Бахшҳо

Профессор Бахтиёри Аббос: Нейроҷарроҳӣ амали нозук ва мураккаб аст

Чаро аксари нафароне, ки ба касалиҳои гуногуни муҳра гирифторанд миёни хамзада, гардани каҷ, зери фишори рeom доимо бо абрӯвони гирифта, норозӣ аз худу аз олам, ҳузнангезу афтодаву зор, рӯзҳои ҳаёташонро сипарӣ мекунанд?
Чаро бо ҳасрату ҳавас ба солимтанон назар мекунанд, аммо худ дар пайи ислоҳи вазъияти ташвишоварашон намешаванд? Шояд ба куҷову ба кӣ муроҷиат карданашонро намедонанд ва ё алаккай чандин маротиба табобат гирифтаву маҳсулу самараи онро надидаанд? Пас, чӣ бояд кунанд?
Сараввал умедашонро набояд аз даст диҳанд! Умед аст, ки моро зинда нигаҳ медорад ва талошу кушиш аст, ки моро наҷот медиҳад!
Ба ин тоифа пайки хуш медиҳем: ноумед набошед, мо ба шумо мадад мерасонем ва саломатии шуморо пурра барқарор мекунем! Марҳамат ба бемористони мо – макони амалишавии орзуҳо!
Дар Беморхонаи Ибни Сино тамоми бемориҳои вобаста ба муҳраву омоси ҳароммағз, дар олитарин шароит ва бо ҷалби беҳтарин мутахассисони хориҷӣ, дар муддати кутоҳ, бо сифати баланду натиҷаи қаноатбахш гузаронида мешавад! Мо кафолат медиҳем, ки Шумо бо тани солим ва руҳи болида ба хонаатон бармегардед!

Ин навиштаро хондаму роҳ сӯи бемористон пеш гирифтам. Ва пас аз дидану шарҳи вазоифи таҷҳизоти тибии шӯъбаи нейроҷарроҳӣ суҳбати кутоҳе доштам бо мутахасси шӯъбаи мазкури Бемористони Ибни Сино профессор Бахтиёри Аббос, ки фишурдаи онро манзури хонандагони нуктафаҳм мегардонем:

Муҳтарам доктор, лутфан мегуфтед ин шӯъба баробари ифтитоҳи бемористон ба кори худ шурӯъ кард ё баъдтар?

Бахтиёри Аббос: Тасмими кушодани шӯъбаи нейроҷарроҳӣ дар Бемористони Ибни Сино замоне қабул гардид, ки роҳбарияти бемористони вазъияти ин соҳаро дар кишвар таҳлил карда, ба қароре омаданд, ки таъсис додани чунин як бахш бо ҳама таҷҳизоти замонавии тиббӣ шарт ва зарур аст, то ки гирифторони ин гуна бемориҳо тавонанд дар дохили кишвар бидуни сафар намудан ба хориҷа ва сарфу хароҷотҳои гарон худро табобат намоянд. Яъне каме баъдтар. Тўли фаъолияти дсесолаи худ мутахассисони варзидаи ин бахш беш аз 140 амали ҷароҳии чурраи байни мӯҳраҳои сутунмӯҳра, спондилолистез ё бартараф намудани беҷошавии мӯҳраҳо, спондилолиз - бартараф намудани ноустувории мӯҳраҳо бо воситаи лавҳаи титан ва плпстинаро анҷом доданд, ки ҳамагӣ бо муввафақият буд.

Боз кадом намуди ҷарроҳиҳо гузаронида мешаванд?

