Бахшҳо
06 янв 2015 11:09Ҳуқуқи инсон

Се доғи бузурги як дили кӯчаки модар

Носирҷон МАЪМУРЗОДА

Муҳоҷирати корӣ гоҳе ноноварони хонаро якумр маслуқу маъюб мекунад; сабаби интиқоли тобутҳои муҳоҷирон ба Ватан мешавад ва ҳамчунин даҳҳо, шояд садҳо муҳоҷирбачаи тоҷикро дар кишвари паҳновари Россия беному нишон мекунаду хонаводаҳои ниёзмандашонро чашмбароҳ. Аммо оё қалби модари тоҷик, ки се писари муҳоҷираш маъюб, ҳалок ва нопадид шудаанд, тавони бардошти ин дарди ҷигарсӯзро дорад?


ОХИРИН ҲАРФИ ТОҲИР БА ГӮШИ МОДАР

«Очаҷон, ҳамин қадар мехоҳам, ки ба дидорат бирасам. Очаҷон, ман ба пешат меоям, ақаллан як бор сарамро болои зонуят гузорам, дигар армон надорам. Туро бисёр пазмон шудам, очаҷон! Мехоҳам, ки кӯдаквор оғӯшам гирӣ…»

Ин охирин ҳарфи Тоҳир Каримов, муҳоҷири 44-солаи тоҷик аст, ки тавассути телефон ба гӯши модари пираш расидааст. Ин ҳарфҳои ҷонсӯзро Тоҳир ҳангоме ба модар мегуфт, ки аз дасти бадхоҳонаш захм бардошта, дар беморхонае дар Россия бистарӣ шуда буд. Дили модар аз вуқӯи кадом як ҳодисаи нохуше гувоҳӣ медод, аммо аз он сӯйи гӯшии телефон писари деринтизорашро ба Тоҷикистон, ба назди худ мехонд, то ба канор бигирадаш, навозиш кунад, аз дидораш сер шавад. «Бачаҷон, акнун пир шудаам, такягоҳе надорам, вагарна худам ба наздат меравам. Ин қадар сол куҷо будӣ, ки дар интизорият чашмонам хира, дасту пойҳоям беқувват, қалбам реш шудааст. Туро ёд кардам, биё зуд, азизи дилам, биё», - гуфт модар ба писари «бемеҳр»-и аз дида дуру ба дил қаринаш. Аммо аз он сӯйи телефон дигар садое намеомад, ҷуз «гуд-гуд»-и телефон…

Холаи Майгун, ки 85 сол дорад, ба марги писараш Тоҳир, ки 12 сол бедарак буду танҳо чанд рӯз қабл аз расидани хабари маргаш садои ӯро тариқи телефон мешунид, ҳоло хун мегиряд.

ТОҲИРИ ҶАВОНМАРГ ВА СЕ ФАРЗАНДИ ЯТИМИ Ӯ

Холаи Майгун мегӯяд, ки аз писараш Тоҳир се фарзанд боқӣ мондааст, ки ҳоло дар Қӯрғонтеппа, дар шароити сангин ба сар мебаранд. Фотима, хоҳари Тоҳир (онҳо дуго ник будаанд), мегӯяд, ки бародараш азми бозгашт ба Ватан, ба назди модар ва хонаводаи худро дошт, аммо мушкили бешиноснома буданаш садди бозгашти ӯ мешуд. «Бо вай чанд рӯз пеш аз кушта шуданаш сӯҳбати телефонӣ доштем. Гуфт, вақте барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳо ба берун баромадам, як корманди пулис аз паям шуд. «Гурехта хона омадам» гуфт. Аз Тоҳир сабаб пурсидам. Гуфт, ки ӯ ҳам намедонад, аммо ҳис мекунад, ки вазъияташ хуб нест, ӯро таъқиб мекунанд. Ҳамин ҷо алоқа қатъ шуд. Рӯзи оянда худам тамос гирифтам. Гуфт, дирӯз шӯхӣ карда буд. «Ҳама ҷоям дард мекунад, маро дигар парешон накунед, монед ба рӯзи худам» гуфт. Овозаш меларзид, дар садояш оҳанги ранҷу азоби ҷисмонӣ эҳсос мешуд. Дар поёни суханаш танго мамин радар гуфт, ки пазмони модар ва фарзандонаш шудааст. «Ёдатон кардам, азизонам» - ин буд охирин ҷумлае, ки аз забонаш шунидам», - гуфт Фотима.

