Ҷавоби радди Додгоҳи олӣ ба шикояти Бузургмеҳр Ёров
Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷикро дар хусуси бекор кардани қарори №45-и Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рад кардааст.
Бузургмеҳр Ёров имрӯз, 18 феврал ба “Озодагон” гуфт, Комилҷон Зоиров, айбдоркунандаи давлатӣ зимни баромадаш дар мурофиа аризаи ӯро дастгирӣ накарда, аз додгоҳ хостааст, он бекор карда шавад. Айбдоркунанди давлатӣ иброз доштааст, Бузургмеҳр Ёров 4 ҳазор сомонӣ гаравпулии интихоботиро пардохт накардааст ва аз ин рӯ аризаи даъвоии ӯ беасос мебошад. Дар пайи ин дархости айбдоркунандаи давлатӣ додраси парванда дар ҳалномаи худ даъвои Ёровро рад кардааст.
Қаблан, Бузургмеҳр Ёров аз қарори комиссияи ҳавзаи №8-и Сомонӣ дар хусусӣ рад шудани номзадиаш ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шикоят бурда, бекор кардани ин қарорро тақозо карда буд.
Ин ҳуқуқшиноси тоҷик дар саҳифаи Фейсбуки худ навишта буд, рӯзи 12 феврал “бо қарори №45-и КМИР шикояти ман нисбати қарори №7-и комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакили МН МО ҶТ рад карда шуд”. Ба гуфтаи Ёров, ҳарчанд масъулинги КМИР зимни баррасии шикояти ӯ тасдиқ карданд, ҳангоми қабули қарори №7-и комиссияи ҳавзавии якмандатӣ қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ба назар гирифта нашудааст, вале боз ҳам ин қарор бетағйир гузошта шуд: "Дар баробари ин, КМИР ба хулоса омад, ки доир ба камбудиҳои дар қарор ҷойдошта, диққати роҳбарияти комиссияи ҳавзавии якмандатии интихоботии Сомонӣ №8 ҷалб карда шуда, дастур дода шавад, ки дар фаъолияти минбаъдаи худ ҳангоми қабули қарор талаботи қонунгузории интихоботӣ қатъиян риоя карда шавад.”
Ҳуқушиноси тоҷик дар идома афзудааст, радди шикояти ӯ аз қарори комиссияи ҳавзавии якмандатии интихоботии Сомонӣ №8 дар ҳолест, ки дар ин чаласа Арбобов З, раиси ҳавза ҳузур дошта, гуфтааст, “Маҷлиси Намояндагон ҷойи Ёров Б. Р. ва ба ин монанд инсонҳо нест, зеро онҳо мақсади ҷангу иғворо доранд.” Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 12 феврал дар пайи ҷаласаи навбатии худ хабар дод, дар ин ҷаласа шикояти Бузургмеҳр Ёров баррасӣ шуда, қарори комиссияи ҳавзавии якмандатии интихоботии Сомонӣ №8 дар мавриди сабти ном накардани номзадии Ёров бетағйир гузошта шуд. Чун ба иддаои масъулини КМИР, гӯиё “Дар натиҷаи санҷиши шикоят муайян гардид, ки Ёров Б. воқеан ҳуҷҷатҳои мазкурро ба комиссияи ҳавзавӣ пешниҳод накардааст.” Ҳуқуқшиноси тоҷик аз ин қарор ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд, ки низ рад шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |