Бахшҳо

Пашша ё муҳити пашазо. Кадомеро бояд аз байн бурд?

Сайф САФАР

Гузоришҳо дар бораи муллоҳо, ки даст ба корҳои аҷибу ғарибе мезананд, дар соли гузашта аз тариқи “Шабакаи аввал” фаровон ба намоиш гузошта шуд. Шаъну манзалату ин қишри ҷомеа то андозае дучори уфти чашмрас гардид ва аз руҳониёни порсову парҳезгор ҳам чеҳраи хашан барҷой гузошт. Аммо, аз чӣ бошад бо ин ҳама ифшогариҳо ҳоло ҳам мардум бароҳатӣ дар доми муллои инчунинӣ дармемонанд ва “кӯр ҳар бор асояшро гум мекунад”.

Намунаи “беҳтарин”-и ин намоишҳо қазияи “Шайх Темур” буд, ки ҳамаро пойи телевизион шинонду чанд рӯзи дигар маҳфилҳои хосу омро гарм нигоҳ дошт. Дар ҷойи шигифтӣ ва суолгузорист, ки чӣ гуна тавониста ин теъдод мардумро мӯътақид кунад? Чиро дар ҷомеъаи мо ба мулло то ин ҳад эътимод аст? Ин эътимод аз чӣ маншаъ мегирад? Ба назар мерасад, ки давлат бо намоиш додани ин гуна наворҳо ба гӯнае алайҳи ин даста падидаҳо мубориза мебрад, вале ҳоло ҳам то пирӯзӣ роҳ ҳаст. Умед дорем, ки ҳарчӣ зудтар бирасад. Вале, фикр мекунам ин наҳваи мубориза мувофиқ нест. Мегӯянд, мубориза бо пашша наметавонад онро ба нестӣ бубарад; муҳити пашшазоро бояд нест кард.

Гуфта мешавад, ки “Шайх Темур”ба табобати беморон ҳам машғул будаву мансабдорон ҳам барои дуогирӣ ба дидори ӯ мерафтанд. Чаро бемор ва чаро мансабдор? Имрӯз, ки дигар ба табибон боварӣ намондааст, пойи беморонро ба даргоҳи Шайх Темур мекашонад. Мариз аз ворид шудан ба дари беморхона аз пӯшидани “бахил” шурӯъ мекунад ва то берун шудан аз ин даргоҳ бояд ин ҷо он ҷо пул бидиҳад. Пизишк барояш дар чанд саҳифа доруву дармон менависад ва амр мекунад, ки инҳоро танҳо аз фалон дорухона пайдо мекунӣ. Кас агар аз як ҷояш шикоят дошта бошад ба ҳангоми ташхис чанде дигар беморӣ пайдо мешавад. Аз ин ҷиҳат кас тарҷеҳ медиҳад, ки ба пеши мулло биравад. Як бор ки рафт дигар мулло худ беҳтар медонад ва роҳат дар қафас мемонад.

Мансабдор, хосатан мансабдрони сутуҳи боло ҳам, ки шумори камашон даст дар ришваву пора надоранд мераванд назди мулло ки дуо бигиранд, то чашми мақомот дар баробари эшон кӯр шавад. Ҳоло суоли беҷавоб ин аст, ки чӣ мардуми авомро ба назди чунин “шайхҳо” мебарад? Фикр намекунед, ки эҳтиёҷ ва эътимод аст, ки халқи оммиро гирди “шайхҳо” мебарад?

Шояд ба ҷои пахши чунин наворҳо тавре фаъолият намоем, ки эҳтиёҷоти мардум бароварда шавад ва мардум ба низоми ҳокимият бахусус ҳокимияти маҳаллӣ эътимод дошта бошад?

P.S Воқеан тавре дар навор дида мешавад шайх Темур низоми “ҳукумат”-и худро таъсис додааст.
Мӯҳр
Мурабби
Э гулак! 1400 сола кинора тамом каран даркор! Чи мебарад назди шайх! бемаърифати тарс вахмхои дуруг мухмалот ва мавхумот чи мебарад назди шайхо афкори динии бебуну асос ки аз аввал бо катлу горат омад ва холо идома дорад. Рохи начот хаст дин кори шахсист аз давлат тамоман дур карда дар синахои мардуми бемаърифат гашта гур кардан лозим ин тафакурро ва табдил кардан ба як роху равиш ва андешаву чахонбинии шахси хар кас иддаои диндониву (албатта диндориаш кори шахсиист) рохнамои дар ин рах карда саллаша дар кафош зада хабс кардан... бигзор мардуми мо хам аз ин вахму эхтимолоти азоби кабру рузи киёмату ки хамма бар пояи тарсу вахмонидан мардум бино шуда озод шуда асабошон ором бигирад намозро ба як кори шахси диндориро ба як кор шахси табдил кардан бо зур албатта зеро кишвари мо дунявист яъне гайридини хукукбунёд демократи ва сохибистиклол хадди акал дар ном мо ба он такя мекунем. хизб ба хеч дине тааллук набояд гирад на исломи на масехи на зардуштиву дигар. дар он сурат мо мисли одам зиндаги мекунем албатта конун хеле пурзур карда шавад. То тарс ва вахмхои хирадкуш ва хуши инсонро зиндони кунанда дар чомеа хаст фахшо, мулло чоду сехр ва золика боки хохад монд Валлоху аълам варамутуллохи вабаракотуху!!

