Бахшҳо
15 фев 2015 11:38Ҳуқуқи инсон

Абӯ Муҳамад Ат-Тоҷикӣ кӣ буд?

Мӯъмин АҲМАДӢ

Алан Чекранов , се карат қаҳрамони Тоҷикистон оид ба муҳорибаҳои бидуни қоида, ки дар сафҳаҳои интернетии ҷиҳодиҳо ҳамчун Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ муаррифӣ мешавад, шаби дуюм ба сеюми феврал дар шаҳри Киркуки Ироқ кушта шудааст.


Нафаре, ки худро дӯсти ӯ хондааст, дар “Однокласники” навишт, Абӯ Муҳамад Ат-Тоҷикӣ бо ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар пайи бомбафкании ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ болои Киркук ба шевае кушта шудаанд, ки “аз онҳо ҳеч нишоне намонд”.

Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ ё Алан Чекранов соли 1993 дар ноҳияи Шаҳритус аз издивоҷи Мария Чекрановаи осетинтабор ва Умар ном як марди тоҷик ба дунё омад, аммо дар санадҳои расмӣ номи хонаводагии ӯ бо ному насаби хонаводаи модараш сабт шудааст. Аз ӯ ба унвони се карат қаҳрамони бозиҳои бидуни қоида дар вазни 54 кило дар чемпионат оид ба чунин навъи мусобиқа, ки аз соли 2008 ба ин сӯ дар Тоҷикистон соле як бор баргузор мешавад, ном мебаранд.

Ихроҷ аз донишгоҳ ва... роҳи муҳоҷират

Алан Чекранов соли 2010 мактаби 4-и ноҳияи Шаҳритусро хатм карда, сипас дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таҳсилро идома додааст. Соли 2012, бинобар иштирок накардан дар дарсҳо, аз ин донишгоҳ хориҷ шуда, баъдан бо ҳадафи муҳоҷирати корӣ роҳи Русияро пеш мегирад. Дар тӯли як соли кор дар Русия, ба гуфтаи дӯстонаш, ӯ бештар дар ҳалқаи қафқозиҳо ворид буд ва гуфта мешавад, маҳз бо таҳрики ҳамин гурӯҳ нимаи соли 2013 ба Ироқ рафтааст.

Маълум нест, Алан Чекранов кай ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шуд, аммо ба гуфтаи ҳамсафонаш ӯ қабл аз куштанаш дар Киркук бо пешмарагаҳо вориди даргир буд. Дар пайи мушаххас кардани шахсияти Абу Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ бо мақомоти маҳаллӣ, ҳамсинфону муаллимон ва ҳамсояҳои ӯ дар тамос шудем.

Шароф Тағоев, як ҷавоне, ки худро аз дӯстони Алан муаррифӣ кард, дар як тамоси телефонӣ гуфт, бори охир Аланро аввалҳои соли 2013 дид, ки пас аз муҳоҷирати тақрибан яксола аз Русия баргашта, комилан тағйир ёфта буд.

Ӯ гуфт: “Ин ҷо ҳамеша машқ мерафту меомад ва фақат дар бораи “бой без правил“ гап мезад. Аммо вақте аз Русия омад, каме дар манаҳаш риш дошт ва суханҳояш дигар шуда буд. Каме дилмонда ба назар мерасид ва гуфт, дигар муҳоҷират намеравад, он ҷо азоб аст ва дар Донишгоҳи славянӣ барқарор карда, таҳсилашро идома медиҳад. Аммо чанде баъд шунидем, ки боз ба Русия рафтааст.”

​Писари "Умари Риш"

Дар ноҳияи Шаҳритӯс низ ин ҷавонро бештар ҳамчун варзишгар мешиносанд ва фарзанди “Умари Риш” меноманд. Дар пайи дақиқ кардани манзили зисти ӯ хостем назари падару модари ӯро низ дар ин робита бишунавем.

Адолат Сайфуллоева, як хабарнигори маҳаллӣ, ки бо хоҳиши мо ба хонаи волидайни ин ҷавон рафт, мегӯяд, “аҳли хонавода мотамзада ба назар мерасиданд, аммо аз ҳар гуна сӯҳбат бо мо худдорӣ карданд.”

Ӯ гуфт: “Пушти дарашон садо кардам. Хоҳараш бо номи Сабина, ки дар сараш рӯймоли сиёҳ дошт, берун шуд. Иҷоза надод, вориди хона шавам ва гуфт, падару модарам касеро дидан намехоҳанд. Хоҳари дигараш ҳам бо номи Шаҳноза он ҷо омад ва бе он ки чизе барояш бигӯям, гуфт, “бародари ӯ зинда ва дар Эрон аст” ва дарро ба рӯям пӯшиданд.”

Ин хабарнигор мегӯяд, зоҳиран наздиконаш аз ин ҳодиса хабар доштанд, аммо маълум набуд, ин хабарро аз интернет хондаанд ва ё онро мақомот барояшон гуфтааст.