Ба гуфтаи Фотима, Тоҳир ҳанӯз соли 1999-ум бо мақсади мардикорӣ ба Россия рафта буд. Он замон алоқаи телефонӣ маҳдуд буд, ҳанӯз касе телефони мобилӣ надошт, биноан, робитаҳо гум шуданд ва бо сабабҳои номаълум, Тоҳир ба Ватан барнамегашт. Дар Россия Тоҳир мавриди ҳамлаи ду нафари рустабор шуда, бо ду захми корд кушта шудааст. Пулиси рус гумонбаронро боздошт карда, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ кушодааст, аммо пайвандони Тоҳир ҳоло намедонанд, ки ин парванда ба куҷо расидааст.

КОРШИНОСОН ЧӢ МЕГӮЯНД?

Дар ҳамин ҳол, баъзе коршиносони масоили муҳоҷирати корӣ мегӯянд, талошҳои мақомот ва сафорати Тоҷикистон дар Россия барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ва боло бурдани нуфузи кишвар нокофӣ ба назар мерасад, ки ниҳояти кор бо қатлу бадрафтории шаҳрвандони Россия нисбат ба муҳоҷирони тоҷик анҷом мешавад.

«Ин шахс ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар аз рӯйи ночорӣ рафтааст. Чунки дар дохили кишвар пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ, бо ҳақмузди шоиста ва кофӣ мушкил аст. Ҳоло агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират кӯшиш дорад, ки бо ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ, касбомӯзонӣ ва ҷудо кардани маблағҳои хурди қарзӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ кӯмак расонад. Ба муҳоҷироне, ки ба ватан бармегарданд, то 2 ҳазор сомонӣ қарзи боимтиёз дода мешавад, ки соҳибкорӣ кунанд ё умури кишоварзиашонро пеш баранд», - мегӯяд Ризоқул Ҷӯраев, корманди сарраёсати агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Хатлон.

Коршиносони масоили муҳоҷирати корӣ мегӯянд, дар сурати тақсими дурусту оқилонаи захираҳои меҳнатӣ дар Тоҷикистон имкон дорад, ки даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, зарурати аз ноилоҷӣ ба мардикорӣ ба кишварҳои хориҷӣ рафтани даҳҳо ҳазор шаҳрвандони қобили меҳнат аз миён бардошта шавад. Даҳҳо ва шояд садҳо иншооту корхонаҳои саноатӣ, ки дар ду даҳсолаи ахир хусусӣ карда шуданд, аммо ҳоло аз фаъолият бозмондаанд ё фалаҷ шудаанд, агар дубора фаъол карда шаванд, ё ба ихтиёри давлат вогузор гарданд, ба гумони ғолиб, аз ҳисоби барқарор кардан ва ё таксис додани ҷойҳои нави корӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам бамаротиб коҳиш хоҳад ёфт.

«ТОЛИБҶОНАМРО БАРГАРДОНЕД…»

«Толибамро ёбед, ҷон бачаҷон, писарамро ёбед. Аз ӯ ягон хабар надорам, садқаатон шавам, пайдиш кунед, ки биёяд пеши ману фарзандонаш. Умри ман ҳам рафтааст, 85-сола шудам. Орзу дорам, ки як бор пеш аз мурданам чеҳраашро бубинам…»

