Бахшҳо
03 фев 2015 14:13Ҳуқуқи инсон

Зан – «шеф»-и хона!

Носирҷон МАЪМУРЗОДА

Аз 18 то 20%-и оилаҳои хатлониро занон сарварӣ мекунанд. Ин нишондиҳандаи хуб аст ё бад? Бавижа дар ҷомеаи суннатии мо, ки бештар мардсолор асту одат шудааст, ки мард - падари хонадон масъулияти таъмини иҷтимоӣ ва саробонии оиларо ба дӯш дошта бошад…


Марди хона – ЗАН…
- Саробони фарзандон – ЗАН…
- Нонбиёру таъминкунанда – ЗАН…
- Сухани охир ва ҳалкунандаро дар оила ЗАН мегӯяд…
- ЗАН оиларо назар ба мард беҳтар таъмин мекунад?
- Мардсолории суннатӣ ба ЗАНсолорӣ табдил меёбад?
- Замони Модаршоҳӣ бармегардад?
- Чаро ЗАН сарвари оила набошад?


ЗАНИ ПУЛДОР – ШАВҲАРИ «ЗАНКАЛОН»?

Хонум Манижа, ки шавҳари барҳаёт дораду модари се фарзанд аст, амалан сарварӣ ва масъулияти таъмини хонаводаашро ба дӯш дорад. Вай гуфт, ин масъулиятро ғайриихтиёр ба зимма гирифтааст, чун дар чанд соли охир ҳамсари ӯ наметавонад ҷойи кори доимӣ ва бо ҳақмузди кофӣ пайдо кунад. Аз ин рӯ, азбаски ягона ноновари хона Манижа будааст, ҳарфи охирро дар ҳар гуна тасмимгириҳои хонаводаӣ ҳам ӯ мегуфтааст.

Манижа дар ин робита мегӯяд: «Шахсан ман ҳамчун зан, ҳеҷ вақт дар оила, дар назди шавҳарам намегӯям, ки фалон мушкил дорем, норасоиамон дар оила бисёр аст. чӣ каму костие, ки дар рӯзгор бошад, ман худам онро ҳал мекунам, дар назди ӯ ягон маротиба намегӯям, ки рафиқ мардак, ҳамин камбудӣ ҳаст дар хона, чӣ кор кунем. Кӯшиш мекунам, ки сарамро дар санг занаму камбудию норасоии рӯзгорро худам бартараф намоям, чунки худам кор мекунам, пул меёбам…»

Маоши моҳонаи Манижа бештар аз 600 сомониро ташкил медодааст ва ҳамин маош айни ҳол ягона манбаи даромади хонаводаи ӯ будааст. Вай мегӯяд, одамон баъзан шавҳарашро барои он ки гӯё дастнигари занаш асту худаш ҷойи кору манбаи даромади молӣ надорад, «занкалон» меноманд. Аммо Манижа ҳурмати ҳамсарашро ба ҷо оварда, андешаи ӯро дар тасмимгириҳои рӯзгор ҳамеша ба инобат мегирифтааст.

САРВАРИИ ЗАН ДАР ОИЛАЕ АЗ ҶОМЕАИ МАРДСОЛОР

Ҳарчанд сарвари оила будани зан барои ҷомеаи суннатию, ғолибан, рӯ ба мардсолории Тоҷикистон чандон хос нест, аммо ба иддаои аҳли назар, солҳои охир ин раванд ба тамоюл табдил шудааст.

Натиҷаи як пажӯҳиш дар вилояти Хатлон ҳам ахиран собит кардааст, ки тақрибан дар 18, илло 20 дар сади хонаводаҳои маскун дар вилояти Хатлон асосан занон сарвари оила, яъне таъминкунандаи аслии рӯзгор ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки вилояти Хатлон аҳолии беш аз 2 миллиону 700-ҳазорнафара дорад.

Ин таҳқиқотро мутахассисони Раёсати агентии омори вилояти Хатлон дар миёни 900 хонавода аз навоҳии ҷануби кишвар анҷом дода, ба чунин хулоса омадааст, ки вазъи иҷтимоии оилаҳое, ки раҳбариашон ба дӯши занон аст, баробар ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии дигар аҳолии минтақа будааст. Ҷумъахон Ашӯров, корманди масъули идораи омори вилояти Хатлон, дар ин иртибот гуфт, тақрибан ҳеҷ як аз оилаҳое, ки сарваронашон занон ҳастанд, нодору ниёзманд набудаанд.

«Мизони муайянкунандаи сатҳи камбизоатӣ 366 сомонӣ аст. Яъне агар барои хариди маводи озуқа, сару либос ва пардохти дигар хизматрасониҳои пулакӣ, барои ҳар як узви хонавода дар як сол камтар аз 366 сомонӣ сарф шавад, ин оиларо камбизоат ҳисоб кардан мумкин аст. Ин меёъри муайяншуда аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аст. Аммо оилаҳоеро, ки сарвариашро занон ба зимма доранд, аз рӯйи ин меъёр камбизоат номидан мумкин нест», - афзуд Ҷ. Ашӯров.

