Бахшҳо

Нигаронии раиси Ҳизби аграрӣ аз вазъи деҳқони тоҷик дар дидор бо интихобкунандаҳо

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар суҳбат бо интихобкунандаҳо аз вазъи бади деҳқони тоҷик ва хатари ҷиддӣ ба амнияти озуқавории кишвар ҳушдор додааст.

Латифзода дар вохурӣ бо интихобкунандаҳои вилояти Суғд гуфтааст, “ҳарчанд дар мамлакат маводи озуқа аз рӯи аксари намудҳо ба қадри зарурӣ истеҳсол мегардад, баъзе маҳсулоти соҳа, аз ҷумла гандум, равған аз хориҷ ба маротиб зиёд ворид мегардад.”

Ба гуфтаи ӯ, ин раванд ҳам ба амнияти озуқавории Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дошта ва ҳам истеҳсолкунандагони ватаниро ба мудохилаи шадиду ногувори маводи хориҷӣ рӯбарӯ мекунад: “Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ чораҳои самарабахш аз қабили татбиқи таҷрибаи аз тарафи давлат бо нархҳои кафолатнок харид намудани қисми маҳсулоти истеҳсолнамудаи кишоварзон ва ҷорӣ намудани дигар намудҳои ҳавасмандгардонӣ барои истеҳсолкунандаи ватанӣ бояд андешида шаванд.”

Раиси Ҳизби аграраии Тоҷикистон аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки ҳоло як деҳқони тоҷик 3-4 нафарро бо маводи ғизоӣ таъмин мекунад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, як фермери Исроил 95, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико-79 ва Русия 15 нафарро таъмин мекунад ва дар ҳоле ки теъдоди узви як оилаи деҳотии Тоҷикистон маъмулан ба 6-7 нафар мерасад, заҳмати солонаи аксарияти марди деҳқон барои таъмини талаботи ҳатто оилаи худ кифоя нест: “Аз сабаби паст будани малакаи касбӣ, риоя накардани агротехнология, истифодаи нокифояи техникаи кишоварзӣ, тухмиҳои сифатнок ва нуриҳои минералӣ самаранокии истеҳсоли маҳсулоти соҳа паст мебошад. Деҳқони тоҷик дар ҳоле 3-4 нафаро бо озуқа таъмин мекунад, ки теъдоди узви як оилаи деҳотии Тоҷикистон маъмулан ба 6-7 нафар мерасад.”

Дар вохӯриҳои раиси ҲАТ бо интихобкунандаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд масоили марбут ба ҷавонон, мушкилоти шуғлу истироҳати онҳо ва шароити иҷтимоию фарҳангии деҳоти вилоят, чораҳои ҳалли онҳо ва беҳтар кардани шароити кору зиндагии мардуми деҳот, аз ҷумла тавассути таҳияи қонунҳои дахлдор ибрози назарҳо шудааст.
Мӯҳр
Кам шудани истесоли маводи озука на дар "сабаби паст будани малакаи касбӣ, риоя накардани агротехнология", балки дар баландии андоз аст. Масалан як декони одди то соли 2013 барои як гектор замин 622 сомони андоз месупорид. Харочоти обаш 180 сомониро мешуд, ки дар умум маблаги 800 сомониро ташкил медод. Аз соли 2013 ин тараф масалан дар Панчакент микрохочагихо ташкил шуданд. Дехкон акнун дар баробари ин 800 сомони мачбур аст, ки дар як гектор замин барои 12 нафар андози ичтимои пардохт намояд. Андози ичтимои барои як нафар дар замин дар як сол 120 сомони мукаррар карда шуда, барои 12 нафар 1440 сосониро ташкил медихад. Яъне 1440 сомони бар болои 800 сомони дар 1 гектор замин зам гардид ва 2240 сомониро ташкил дод. Ин 2240 сомони андози хатми барои 1 гектор аст. Акнун худатон казоват кунед, ки агар ба ин нарх нархи чуфти замин, хакки кишту кор ва хизмати кормандонро илова кунем чи кадар мешавад? Оё кор кардан дар замин манфиате меорад? Шахсан ман танхо ба хотири аз даст нарафтани замин ин хама маблагро аз хисоби фарзандони мухичрам супорида истодаам ва хеч фоидае аз замин намегирам.
То он рузе, ки андоз кам шуда, ба дехконон кумак нашавад хеч бехбудие интизор нашавед. Акнун фахмидед ки сирри ташкили чойхои кории иловаги дар вилояти Сугд дар кучост?. Ба як гектор ба чойи 1 нафар 12 нафар ба кор таъмин карда шуд))))
Мо бояд аз тачрибаи Озорбойчон истифода бурда, истифодаи заминро барои дехкон таоман ройгон намоем. Ана он гох пули андозу дигару дигарро у дар замин харч мекунад, дорухои минерали мехарад ва аз замин хосил мегирад. Танхо дар хамин вакт таъмини амнияти озукавори амали хохид шуд. Дар акси хол "Ту напурс чони бобо. Ту напурсу ман нагуям".

Мадина
Бале дехкононро бояд дастгирй кард. Бузургони рузгордида гуфтаанд, ки "Нон бошад сурудхам мешавад"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)