷиаш ба зарфияти аҳзоби сиёсӣ эътибори ҷиддӣ ва дидгоҳи созанда дошта, муколамаи васеъи умумиватаниро бо ширкати бевоситаи мухолифин ба роҳ монад.

Аммо саҳнасозию ба ҳолати мавҷуд созгорӣ кардан, бетарафию мухолифи “кисагӣ” буданро мемонад, ки чунин заъфи сиёсӣ ба масали”сукут аломати ризост” шабоҳат дорад ва он ба тирагии таҳаввулоти мусбати фазои сиёсию иҷтимоии кишвар ва рукуди ҷомеа дар оянда низ таъсири мустақим хоҳад дошт.

Ба андешаи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:
Фард меёбад зи миллат эҳтиром,
Миллат аз афрод меёбад низом.
Мӯҳр
саид аз Вахдат
Бародар Асадулло, Шумо аввал як бор ба ахволи худатон нигаред баъд дигаронро насихат кунед. Шумо баринхо ному шаъну шарафи миллати точикро паст мекунед. Хайфи Шумо.

ин навиштахои Бародар Асадулло баъзехоро сурох кард...сухани хак намефорад хаааа чанобон!!!! имрузхо дар дохили кишвар ракобати хизбхои сиеси рафта истодааст фаромуш накунед,, вале таачубаш ин аст ки хизби хоким бо чунин кирдору рафтораш нафрати мардумро ба худ зиед мекунад.. Ба пеш равшан фикрон...

Шумо аз чи норозиед чизе мехохен мегуен хамин худаш нишон медихад,ки хамма озод хаст агар озоди набошад шумо инхел гап зада наметавонед ношукрбандахо ин мардума ягон бало задай, шумобарин фикрхои бад мекардаги кам хаст.Ин хел Рохбари Давлат дигар намеёбед бахилхо.

Устод Асадулло. Салому алайкум. Хиёлам хозир дар ягон чохаки ором ва амниятдор хастетон. ки ин насихатхои эшониатон боз ба ёдатон омада истодааст. Дар чои амн истода мардуми бечораро ва хизбхои сиёсиро ба оташ тела кардан аз руи мардигари нест. Шумо олими бузургед, лекин харгиз сиёсатмадор нашудед Ин гапои хамон хамшахрии айнакдоратон аст, ки якхел вахто меомад ва хами хел мегуфт. Биёед, да намозхои мо пеш дароед, мархамат, шумо эшонед, саидзодаед, аммо илтимос, дар сиёсат пеш надароед, илтимос. ИЛТИМОС Бо чони мардум бози кардан бар хилофи ислом аст.
Илтимос дигар ин корро накунед... Карда будед ку дида будед ку Вахте мошин тирборон шуд чи хел гурехта будем, ай ёдатон рафта будай да ...
Агар тавонед, ин гапоя монда, аз хаму чохо ба зану бачахои Чалолиддин ягон ёри равон кунед. Бародар Чалолиддин мегуфтед ку... Ин мухимтар аст...
Бо салом аз тарафи
Шогирд, мурид, хамхизб ва пештара коргар ва пештара шофиёр ва пештара телехи Шумо

дуст
Саид ту ин кадар беакл нашав вализода холо хам кам навишта аст .

Ташаккур, барои гамхори, вале банда дар Ватан ва пеши мардум хастам. Магар вокеиятро гуфтан боиси харач аст? Инсон як хаёту як марг дорад, ки он хам ба дасти Худованд аст

ВАРЗОБИ
аСАДУЛЛО ВАЛИЗОДА ХАФА НАШАВ ГАПХОИ ТЕЛЕХАТОН САИД РОСТ АСТ. БОЗ ЧАНГ САР ШАВАД БА КИРГИЗИСТОНУ МАСКАВ БО ПУЛХОИ НАХЗАТУ ЭРОН МЕГУРЕЗИ МАРДУМИ КАМБАГАЛ ТАГИ ТИРУ ТУП МЕМОНАД. ИН ХИЗБИ НАХЗАТИ ИСЛОМИ ОН ХИЗБИ ДАВРАХОИ РАХМАТИ АБДУЛЛОИ НУРИ НЕСТ, ИНХО АКСАРАШОН ШИАВУ БОЗИЧАИ ДАСТИ ШИАХОИ ЭРПОНАНД ВЫА БАОЯШОН АКИДАВУ МАЗХАБ ФАРК НАДОРАД. АЗ ПУШТИ ХИЗ ХУБ БИЗНЕСМЕНУ ПУЛДОР ШУДИ БАС АСТ ЯК ЧО ЧИМ ШИН ХОЛО САРИ ВАКТ. ИНСОН ЯК БОР БА ДУНЁ ОМАДАВУ ЯК БОР МЕМУРАД ГУФТА КАМБАГАЛОРА БА ОТАШ ЯК БОР ТЕЛА КАРДЕД БАС БОРИ ДУЮМ ЧАРО?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)