Бахшҳо
18 фев 2015 10:42Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Даъвои додарарӯси дигари Президент алайҳи “Самак” ва Абдуллоев

Раҳматулло Саъдуллоев, додарарӯси дигари раисиҷумҳури Тоҷикистон алайҳи нашрияи "Самак" ва Бурҳон Абдуллоев, яке аз моликони бозори “Ином” ба додгоҳи ноҳияи Шаҳритус аризаи даъвогӣ бурдааст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои хонаводаи Абдуллоевҳо дар сафҳаи фейсбукияш иттилоъ додааст, ки Раҳматулло Саъдуллоев, ки раҳбарии ширкати Исмоили Сомонии шаҳри Сарбандро ба уҳда дорад, зерҳимояаш - Бурҳон Абдуллоев ва нашрияи “Самак”-ро дар паст задани шаъну шараф ва эътибори корӣ муттаҳам карда, ҷуброни зарари маънавиро талаб дорад: “Саъдуллоев аз додгоҳ талаб кардааст, ки аз Абдуллоевҳо 100 ҳазор сомонӣ ва аз рӯзномаи “Самак” 50 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёнда шавад”.

Ба иттилои манбаъ нашрияи "Самак" аз қавли Абдуллоев навиштааст, ки Раҳматулло Саъдуллоев худро президенти Хатлон гуфтааст ва ин боиси норозигии Саъдуллоев гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Муҳибулло Саъдуллоев, яке аз бародарон Саъдуллоевҳо бо Бурҳон Абдуллоев барои бозори “Ином”-и Шаҳритус кашмакаши додгоҳӣ доштанд, ки бо боздошти Бурҳон Абдуллоев анҷом ёфт.

Ба иттилои мақмомот феълан алайҳи Ризвонов Ҳошимҷон ва Бурҳон Абдуллоев бо моддаи 32 қисми 3- тайёрӣ ба ҷиноят ва моддаи 255 қисми 2 - қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва Бурҳон Абдуллоев ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд.
Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритӯс ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президенти кишвар - Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доранд. Моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, бозор байни тарафҳо 50 ба 50 тақсим карда шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, ахиран эълон карданд, дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони "Пуст говорят"-и шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард.
Мӯҳр
Антиинтихобот
Ягон роихи пулкоркунии дигар намонд???????????

23
Ужас ку ди7ар газето капут биген

Кадом шаъну шараф? Нафахмидам.

нусрат
Бале арз кунед дар ин шабака
арзи ин одамро суд дарав чораша мебина

хонанда
Рости каме дарс хам бояд шавад барои баъзе журналисто баъзехош як гапое менависанд ки на дар замин мечаспад на дар хаво

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)