"Ҳуҷҷатҳояшро бурданд"

Садбарг Тӯйчиева, директори мактаби рақами 4-и ноҳияи Шаҳритӯс, ки Алан он ҷо таҳсил кардааст, рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот тамоми асноди марбут ба ин ҷавон дар мактабро бо худ бурдаанд. Ба қавли ӯ, “ҳама ҳуҷҷатҳоро барои тафтиш гирифтаанд, аз ин рӯ, ҳоло наметавонам дар бораи чӣ гуна таҳсил карданаш чизе ​бигӯям. Ман худам ӯро намешиносам. Соли 2010 мактаби моро хатм карда, ба Донишгоҳи славянӣ дохил мешавад. Дигар мо аз ӯ ҳеч хабаре надоштем.”

Афроде, ки ин ҷавонро мешиносанд, мегӯянд, ҳеч тасаввур надоштанд, як донишҷӯи Донишгоҳи бонуфузи Тоҷикистону Русия рӯзе ҳамроҳ бо гурӯҳҳои тундрав ба Ироқ биравад. Намояндагони шӯъбаи дини ҳукумати ноҳияи Шаҳритус, ниҳоде, ки аз рӯи рисолаташ ташвиқ мекунад, то ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ напайванданд, аз вуҷуди ин ҷавон дар Ироқ то нашри хабари маргаш иттилое надоштааст.

Нурулло Табаров, намояндаи Кумитаи кор бо дин ва танзими расму оинҳо дар ноҳияи Шаҳритӯс мегӯяд, ӯ рӯйхати 87 нафареро рӯи даст дорад, ки дар кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, вале дар ҳеҷ куҷое номи Алан вуҷуд надошт. Ӯ гуфт: “Мо 87 нафарро рӯйхат карда будем ва аксари онҳоро ба ватан баргардонидем ва бо боқимонда ҳамеша тамос дорем, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ напайванданд. Аммо ин ҷавоне, ки кушта шудааст, дар ҳеҷ рӯйхати мо набуд. Чун ҳоло хабар шудем, ӯ дар Русия будааст ва то ба Ироқ рафтанаш ба ягон кишвари исломии дигар сафар накарда будааст.”

Аз Русия ба... Сурия

Тоҷикистон беш аз як миллион муҳоҷир дар Русия дорад ва маҳз аксари ҷавонони тоҷик аз ин кишвар то ба ҷангҳои Ироқу Сурия расидаанд. Бо ин сабаб, ки аксари ҷавонони ба гуфтаи мақомот ифротӣ бо баҳонаи муҳоҷират аз кишвар берун мешаванд, то замони нашри хабари ҳалокаташон аксаран дар бораи онҳое маълумоте дастрас нест.

Аммо Алихон Муллоев, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритӯс дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, чанд ҷавони дигари ин ноҳия низ дар Сурия ҳастанд, вале ошкор кардани исми онҳо сирри корӣ ҳаст. Дар наворҳое, ки сомонаҳои зоҳиран марбут ба ҷангҷӯёни тоҷик дар Ироқ ва Сурия нашр мекарданд, Алан Чекрановбо номи Абӯ Муҳамммад Ат-Тоҷикӣ зоҳир шуда, бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ озодона вазъ мегуфт.

Аз Шаҳритӯс то ваъзгӯӣ дар Ироқ

Шаҳритӯс, маконе, ки Алан бузург шудааст, яке аз сераҳолитарин ноҳияҳо дар вилояти Хатлон аст, ки бо Афғонистон ва Узбакистон марзи мустақим дорад. ИН бори аввал аст, ки аз ҳалокати як ҷавони сокини ин ноҳия дар Ироқ хабар нашр мешавад. Дар наворҳое, ки сомонаҳои марбут ба ҷангиёни тоҷик дар Ироқ нашр мекунанд, дида мешавад, Алан Чекранов онҳоро машқи муҳорибаи бидуни қоида медиҳад. Инчунин, дида мешавад, гурӯҳе аз тоҷикон ва қафқозитаборон ба ваъзҳои ӯ дар бораи масоили мазҳабӣ гӯш медиҳанд.

Дар ноҳияи Шаҳритӯс Алан Чекравонро бештар ҳамчун варзишгар мешиносанд. Ӯ бори охир 4-уми декабри соли 2011, вақте дар соли аввали донишгоҳи славянӣ таҳсил мекард, дар мусобиқаи муҳорибаи беқоида (бои без правил)дар мусобиқаи умумиҷумҳуриявӣ дар қатори сад нафар дар Маҷмааи варзишии “Моҳи нав”-и Душанбе дар вазни 54 кило ҳузур пайдо карда, дар бозии ниҳоӣ бар Шоҳрух Аҳмадов пирӯз шуд. Инро дӯстонаш охирин пирӯзии Алан медонанд, ки ба дунболи муҳоҷират ба Русия ақидааш дигар шуда, дар ниҳоят ӯро дар ҷустуҷӯи маргаш то ба Ироқ бурд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)