Бахшҳо
05 фев 2015 11:09Ҳуқуқи инсон

Киҳо бештар даст ба худкушӣ мезананд?

Ҳангомаи ИСМАТ,
Носирҷон МАЪМУРЗОДА

Мақомоти вилояти Хатлонро афзоиши мавридҳои худкушӣ ва маргталабии сокинон нигарон кардааст. Танҳо дар соли гузашта 125 ҳодисаи худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ кардани шаҳрвандон сабт шудааст, ки 19 маврид бештар аз соли 2013 будааст. Чаро ин тамоюл рӯ ба афзоиш аст ва кӣ, чи гуна бояд онро пешгирӣ кунад?


Киҳо бештар даст ба худкушӣ мезананд?

Ба иттилои прокуратураи вилояти Хатлон, аз ҷамъи 125 нафари худкушикарда 71 нафарашон мардҳо ва 54 зан будаанд. Ҳамзамон мояи ташвиш аст, ки дар 23 маврид ноболиғон худкушӣ ё қасди худкушӣ кардаанд ва 21 нафар аз онҳо муҳассилони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ будаанд. Дар робита ба 19 мавриди худкушию маргталабӣ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст. Тарзҳои ба худкушӣ ва сӯйиқасд даст задани шаҳрвандон асосан бо роҳҳои аз хонаи баландошёна сарозер шудан, худовезӣ, худсӯзӣ, ба худ бо корд ҷароҳати ҷисмонӣ расонидан, истеъмоли аз меъёр зиёди дору ва дигар маҳлулҳо мебошад.

Ба иддаои равонпизишкон, мавориди худкушии мардон аз занон ва занон аз ноболиғон ба сурати умум аз ҳам фарқ мекунад. Мардон аксаран бинобар аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ таъмин карда натавонистани хонавода ва нодорӣ, бонувон асосан бар асари хушунат ва зӯроварии оилавӣ, ноболиғон ба сабаби тазйиқу фишорҳои равонӣ ва муносибати бадхашмонаи бузургсолон даст ба худкушӣ мезадаанд.

О., модари як духтари хурдсол, ду бор даст ба худкушӣ задааст, аммо бо талоши атрофиён аз марг раҳо шудааст. Шавҳараш ӯро бо духтараш дар кӯча танҳо гузошту бори зиндагӣ ба шонаҳои нозукаш гарон афтод. Аз он ки касеву ниҳоде ба дардаш дармон набахшид, хост ё худро оташ бизанад ё ба дор бикашад. «Аз зиндагӣ дилгир шудаам. Барои ҳамин чанд бор қасди худкушӣ кардам, бо роҳи оташсӯзӣ. Вале садди роҳам шуданд», - гуфт ӯ.
Акнун О., ба гуфтаи худаш, аз захмҳои дар натиҷаи қасди худкушӣ бардоштааш азият мекашад.

Бобоҷони Қаюмзод, равоншиноси тоҷик, омилҳои хатарзои падидаи худкуширо ба афсурдагии аз ҳад зиёди шаҳрвандон пайванд медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, бемории равонии афсурдагӣ дар пайи мушкилиҳои иҷтимоӣ, нобаробариҳои зиндагӣ, ғусса хӯрдан бо инсон рӯ ба рӯ мешавад. Ба пешниҳоди ин равоншинос, бояд занон аз банди қолабҳои шахшудаи суннатӣ берун шаванд. Яъне роҳи онҳоро ба майдонҳои варзишӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ ва гуфтугӯҳо бояд боз кард. Барои коҳиши воқеии ин зуҳуроти ногувор талошҳои муштараки давлат, созмонҳои башарӣ ва рӯҳониён зарур аст.

Мақомоти милиса ҳамчунин аз ҷавонзанҳое ҳам мисолҳои фаровон меоранд, ки ба тозагӣ оила бунёд намуда, бинобар сахтии рӯзгор қасди худкушӣ кардаанд. Тибқи мушоҳидаҳо, аксар ҳодисаҳои худкушӣ ё қасди худкушӣ дар деҳотҷой ва аз сӯйи онҳое, ки дар шароити бади иҷтимоӣ ба сар мебурданд, рух додааст.

Сабабҳои маргталабию худкушӣ чист?

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳисоботҳои худ доир ба сабабҳои худкушию худсӯзӣ мушкилотеро назири муноқишаҳои хонаводаӣ, хушунат, проблемаҳои иҷтимоӣ, вазъи сангини рӯзгор ва бемории рӯҳӣ мисол меоранд. Аъзамҷон Мирзоматов, пизишки асабшинос аз шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ки бемориҳои вобаста ба асаб ҳеҷ гоҳ сабаби худҳалоккунӣ гашта наметавонад. Ба иддаои ӯ, омилҳои қасди ҷони худ намудани мардум паст будани сатҳи зиндагӣ, тафаккури шаклногирифтаи наврасону ҷавонон ва беҳудуд поймол шудани ҳуқуқ мебошад.

Вале ба андешаи равоншинос С. Камолов, маргхоҳии занон бештар ба асаб ва амрози рӯҳӣ мансубият дорад. «Одамоне, ки бо алов задани худ, дар об партофтани худ, заҳролудкунии бадан, бо роҳи хӯрдани доруи бисёр, сирко ва монанди ин вомехӯранд, мумкин аст мубталои касали асабу рӯҳӣ бошанд. Асосан ба ин корҳо занон даст мезананд, зеро асаби заиф доранд ва сустиродаанд», - афзуд ӯ.

Маргхоҳии занон ба шарму ҳаёи шарқиёна ҳам тавъам аст. Зан, ки барояш иффату номус болотар аз зиндагонист, дар сурати ифшои ягон нуқсу камбудии ночиз ҳам ба ҷони худ қасд мекунад.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгаре, ки дар гузашта корманди милиса буд ва нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки дар робита ба ҳодисаҳои худкушӣ мақомот аксари вақт моиланд таҳқиқи сабаби онро ҷиддӣ нагиранд. Аз ин ҷост, ки танҳо дар пайи камтар аз 10 дарсади чунин ҳодисаҳо парвандаҳо ифтитоҳ мешаванд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки аксари ҷасадҳо кушода нашуда, сабаби марги афроди худкушикарда муайян намегардад ва дар бештари маврид танҳо аз рӯйи нишондоди шахсоне, ки ҷабрдидаро ба худкушӣ расонидаанд, ҳодиса тафтишу арзёбӣ мешавад.

Аммо як корманди масъули прокуратураи вилояти Хатлон гуфт, ки гоҳе муайян кардани омилҳои аслии худкушию маргталабӣ мушкил аст, чун худи хешовандон намехоҳанд, ки ҷасад кушода шавад ва таҳқиқи амиқи ин ҳодиса сурат бигирад. «Дар бархе ҳолатҳо худи хешовандон шаҳрвандро ба худкушию худсӯзӣ таҳрик медиҳанд. Муносибати дурустро ҳатто бо фарзандонашон раво намедонанд, мавриди латукӯб қарор медиҳанд. Мардҳо бо хонумҳои худ муомилаи хуб карда наметавонанд. Баъд аз ин ки худкушӣ сар мезанад, барои гурез аз ҷазо ҳалокшударо бадном мекунанду мегӯянд, ки вай аз қабл гирифтори бемории рӯҳӣ буд. Аз ҷониби дигар, вуҷуд доштани далели худкушӣ барои хешу табори маит низ ор аст. Аз ин рӯ, дар аксари маврид одамон факти суитсидро маҳфуз медоранд. Мо аз ҳамин сабаб таҳқиқи ҳар як ҳодисаи марбут ба худсӯзиро таҳти контрол мегирем, то ки омилони таҳрикдиҳанда ба худкушии шаҳрвандро ба муҷозот бикашем», - зикр кард манбаъ дар прокуратураи вилоят.

