Бахшҳо

Шерзамонов: Барои салом бо мо ба прокуратура даъват мекунанд

Алим Шерзамонов, раиси дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон ва номзад ба Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи 41, «Хоруғ» мегӯяд аснои вохӯрӣ бо интихобкунандагон аз рӯзи 11 то 14-уми феврал дар ноҳияи Ишкошим, дучори фишор аз ҷониби мақомоти қудратии ин ноҳия шудааст.

Ҷаноби Шерзамонов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “одамоне, ки бо мо салому суҳбат карданд, рӯзи дигар ба прократура даъват шуданд. Дар баъзе ҷойҳо мақомоти қудратӣ ба ҳамон нафароне, ки мулоқот доир мекарданд, фишор меоварданд. Дар дигар минтақаҳо худи раисон садди роҳи вохурӣ мешуданд.”

Ин номзад ба Маҷлиси намояндагон мегӯяд дар 6 рустои ноҳияи Ишкошим вохурӣ доштааст: “Мо ба рустоҳои бештар ташриф овардем, вале дар аксарияти онҳо бо ҳар баҳона аз фароҳам кардани вохурӣ сарпечӣ мекарданд. Ҳангоме ки мо дар баъзе ҷойҳо барои фароҳам кардани вохурӣ одам пайдо кардем ба онҳо фишор оварда шуд. Якеро даъват, дигареро бозпурсӣ мекарданд ва ба саввумӣ ба маслиҳати бародарона медоданд, ки ба ин одам наздик нашавед.”-мегӯяд Алим Шерзамонов

Дар ҳавзаии якмандатаи рақами 41 “Хоруғ” панҷ номзад барои курсии вакилӣ рақобат мекунанд. Ба иттилои Давлат Алиназаров, раиси ҳавза номзадҳо Акрамшо Фелалиев вакилии феълии порлумон аз ҲХДТ, Абдуласан Мамадасанов, мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқи ҳукумати ноҳияи Шуғнон аз ҲАТ, Сайёрамо Замирова, муовини раиси ноҳияи Ишкошим ба тариқи худпешбарӣ, Алим Шерзамонов, раиси кумитаи иҷроияи ҲСДТ дар Бадахшон, аз ҲСДТ ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афзун Қурбонзода сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, аз ҲИИТ вориди рақобат шудаанд.
Мӯҳр
шерзамонов хеч вакт сиёсатшиносу сиёсатмадор набуд ва намешавад. Танхо назари нотавонбинона дораду халос!

салим
чаноби акмал дар ин кишвар киро сиёсатшиносу сиёсатмадор мебини албатта бар истиснои худат?

муосир
ИИИ Алим Шерзамоновро хозирам нисбаташ парванда накушоданд. Ин кадар чиноят мекунаду дар озоди аст...

Шерзамонов факат ягона устои ташкилкунандаи гирдихамоихои бемахниву бемаксад ва нооромкунандаи вазъияти Бадахшон мебошад.

о
Шерзамонов ба пеш. Мо аз депутатхои лаганбардори муттахам монда шудем. Тамоми хешу таборам ба ту овоз медиханд.

Мухтарам администратор Шумо хам Лаганбардор Хастед ду дона посух навиштам кучо карди.Мард бошед Бузгариро накунед

Акаи Шерзамон, мегуфти ба кадом прокуратура одамонро даъват карданд. Мумкин прокуратураи Франсияро дар назар дори?

Э акаи Шерзамон ягон бахонаи дигар наёфти! аллакай маълум аст, ки худро маглуб хисоб мекуни. мардуми Ишкошим ва умуман Бадахшон худашон намехоханд бо Шумо вохури кунанд ва гапхои Шуморо бовар кунанд. Охир онхо медонанд, ки шумо ягон гапи гуфтагиатонро ичро карда наметавонед. чунки ки шумо барои ичрои гуфтахои худ имконият, кобилият ва кувват надоред.


Бародарони азиз! Харгиз хагоми навишатни акида шитоб накунед. Алим шерзамонов як омузгори одди аст ва хеч вакт бо мафия сару кор надорад. Мисли мову шумо як инсони одди аст. агар шумо уро ба сепарасти ва чудоихудои мутаххам мекунед хато мекунд. Агар у мехост Бадахшон аз Точикистон чудо бошад, харгиз номзадии худро ба порлумони кишвар пешниход намекард. Халим факат мехохад. ки хар як точик дар Точикистон худро озод эхсос кунад. Гуломи хар касу нокас ва бесаводу духон набошад.Агар шумо хохед. ки дар Россия ва хам дар ватани ачдоди шуморо тахкиру тахдид кунанд, пас ба Алим овоз надихед. Медонед мард факат як бор чон медихад, номард чанд бор. Чаро ки номард аз тарси чон дар хар лахза борхо чонаш аз тан мебароядва боз хам зинда мемонад. Аз н мурдан бехтар аст. Точик кавми кадим аст ва бояд сарбаланду сарфароз боршад!

Мухтарам, Чаноби Шерзамон! ба кадом прокуратура кадом одамонро даъват карданд? Ягон бахонаи дигар наёфти!!! Барои он, ки номзад овози мардумро ба даст орад, зарур аст, ки хизб ва ё дигар ташкилоти чамъияти барномаи созанда, барномаи амалишаванда, барномаи ичтимоиёт ва барномаи хифзи хукук ва озодию манфиати инсон ва шахрвандро дошта бошад. Интихобот нишон медихад, ки кадом хизбе ки ин барномахоро дошта бошад, галаба мекунад ва дигар хизбхо бо бахонахои гунонгун худро сафед кардани мешаванд.

ХСДТ ва аъзоенаш. Зури бехуда миен мешиканад. Бехтараш хамагон ба дашту сахро бароед ва бо киштукор машгул шавед. Рохгузар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)