Холаи Майгун болои он ки пас аз 12 соли интизории фарзандаш Тоҳир танҳо ҷасади оғуштаи хуни ӯро дид, ҳоло дар фироқи боз як писари гумгаштаи худ месӯзад. Толиб Каримов – писари дигари холаи Майгун низ соли 2004-ум барои мардикорӣ ба Россия рафту тайи чанд соли охир аз ӯ на хату на хабар. Ин зани солманди фарзандгумкарда бо шунидани номи Россия нороҳат мешаваду ашки чашмонаш ҷорӣ. Вай пайваста худро сарзаниш мекунад, ки натавонист писаронашро дар пеши худ, дар Ватан нигоҳ бидорад, то имрӯз, дар дами пириаш, замоне ки бояд писарон модарро рӯйи даст бардошта, шароити хубу шоистаи зиндагиро барояш таъмин намоянд, аз кишвари муҳоҷират танҳо хабарҳои нохуше аз сарнавишти ҷигарбандонаш нашунавад. Лек тадбир куҷост…

…Толиб Боронович Каримов 25 майи соли 1969 таваллуд шудааст. Ба гуфтаи Моҳрафтор Абдуллоева, ҳамсари Толиб, вай моҳи январи соли 2004 ба қасди Россия тарки Тоҷикистон кардааст. Вай афзуд: «Кораш дар маркази Маскав буд. Охирин бор соли 2006-ум бо вай телефонӣ сӯҳбат карда будем. Ҳанӯз телефони мобилӣ надоштем, барои ҳамин ба телефонии хонаи ҳамсоя занг заду бо модараш ва ману писари калониам Оятулло сӯҳбат кард. Суханҳои ширин гуфт, фарзандонашро суроғ намуд. Пас аз он робитаҳо канда шуд. Натавонистем пайдо кунемаш. Танҳо баъзан овозаҳо мешунидем, ки гӯё дар Россия фавтидааст, ё дар маҳбас нигоҳдорӣ мешавад. Намедонем, ки ҳоло куҷост, чӣ ҳол дорад, саломат аст ё хайр…»

Ҳоло Толибро дар хона, дар деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтар модари пир, ҳамсар фа писаронаш Оятуллои 16 ва Ҳумайнии 13-сола интизоранд. Оятулло мегӯяд, ки чеҳраи падарашро тира ба ёд дорад, ки пуртабассум буд ва талош мекард, ки тамоми хостаҳояшро муҳайё созад. Аммо Ҳумайнӣ, ки замони ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани падараш ҳамагӣ 4-5 сол дошт, ҳоло мегӯяд, ки симои падарро танҳо тавассути аксҳо мебинад. Вай орзу дорад, ки мисли бачаҳои дигари деҳа падар дошта бошад. Аммо давраи кӯдакии Оятулло ва Ҳумайнӣ бе иштироки падар сипарӣ шуд. Ҳоло ин ду наврас бовар доранд, ки рӯзе падарашон ба суроғи онҳо хоҳад омад ва оилаашон ниҳоят комил хоҳад шуд.

АЗОБИ РӮҲИИ ХОЛАИ МАЙГУН, КИ ГӮЁ ПОЁН НАДОРАД

Се доғи бузурги як дили кӯчаки модарҲамакнун ба як дарди ин зани кӯҳансол дарди наве зам шуда, доғи фарзандон ӯро ба зону шинондааст. Ин ҳамон холаи Майгун аст, ду сол қабл писари дигари муҳоҷираш Наим дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи кормандони пулиси Россия маҷрӯҳ шуда буд.