.
Ту журналист хам дар мех мезаниву хам дар наъл. И волки сыты и овцы целы. Журналист бояд мавкеи кушоду равшан дошта бошад, сиехро сиех гуяду сафедро сафед. Барои хамин бахоят 2.

Зоиров
Ту мурабби худатро доно гирифти, агане ту хам мисли хамонхо фоида бини даводав ин короро анчом медихи

Сафар
Бародари азиз гапхо ва хулосахоятон беасос. Ман дар масъалаи беморхонахо бо шумо рози хастам то андозае. Вале ин мардум ки бештар ба пеши шайху муллохо мераванд дар бемористон даъво надоранд. Масалан кадом беморхона гармиву хунуки мекунад ё кадом беморхона ба истилох "дахани душманонро мебандад" ва гайра. Мулохо хам ин корро наметавонанд анчом диханд ва бештар дуруг мегуянд дуруге ки бо асосу далелхои бардуруг асоснок мекунанд. Дигар ин ки ин нодони ва чахолати мардум аст. Илм намехонанд савод надоранд барои муллохо харчи мардум бесаводтар аст бозорашон гармтар аст. Бахс сари зандориву алокаи чинсиву инхо нест . Инхоро хам мулохо мекунанду хам чиновникхо ва хам дигархо, аммо корхои гайбдониву пешгуи ва амсоли инхо аз нодонии мардум манша мегирад. Мубориза бояд чи гуна бошад? Кишвар бояд як мамлакати саноати шавад, дар чое ки саноат рушд кардаст мардум фикри васеъ доранд, мардум бояд ба таклиди куркурона аз ришу фашу мулло накунанд ва илм омузанд хонад донад ва баъдан сафедро аз сиёх фарк мекардаги мешаванд бародари чон!!!!

мусалмон
Сиёхкардани чехраи ислом ва дин як накшаи саросарии чахони аст, ки аз суи Абркудратхо сармоягузори мешавад ва ин корхои дар ватани мо идомаи хамон сенарияи чахони аст, ки доллархояшон то ба курсихои макомоти мо хам омада расидааст ва барои пахши як чунин филме, ки чехраи муллову исломро бад кунад, макомоти мо фикр мекунанд хамон кадар мех-хои курсиашон дарунтар рафтааст. Албатта пули калон мегиранд, ки хамон тавре аз рохи харом ба даст омадааст дар чои харом хам меравад, аммо ин корхо решаи миллатро бо теша задан ва пеш аз хама кабри худу мансабу алоду макомро бо дасти худ кандан аст.

Муаллифи мӯҳтарам, дар матни мақолаи Шумо хатогиҳои грамматикӣ ва калимаҳои мураккабро дидан мумкинаст. Намедонам барои чӣ бошад, имрӯз бештар калимахои мураккабро истифода мебурда бошанд. Масалан: Дар ҷойи шигифтӣ ва суолгузорист, ки чӣ гуна тавониста ин теъдод мардумро мӯътақид кунад? Ҷумлабандӣ тамоман ба забони тоҷикӣ монандӣ надорад.

Муслим
Мурабби,
Гапот ранги мардуми бединай, неке......

дуст
хамингуна нворхо шахсони донову бедини ин чомеаи точикистонро малум менамояд мисли ин муалиф ва ин мурабии батарбия

носир
Сайфи азиз! сабаби зухури ин шайх дини мубини исломро нодуруст дарк кардани мардуми мо аст. зеро бароямон хокимони он давр ба хотири хифзи молу холашон маънии Китоби осмониро чаппа тафсир карда буданд ва хануз хам.
гунохи шайх хеле кучак аст ва махкум ба хабс нест. афъоли у як навъи дарс аст, яъне адабро аз ки омухти аз беадабон. аз суханони Мурраби хичил нашав. бесавод аст намедонад ки тамоми кишвархои олам дунявианд . вай маънии давлатро аз кишвар фарк намекунад. туро ба лахчаи кучаи худ-гулак мегуяд.яъне -кудак. хатман аз буккахо аст ки 23 сол пеш дар кишлокаш таппак чамъ мекард холо дар пойтахт мансаб хавли маош дукон сиёсат галстук дорад ва хамаро хабс кардан мехохад. фаромуш кардааст ки моли чамъ кардааш аз моли шайх харомтар аст. ба кавли бобои бузургворамон СИНО---Хар к-у на хар аст кофараш мехонанд...

Вакте гап сари муллохо меравад хама чор мезананд,ки сиекунии дини мубини Ислим сар шуд. Лутфан бигуед, ки кай дар кучо?дар кадом вакту замон??кадом аср? Дин сафед буд,е худ кадом давлати исломи е муллохо хубу зебо,чолибу оли буд.хамавакт мулло чохилу шикамсеркун ва халке ки ба онхо бовар дорад гусфандони беаклу бемагз. Илм хонед соддахо. Азоби кабру гур нест,зеро худо рахиму карим аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)