Ва аммо дар қиёс бо як сол пеш 19 ҳодисаи дигар афзудани мавориди худкушӣ таҳлилгаронро ба ин андеша бурдааст, ки поин рафтани сифати зиндагӣ, тарбияи заиф, ноогоҳии динӣ ва бедонишӣ, афзоиши низоъҳои оилавӣ ва талоқҳо шаҳрвандонро тазйиқ медиҳад ва ягона роҳи ислоҳ шудани авзоъро баъзеҳо дар маргталабӣ мебинанд. Юсуф Муҳаммадзода, ҷомеашиноси тоҷик, дар ин иртибот мегӯяд, ки худкушӣ як навъи ифодаи норозигии шаҳрванд аз вазъи баамаломада мебошад. «Худкушӣ ҳама вақт замоне сар мезанад, ки инсон дигар роҳи ҳалли мушкилоти худро намеёбад. Ва шахсоне, ки хаста мешаванд ва шояд аз мушкилот рӯҳафтода шудаанд, ба худкушӣ даст мезананд. Ҳоло дар ҷомеаи мо шумораи нафароне, ки ба кӯмакҳои равонӣ, маслиҳату машварати бузургон, ходимони дин ниёз доранд, хеле зиёд аст. Ба ин гурӯҳи осебпазир бояд сари вақт кӯмак кард, то худро барои ҷомеа нозарур эҳсос накунанд ва андешаи маргталабӣ ба сарашон наояд», - зикр кард Ю. Муҳаммадзода.

Ҳукми худкушӣ аз назари ислом

Худкушӣ ё сӯйиқасд ба ҷони худ кардан аз назари ислом ҳам гуноҳи азим ҳисобида мешавад. Диншинос ва рӯҳонии тоҷик Саидисмоил Сатторзода мегӯяд, ки тибқи шариати ислом нафаре, ки худкушӣ мекунад, дохили ҷаннат намегардад. «Пайравони дини ислом бояд бидонанд, ки нафарони ба худкушӣ дастзадаро аслан ҷаноза намехонанд. Ислом аз мусалмонон инро мехоҳад, ки дар ҳар мушкилоти ба сарашон омада бояд босабр бошанд. Ривоят аст, ки Расули акрам (с) яке аз саҳобагонро мегуфт, ки ӯ ҳаром мемирад. Баъзеҳо ҳайрон мешуданд, ки паёмбарамон (с) чаро ин ҳукмро баровард, зеро он мард ҳамеша намозашро дар вақташ ба ҷо меоварду парҳезгор буд. Баъдтар маълум гашт, ки он саҳоба ба бемориаш тоқат накарда, ба худкушӣ даст мезанад ва бе ҷаноза дафн мешавад», - зикр кард С. Сатторзода.

Худо бандагонашро дар Қуръон аз худкушӣ наҳй карда мегӯяд: «Ва худкушӣ накунед, ба дурустӣ, ки Худо ба шумо меҳрубон аст». Бар асоси ривояти Бухорӣ ва Муслим, паёмбари Худо (с) дар шаъни касоне, ки худкушӣ мекунанд, гуфтааст: «Ҳар ки худашро бо оҳане бикушад, пас дар оташи дӯзах бо он оҳан дар шикамаш мезанад, дар ҳоле, ки дар дӯзах абадӣ мемонад. Ҳар ки заҳре бинӯшаду бимирад, он заҳрро дар оташи дӯзах низ менӯшад, дар ҳоле, ки дар азоби он абадӣ мемонад. Ҳар ки худашро аз баландие партофта бимирад, пас, ӯ дар оташи дӯзах андохта мешавад дар ҳоле, ки дар он абадӣ мемонад».

С. Сатторзода дар шарҳи сабаби афзоиши худкушӣ дар миёни мардҳо (71 ҳодиса дар як сол) гуфт, ки азбаски масъулияти пешбурди зиндагии пурмашаққат болои мардон аст, шояд сабаби гоҳе аз тангдастию ноилоҷӣ ба худкушӣ даст задани мардҳо ҳамин бошад, ё шояд онҳо аз бекорӣ, ба сабаби бемории рӯҳӣ даст ба ин амали ноҷоиз мезананд. Аммо дар бисёр ҳолатҳо, ба назари С. Сатторзода, занҳо сабукӣ нишон дода, бинобар зери тазйиқу фишор ва зӯроварӣ қарор гирифтану ҷангу ҷидолҳои оилавӣ ба худкушӣ даст мезананд.