ҲАР ЗАН ТО 7 НАФАРРО МЕХӮРОНАД

Оилаҳое, ки масъулияти сарварӣ ва таъминоташон ба дӯши занони хатлонист, ба ҳисоби миёна аз 6,7 нафар иборат будааст, ки ин рақами андак нест. Вай афзуд, занон барои ғизо ва заруратҳои дигари ҳар як узви оилаи худ ба ҳисоби миёна 96 сомонӣ дар як моҳ сарф мекардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки нону шакару чой ғизои аслии аксари сокинони вилояти Хатлон маҳсуб мегардад. Бар асоси таҳқиқоте, ки идораи омори вилояти Хатлон анҷом додааст, сокинони вилояти Хатлон бештар аз ҳама маҳсулоти нонӣ истеъмол мекардаанд ва нон тақрибан 40 дарсади маҷмӯи ғизои истеъмолии хатлониёнро ташкил медодааст.

«Сокинони вилояти мо бештар маҳсулоти нонӣ мехӯрдаанд, яъне 36,5 фоиз. Ба ғайр аз ин 11,5 дарсад маҳсулоти қаннодӣ, 11,5% маҳсулоти гӯштӣ, 3,5% картошка, 1,4% дигар маҳсулотҳо, 6,1% полезиҳо ва 1% тухм ва 10 фоиз мевагиҳоро исетеъмол мекардаанд. Тавре ки мебинем, беш аз се як ҳиссаи ғизои мехӯрдаи хатлониҳо аз нон иборат будааст», - мегӯяд намояндаи идораи омори вилоят.

Ҳарчанд сатҳи зиндагии мардум нисбат ба даҳ сол пеш беҳбуд ёфтааст, аммо ҳанӯз ҳам аз рӯйи табақабандии камбизоатон, шароити зиндагии 14 дарсади хонаводаҳо дар вилояти Хатлон “бад” арзёбӣ шуда, 40 фисади аҳолии минтақа зери хати фақр ба сар мебаранд.

Пажӯҳиши ожонсии омор ҳокист, ки шумори бештари оилаҳои нодор дар деҳот ба сар мебаранд. Зебуннисо Раҳимова, модари 5 фарзанд аз ноҳияи Бохтар мегӯяд, даромади моҳонаи хонаводааш на беш аз 500 сомонӣ буда, ҳар моҳ дар навбати аввал ӯ як халта орд ва 5 литр равған харидорӣ мекунад. Нону шакару чой ва картошка ғизои аслии хонаводаи Зебуннисо маҳсуб мегардад.

Ӯ мегӯяд: “Наметавонем орди фаровон харида. Орд, ки харидем, дигар маҳсулотро намехарем. Рости гап, қувватамон намерасад. Баъзан вақт таоми хамирӣ ё сахт мепазам, то ки нонамон “эконом” шавад. Аммо “қасам”-и гӯштро намехӯрам. Дар хонаи мо 7 нафар хӯранда, агар ба сари ҳама якбуридаӣ гӯшт дар хӯрок партоем, ба мо 2 кило гӯшт дар як ҳафта намерасад. Нархи гӯшт гарон аст, барои ҳамин фақат дар рӯзҳои ид мехарем. Баъзан агар ба мантупазӣ ҳавасамон кунад, фарш харида, таом мепазем, лекин, рости гап, “дандони гӯштхӯрӣ” надорем...”

“БАРАКАТИ ПУЛИ МАРДАК БЕШТАР АСТ”

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари занон ғайри хоҳиш ё ибтикори худ масъулияти сарварии хонаводаро ба дӯш гирифтаанд. Агар иддае аз занонро шавҳаронашон раҳо карда ва сарнавишти онҳо дар дасти худашон аст, гурӯҳе дигар ба сабаби солҳо дар муҳоҷирати корӣ будани шавҳаронашон бори зиндагӣ бар шонаҳояшон вогузор шудааст. Албатта, ин ҷо аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта ҳам бояд ёдовар шуд, ки боиси аз шавҳаронашон маҳрум гаштани даҳҳо ҳазор занони оиладор гардид.