…Аз моҳи октябри соли 2009 бад-ин сӯ Наим Каримов дар манзили зисти худ, дар деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба сар мебарад. Дар ҳоле ки мебояд вай таҳти муроқибати доимии табибон қарор гирифта, чанд амалиёти дигари ҷарроҳӣ дар баданаш анҷом шавад. Аммо холаи Майгун, модари солманди Наим, мегӯяд, ки барои муолиҷаи писари маъюбаш маблағе дар ихтиёр надорад ва аз дасткӯтаҳию нотавониаш баробар бо ранҷу азоби Наим, ӯ низ азият мекашад. «Ягона нонбиёри хона ҳамин Наимҷон буд, пул мефиристод аз Россия, худаму набераҳо ва келинҳоро таъмину нигоҳубин мекард. Писари дигарам Тоҳирҷонро ҳам миллатгароҳои рус куштанд. Намедонам, ки чаро ба сари мо ин хел азобу уқубат омад. Як писари дигарам ҳам «Россия меравам, оча» гӯён чанд сол пеш баромада рафт. Аз ӯ то ҳол на хат асту на хабар. Намедонам, ки ӯ зинда аст ё хайр. Фарзандони онҳоро ҳам Наимҷон парасторӣ мекард. Аммо ӯро ҳам маслуқ карданду ба пеши ман фиристоданд. Шаб то рӯз ин бачаам, ки бечора, ними одам шудааст, хоби дуруст надорад. Рӯҳан ва ҷисман ранҷ мекашад. Ба ҳолаш хун мегирям, аммо чора надорам. Охир худам нерӯ надорам, ки баромада кор кунам, базӯр картошкаю пиёз мекорам дар рӯйи ҳавлӣ, ки рӯзгорамонро пеш барем. Орду дигар озуқаи дуруст надорем ҳоло. Хеле ноумед шудаам дар дами пириам», - алами дил мекунад холаи Майгун.

Холаи Майгун бо писари маъюбаш Наим ҳоло дар як манзили кӯчаки таъмирталаб, дар шароити вазнин ба сар мебаранд ва мӯҳтоҷи кӯмаку пуштибонӣ ҳастанд. Ягона роҳату таскинбахши дардҳои ҷисми Наим силаҳои дасти модари пираш будааст.

ОҒОЗИ УҚУБАТИ МАРДИКОРИ ТОҶИК

Н. Каримов мегӯяд, 10-уми феврали соли 2009 кормандони полиси Маскав Роман Викторович Селезнев ва ду нафари дигар бо насабҳои Кондратюк ва Тюрин дар маркази шаҳр, дар «Прудний переулок», ба сӯйи вай тир холӣ кардаанд.

Полис, ки мехост Наимро аз манзили муваққатии зисташ иҷборан берун кунад, таҳдидкунон, тасодуфан ё шояд қасдан аз пушташ парронда, баданашро сӯрох кардааст. Ба гуфтаи ӯ, пизишкони бемористони ба номи Склифосовский, ӯро аз панҷаи марг раҳо карда, гӯё дубора зинда карданд. Зеро ҳароммағзаш тир хӯрда, ӯро фалаҷ кардааст, ки то ҳоло ҳам поинтар аз миёнаш комилан беҳаракат мебошад.

Наим мегӯяд, ҳашт моҳ дар бемористонҳои Россия муолиҷа гирифт, аммо ба ҷуз аз 2-3 муҳоҷири тоҷик, нафаре аз масъулони сафорати Тоҷикистон ё мақомоти тафтишотии Маскав аз ӯ суроғ накарданд. Ҳарчанд вай кормандони полисеро, ки ба ӯ ҳамла карда, ҳадафи тир қарор додаанд, мешиносад (ба гуфтаи ӯ, ҳатто дурбинҳои назоратӣ ё камераҳои хиёбонӣ ҳодисаи ҳамла ва тиркушоии полис ба сӯйи ӯро сабт кардаанд) ва собит кардааст, ки онҳо бе ягон далелу сабаб ба сӯяш тир кушодаанд, мақомоти прокуратура парвандаи ҷиноятӣ боз намуданд, аммо ба қазияи ӯ расидагӣ накарданд.

Бо ин вуҷуд, Наим мехост ҳақ ба ҳақдор бирасад ва тафтиши парвандаи ӯ аз сар гирифта шавад. Вай ба созмони ҷамъиятии «Мусоидати шаҳрвандӣ»-и Россия муроҷиат карда, аз масъулони ин созмон кӯмаки ҳуқуқӣ дарёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, созмони мазкур кормандони полисеро, ки ба ӯ беасос ҳамла кардаанд, мушаххас намуд. Аммо дар ҳоле ки Наим Каримов талаби ҷазо гирифтани онҳоро пеш овард, масъулони созмони «Мусоидати шаҳрвандӣ» ба сабаби номуайян ӯро иҷборан ба Тоҷикистон гусел кардаанд.