Афзоиши худкушӣ миёни ноболиғон мояи нигаронист

Дар рӯзҳои аввали соли 2015 хабари даст ба худкушӣ задани духтари ноболиғ М. Т. дар деҳаи Олтинсойи ноҳияи Носири Хусрав тамоми мардуми деҳаро ҳайратзада кард. М. Т. дар синфи 10 мехонд ва аз ҷиҳати донишу малака ва рафтори хубаш дар байни ҳамсинфон яке аз хонандаҳои намунавӣ ба ҳисоб мерафт.

Аммо ба қавли Сунатулло Ҷобиров, нозири гурӯҳи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Носири Хусрав, М. Т. тариқи овехтан даст ба худкушӣ задааст. «Аз рӯйи маълумоти пешакие, ки ба дасти мо расидааст, М. Т. аз майнӯшиҳои пайвастаи падараш ва ҷангу хархашаҳо миёни волидон ҷон ба лаб шуда, ягона роҳи халосиро дар худкушӣ дидааст», - зикр кард С. Ҷобиров.

Дар ҳамин ҳол, Ойбаҳор Сафарова, омӯзгори духтари ҳалокшуда, мегӯяд, ки Абдуназар Т., падари М. Т., ҳамарӯза дар кӯҳ сангҳоро майда карда, ба харидорон мефурӯхт ва модари М. Т. хонашин аст. «Сатҳи зиндагии оилааш начандон хуб буд ва ин равиши зиндагонӣ имкон дода наметавонад, ки Абдуназар Т. майпараст бошад, чунки бо маблағи бадастовардааш зиндагиашро ба зӯр таъмин карда метавонист», - афзуд ӯ. Яъне ҳанӯз ҳам иллати аслии маргталабии М.Т. норӯшан боқӣ мемонад.

Мисоли дигар: М. духтари 16-сола аз шаҳри Қӯрғонтеппа, аз ҷумлаи даҳҳо ноболиғест, ки қасди худкушӣ кардааст. Модари М. ҳангоме ки сигоркашии духтари мактабхонашро мебинад, ӯро сарзаниш мекунад. Аммо М., ки духтари хурдии хонавода ва ба истилоҳи мардумӣ, «эрка» калон шудааст, дар посух ба сарзаниши модар бо корд се дафъа ба шиками худ зада, аз тирезаи манзили истиқоматиаш, аз ошёнаи 2-юми бино худро ба замин сарозер мекунад. Бо ин вуҷуд, ки М. ҷароҳати сангини ҷисмонӣ мебардорад, ба бахти волидонаш, ҷон ба саломат мебарад.

Ба ин монанд ноболиғону ҷавононе ҳам ҳастанд, ки танҳо ба хотири тарс додани волидони худ қасди худкушӣ мекунанд, аммо аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат мерасанд. А., духтари 18-сола аз ноҳияи Панҷ, аз ҷумлаи чунин афрод аст, ки сирко нӯшида, дар натиҷаи заҳролудшавӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ реҳлат кардааст. Сабаби худкушии ӯ ин будааст, ки гӯё баъди хатми мактаб волидонаш натавонистаанд ӯро ба донишгоҳ шомил кунанд.

Дар баробари калонсолон ба ин амали номатлуб даст задани наврасон баҳсу баррасиҳоеро бар сари омилҳои ин тамоюл ба вуҷуд овардааст. Фарзияҳои расмӣ (маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) ҳокӣ аз онанд, ки аксари ноболиғон асосан ба сабаби нозпарвару эрка тарбият ёфтанашон ба танқисии рӯзгор ва танбеҳи падару модари худ тоб наоварда, қасди худкушӣ мекунанд.