Марям Раҳимова, устоди таълимгоҳе аз ноҳияи Вахш, мегӯяд, занони тоҷик қудрати дар танҳоӣ кашидани бори зиндагиро надоранд ва ба андешаи ӯ, ҳатман ки мард бояд масъулияти таъмини хонаводаро дошта бошад. Вай афзуд: “Бар ҳар ҳол дар оила мард калон, яъне раҳбар бошад, беҳтар аст. Масалан, ман устоди мактаб ҳастам, маълумоти олӣ дорам, 35 сол мешавад, ки бо ҳамсарам оиладорӣ мекунем. Шавҳарам низ маълумоти олӣ дорад, муаллим аст, аммо ҳеҷ гоҳ дар фикри зимоми сарпарастии оиларо ба дасти худ гирифтан набудам ва намехоҳам. Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳонаи ман агар 700 сомонӣ бошад, маоши ҳамсарам ба 300 сомонӣ баробар аст. Лекин ҳамин 300 сомонӣ маоше, ки ҳамсарам ба хона меорад, аз маоши ман ки ду баробар бештар аст, баракати бештар дорад. Фарҳанги зиндагии мардуми шарқ, аз ҷумла тоҷикон ҳам тақозо мекунад, ки мард бояд сарвари оила бошад. Чунки мард нисбат ба зан беҳтар ин масъулиятро ӯҳда мекунад”.

М. Раҳимова ба духтарони худ, ки ба шавҳар додааст, доим талқин мекунад, ки дар талоши маҳдуд кардани нақши мард ё ҳамсари худ дар сарварии оила набошанд.

ЗАНОН АЗ НОИЛОҶӢ САРВАРИ ОИЛА МЕШАВАНД?

Ҳамин тавр, бахши аъзами занони Қӯрғонтеппа ҳам иқрор мекунанд, ки саробонии хонавода барои мард осонтар даст медиҳад ва онҳо намехоҳанд, ки аз пеши худ ин масъулиятро ба зимма дошта бошанд. Ба унвони мисол, андешаи чанд сокини маҳаллиро дар ин мавзӯъ рӯйи коғаз меорем:

Санам, модари 4 фарзанд: “Бе мардина мушкил аст, хонаро идора кардан, таъмин кардан, кори ҳар зан нест. Дар ҳамсоягии мо ҳастанд ҳамин хел занҳо, ки шавҳаронашон дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳалок шуда буданд, ҳоло ноилоҷ фарзандонро худашон тарбия мекунанд. Лекин бисёр азоб мекашанд. Як дугонаам маҷбур гардид, ки зани дуюми марде шавад, то дар сарпарастии фарзандони ятимаш кӯмак кунад. Аммо он мард дар тарбияи фарзандонаш иштирок накард, баръакс, фарзандонашро хор намуд. Ноилоҷ, ҷудо шуд....”

Моҳлиқо, сокини 35-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа: “Мард дар хона сардор набошад, тарбияи кӯдакон, бахусус писарон душвор мешавад. То ба камол расидани онҳо ҳузури ҳамешагии мард дар оила нақши муҳим дорад, аз ин рӯ, бояд дар оила мард сарвар бошад”.

Гулчеҳра, сокини ноҳияи Бохтар: “Аз рӯйи мусулмонӣ гирем, сардори оила бояд мард бошад. Лекин ҳоло мебинем, ки занҳоро ҳамсаронашон партофта мераванд, баъзеяшон ҷудо мешаванд, ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ноилоҷ занон худашон масъулияти тарбия ва таъмини хонаводаро ба дӯш мегиранд. Занҳо худашон намехоҳанд, ки кори вазнин кунанд, ба бозор раванд ё дигар корҳои сахтро иҷро кунанд, аммо илоҷи дигари таъмини рӯзгорро надоранд”.

ЗАН АГАР САРВАР НАМЕШУД, ХОР МЕМОНДЕМ МО?

Вале гурӯҳе аз занҳо ҳам ҳастанд, ки масъулияти саробонӣ ва сарварии оила аз сӯйи занонро нишонаи рушди ҷомеа ва баробарҳуқуқии марду зан унвон мекунанд. Ба андешаи аҳли назар, занон набояд заифнолӣ кунанд, чун дар замони муосир таъмини хонавода, дарёфти маблағ ва тарбияи фарзандон натанҳо барои занон, балки барои мардон ҳам кори саҳл нест. «Дар ҳоле ки тамоми ҷаҳон, аз ҷумла созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, фаъолони ҳуқуқи башар, таҳлилгарони масоили гендерӣ ва худи занон даъвои баробарҳуқуқӣ мекунанд, масъулияти саробонии оила низ миёни мард ва зан бояд баробар тақсим шавад», - баъзе аз коршиносон.

Сарфи назар аз ин ҳама, дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки бештар аз мусалмонон иборат асту фарҳанги зиндагию рӯзгордорӣ дар чаҳорчӯби шариати ислом ташаккул ёфтааст, тамоми масъулиятҳои таъмину саробонии оила асосан вазифаи мард шинохта шуда, занҳо бештар масъулияти тарбияи кӯдакон ва кадбонугиро ба ӯҳда доранд. Аммо коршиносон мегӯянд, афзоиши фақру нодорӣ, набуди ҷойҳои корӣ бо дастмузди кофӣ ва муҳоҷирати даҳҳо ҳазор марди қобили кор ба хориҷ аз кишвар, ҳамин масъулияти саробонии хонаводаро ғайриихтиёр ба шонаҳои зан вогузор кардааст.


Нашрияи "Хатлон"
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)