ЯГОНА ОРЗУИ МАРДИКОРИ МАЪЮБИ ТОҶИК

Наим фақат ҳамин орзуро дар боқии умраш дорад, ки дубора ба пой бархезад ва дар талоши ҳимоят аз ҳуқуқашу ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани полиси ҳамлавари Россия муваффақ шавад.

- Танҳо ҳамин қадар орзую ҳавас дорам одамоне, ки ба сӯйи ман бе ягон гуноҳ, қасдан, тир кушода буданд, ҳатман ба зиндон кашонда шаванд, то ба дигар кормандони полиси рус дарси ибрат шавад, - бо озурдагӣ дар оҳанги гуфтораш мегӯяд Наим. - Чунки мисли ман тоҷикони беҳуқуқу мӯҳтоҷ дар Россия садҳо ҳазор нафаранд. Даҳҳо тобути муҳоҷирбачаҳои тоҷик ҳар солу ҳар моҳ ба Тоҷикистон расида истодааст. Магар шартномаи Тоҷикистону Россия оид ба муҳоҷирати корӣ барои ҳамин аст, ки кормандони полис озодона, дар маркази Маскав ба сӯйи мо тир кушоянду аз ҷавобгарӣ озод бошанд?!

Аммо садои дилу нолиш аз дарди Наимҷонро ҳоло танҳо модар мешунавад, танҳо модар гӯши шунаво дорад…

БА ҶОЙИ ХУЛОСА

…Ҳамин тавр, муҳоҷирати корӣ ноноварони хонаро якумр маслуқ ва мӯҳтоҷи модарони пиру аъзои хонаводаи ниёзмандашон мекунад. Ҳамон гуна ки то ду сол пеш рӯзгори холаи Майгун ва набераҳояшро писари муҳоҷираш Наимҷон таъмин мекард, аммо муҳоҷирати корӣ ин ҷавони 39-соларо аз сарпарасту таъминкунандаи хонавода ба як нафари маъюбу дастнигари модари пир табдил дод.

…Муҳоҷирати корӣ дар баробари интиқоли миллионҳо доллар маблағ ба Тоҷикистон, мутаассифона, сабаби интиқоли тобутҳои муҳоҷирон ба Ватан мешавад, ки бо ҳазорон умеду ниятҳои нек ба хориҷи кишвар сафар кардаанд. Ҳамон гуна ки пас аз 12 соли мардикорӣ дар Россия на худи Тоҳир Каримов, балки танҳо турбати ӯро пеши модари пиру се фарзанди ятиммондааш фиристоданд.

…Муҳоҷирати корӣ ҳамчунин даҳҳо, шояд садҳо муҳоҷирбачаи тоҷикро дар кишвари паҳновари Россия беному нишон мекунаду хонаводаҳои ниёзмандашонро чашмбароҳ. Ҳамон гуна ки пайвандонаш роҳи Толиб Каримовро тайи 8 соли охир мепоянду замони кӯдакии фарзандонаш дар ғайби ӯ сипарӣ шуда, боз ҳам модари пираш аз бенишонии ӯ ҷигархун аст.

…Ва ин се сарнавишти як хонавода, се тақдири ҷигарсӯзи писарони як модари тоҷик мисоли равшани суду зиёнҳои қобили мулоҳизаи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Аммо офарини он дил, он дили холаи Майгун - модари бузурги тоҷик, ки сахттарин дарду доғ, доғи ҷигарбандонашро дар вуҷуди худ нигоҳ медорад.

Шояд танҳо зоҳири ниёзманду нотавонии писари маъюбаш Наим, ки мӯҳтоҷи парастории модари 85-солаи худ аст ва шояд умеди дидори писари 8 сол боз бедаракаш Толиб аст, ки ба ин модар тавони сабри ин ҳама сахтиҳои рӯзгор ва санҷишҳои Парвардигорро медиҳад.


Се доғи бузурги як дили кӯчаки модар


Дар аксҳо:
1. Майгун Каримова
2. Наим Каримов
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)