Ҳанӯз Расули акрам (с) дар замони худ ба масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон таъкид карда буд. Қарзу фарзи волидон аст, ки онҳо фарзандони худро тарбияи хубу шоиста диҳанд, илм омӯзанд ва барояшон аз ҳалолу ҳаром, гуноҳу савоб, маданият ва хушодобӣ дарс гӯянд. Қонун «Дар бораи масъулияти падару модир дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳам инро тақозо мекунад. Аммо, мутаассифона, имрӯз мо бо фарзандони хеш кам машғул мешавем, дар хона барои суҳбат бо онҳо вақти кофӣ ҷудо намекунем. Мактаб ҳам бояд барои пешгирӣ аз чунин амалҳои номатлуб саҳми бештар гузорад. Омӯзгорон дар соатҳои тарбиявии худ кӯдаконро ба ҳаёти осоишта, зарурати илмомӯзӣ, худотарсию хештаншиносӣ ташвиқ кунанд.

Тамошои филмҳои фаҳш, вайроншавии ахлоқ ва истифодаи телефонҳои мобилиро низ аз сабабҳои афзоиши ҷинояткорӣ ва ҳатто худкушӣ дар миёни ноболиғон метавон арзёбӣ кард. Зеро чунин мисолҳо бисёранд, ки наврасе ё ҷавоне тариқи телефон бо ягон нафар робитаи дӯстӣ пайдо мекунад ва фирефта мешавад, ин ҳама бо худкушию маргталабӣ анҷом меёбад.

Фарзандони мо ба мо ниёз доранд. Бахусус, вақте падарон дар муҳоҷират ҳастанд, ё дар хона ба хушунату зӯроварӣ роҳ медиҳанд, фарзандон ҳам бинобар аз назорат ва ғамхорӣ дур мондан ба ҳар роҳ рафтанашон мумкин аст.

Чӣ бояд кард?

Аввалан, бояд сатҳи дониш, маданият ва ҷаҳонбинии ҷавононро баланд бардошт. Дар ин кор саҳми ВАО ҳам бояд муассиртар бошад. Раисони маҳаллаҳо вазифадоранд, ки шахсони камбизоат ва муҳтоҷро муайян карда, ба қайд гирифта, дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри расонидани кӯмаки моддӣ ба ин шаҳрвандон ва баланд бурдани сатҳи зиндагии онҳо чораандешӣ намоянд. Ба воситаи хадамоти шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират масъалаи бо ҷойи кор таъмин кардани онҳоро низ дида бароянд.

Ҳамчунин роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон вазифадоранд, ки дар байни мактаббачаҳо ва донишҷӯён зуҳуроти мудҳиши худкуширо маҳкум карда, ин ҳодисаҳоро пешгирӣ намоянд.

Бо назардошти эътиқоди мустаҳками мардуми тоҷик ба дини мубини ислом бояд саҳми уламои дар тарғибу ташвиқи дӯст доштани ҷону ҳаёт, нораво будани худкушӣ ва ғайра баланд бардошта шавад. Беҳтар он аст, ки ин гуна суҳбатҳо ва баромадҳо дар маҳаллаҳо, коллективҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимӣ гузаронида шаванд. Ин баромадҳо муштаракан, бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссияи кор бо ноболиғон, шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, афроди обруманди ҷомеа, пиронсолони рӯзгордида, кормандони бахши кор бо занон ва оила, маркази шуғли аҳолӣ, шуъбаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиву давлатӣ гузаронида шаванд.

Ҳамчунин бо волидоне, ки дар муносибатҳои ногувор бо фарзандонашон қарор доранд, суҳбатҳо гузаронида, тавсия дода шавад, ки тарзу усулҳои муносибат бо фарзандони ноболиғро омӯзанд.

Ҳоло мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳои деҳотро муваззаф кардааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои худкушӣ ва пажуҳиши сабабҳои майли ҷавонону ноболиғон ба худкушӣ гурӯҳҳои вижаи корӣ таъсис диҳанд. Бо таваҷҷуҳ ба ҷомеаи мусалмонӣ ва мазҳабгаро доштани мо дар гурӯҳҳои корӣ аз ҷумла имомхатибон ва рӯҳониёни саршинос ҳам шомил шудаанд.


Рӯзномаи "Хатлон"
Мӯҳр
нозанин
сарам дард мекунад хечкасро дидан намехохам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)