Бахтиёри Аббос: Мутахассисони мо ҳар гуна ҷароҳиҳои сутунмӯҳраро дар сатҳи баланди ҳирфаӣ анҷом медиҳад. Ба воситаи лавҳаи титание, ки байни мӯҳраҳои сутунмуҳра гузошта мешавад, сутунмӯҳраи бемор дубора мустаҳкаму солим мегардад.ба қарибӣ бемореро, ки аз баландӣ афтида, сутунмўҳрааш аз ду ҷой шикаста буд ба беморхонаи мо овардаанд. Пас аз ташхиси зарурӣ ҷарроҳии фаврӣ гузаронида шуд ва бемор ҳоло пурра саломиаташро барқарор кард.

Инчунин нейроҷарроҳони бемористон ҳамзамон ба ҷарроҳии аз байн бурдани омоси ҳароммағз, косахонаи сар ва мӯҳраи гарданаи сутунмӯҳра даст мезананд, ки хеле амалҳои нозуканд. Бозомўзии тадриҷѝ, соҳиб будан ба таҷрибаю малакаи зарурӣ, истифода аз таҷҳизоти мудерн ва дар миқёси ҷаҳонӣ эътирофшуда кори табибони бемористонро бамаротиб осонтару босифаттар месозанд. Мавриди зикр аст, ки таҷҳизоте, ки беморхонаи мо дорост, хеле нодир ва гаронбаҳо буда, мутахассисони мо пурра аз он истифода бурда метавонанд.

Дар расонаҳо оид ба анҷоми ҷарроҳии мағзи сар иттилоъ гирифта будем, дар ҳамин маврид чанд сухан мегуфтед.

Бахтиёри Аббос: Нуктаи мавриди таваҷҷуҳ ин аст, ки соле пеш, дар ин бахш бори нахуст амали аз байн бурдани омоси майнаи сар бомувафақона анҷом ёфт. Беморони ҷароҳишуда ба ҳолати маъмулӣ баргашта, имрӯз зиндагии фаъолро идома медиҳад. Маърифатнокии тиббии шаҳрванро инҷо истисно набояд кард, ки бемори ҷарроҳишуда, донишҷўи Донишкадаи тиббӣ буд ва бошуурона ба ин иқдом розѝ шуд. Ҳоло бошад ў дар бемористони мо ба фаъолият шуруъ кард ва яке аз мутахасиони баланддараҷа мебошад.

Албатта, ки ҳамагуна ҷарроҳӣ кори мушкил ва серхарҷ аст, қиммати он ба истилоҳе мардумро «наметарсонад»?

Бахтиёри Аббос: Вобаста ба намудҳои ҷарроҳӣ нархи он ҳам фарқ мекунад. Нархҳои мо дастрас ва мутаносибан қобили қабуланд, инчунин дар якҷоягӣ бо ширкати «Суғуртаи миллӣ» роҳбарияти бемористон, вазъи иҷтимоии аксари аҳолиро ба назар гирифта имтиёзҳои ҷолибе пешниҳод кардааст, ки дар натиҷаи суғурта кардани худ ва наздикон нархи табобат дар бемористони хеле поин меравад.

Ҳ. ҲИКМАТЁР
Мӯҳр
111
сабаби ин кадар реклама кардани Беморхонаи Ибни Сино дар чи бошад???
дар Точикистон табибони бехтару сатхи нагзи табобат хаст ку...
нархи Бемористони Ибни Сино на ба хама дастрас хаст

мо рафтему табобат кадем, нархаш , бовар кунед аз болнитсахои худамо арзонтар аст. зато табобат мегири ва сихат мешави охи! тем боле сугурта дошта боши тамоман арзон табобат мегири!!! лично ман дига ягон чои дигар намеравам !

корафтода,
хамаш дуруге хич арзон нест ,нархо монанди техроне ,гароне ..интур реклам мекунанд гуё бехтарин чое боши-дуруге.сад марте хубе медгородок

табобати босифат мехоҳӣ, пас Бемористони Ибни СИНО беҳтарин ӣемористон аст! эконом кардан хоҳӣ суғурта мекунӣ ба 150 сомонӣ! тамом , саҳат шуда пеши зану фарзандон мерави!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)