Бахшҳо
03 сен 2014 17:38Ҳуқуқи инсон

ВИДЕО: Кандани "Мошоллоҳ"-у "Бисмиллоҳ" аз мошинҳо дар роҳҳои Хатлон

Орзуи КАРИМ

Пулиси роҳ дар вилояти Хатлон барои барчидани навиштаҷоте, чун “Бисмиллоҳ”, “Мошоллоҳ”, “Оллоҳ” ва монанди инҳо, аз мошинҳои сабукрав ва боркаш амалиёти махсус баргузор мекунад.

Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ё БДА имрӯзҳо дар роҳҳои вилояти Хатлон мошинҳоро нигоҳ медоранд ва лавҳаю навиштаҷот ё ашёву ороиши, ба ақидаи онҳо, нозарурро мекананд. Барои барчидани чунин чизҳо аз мошинҳои боркаш ва сабукрав дар вилоят 79 амалиёти поксозии мошинҳо аз навиштаҷот ва ашёи нолозим ҷараён гирифтааст ва ин маърака идома дорад.

Аз шиша ва борту буфери мошинҳо асосан шиорҳое, мисли “Бисмиллоҳ”, “Мошоллоҳ”, “Оллоҳ” ва монанди инҳо канда мешаванд. Кормандони пулиси роҳ мегӯянд, чунин чизҳо сабаби ноамнӣ дар роҳҳо мешавад, зеро ронандагон ба хондани навиштаву тамошои лавҳаҳо саргарм шуда, ба нақзи қоидаҳои ҳаракати нақлиёт роҳ медиҳанд. Ёрмуҳаммад Давлатов, сухангӯи пулиси роҳи вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар як ҳафтае, ки амалиёти поксозии мошинҳоро гузаронидаанд, 199 ронандаро, ки дар мошинҳояшон навиштаҷоти, ба гуфтаи ӯ, “бемаънӣ” будааст, ҳушдор додаанд ва чунин ашёи нолозимро аз мошинҳокандаанд.

Ҷаноби Давлатов мегӯяд, ки ҳадаф аз ин амалиёт дар миёни ронандагон ба хотири пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётист: “Ҳар навиштаҷоте, ки дар мошинҳо ҳаст, ба дигар ронандагон халал мерасонад. Ронандагон худашон хонда наметавонанд, масалан, як ронанда номи Оллоҳро дар қафои мошинаш менависад, ки дуруст нест.”

Ин ронандагон тибқи банди 333-и Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон -- риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси зарар мешаванд, аз ним то як нишондиҳанда, яъне аз 20 сомонӣ то 40 сомонӣ ҷарима ҳам баста мешаванд. Саидислом, ронандае аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар чунин амалиёти пулиси роҳ ба даст афтодааст, мегӯяд, ӯ ҳам тарафдори барчидани навиштаҷоти исломӣ ва нозурар аз мошинҳост: “Дар роҳ бо суръати зиёд ҳаракат мекунӣ, ки чашмат ба навиштаҷоте мехӯрад, ки мехонӣ, дар ҳамин ҳол, хатари ба садама рӯ ба рӯ шудан ҳаст. ”

Аммо Рустам Сафаров, як сокини вилояти Хатлон мегӯяд, ки навиштаҷоти динӣ ва дигар навиштаҳо дар шиша ва дигар ҷои мошинҳо сабаби сар задани садамаҳои нақлиётӣ шуда наметавонад. Ӯ изҳори шигифт мекунад, ки барои ӯ чӣ пулиси роҳ маҳз навиштаҷоти исломиро аз мошинҳо мегирад: “Ин як муаммост, ки чаро навиштаҷоти исломӣ аз мошинҳо канда мешавад? Будани навиштаҷот дар мошин сабаби садама шуда наметавонад, чун мо медонем, ки воситаҳои нақлиёт аз муоинаи нақлиётӣ намегузаранд ва роҳҳое, ки дар Хатлон ҳастанд, бештарашон хароб ҳастанд ва ин сабаби асосии садамаҳои нақлиётист, на навиштаҷоти исломӣ ва дигар навиштаҳо дар мошинҳо.”

Дар ҳоле ки дар мошинҳо навиштаҷоти зиёде ба чашм мерасад, асосан мошинҳое нигоҳ дошта мешаванд, ки навиштаҷоти исломӣ доранд. Ин дар ҳолест, ки аксари ронандагон мегӯянд, чунин лавҳаҳо як андоза барои қуввати дил ҳам ҳаст, ки ҳамаро дар роҳҳо Худо нигаҳдор бошад. Кормандони БДА дар посух мегӯянд, ҳадафи онҳо танҳо лавҳаҳои динӣ не, балки ҳама чизест, ки метавонад ба ҳаракати амни нақлиёт дар роҳҳо хатар эҷод кунад. Дар вилояти Хатлон барчидани навиштаҷот аз мошинҳо дар ҳоле ҷараён дорад, ки соли гузашта пулис ронандагонеро, ки дар мошинҳояшон таронаҳои мазҳабӣ ва ё амри маъруфи рӯҳониён садо медод, низ ҷарима мекард ва сабтҳои онҳоро мусодира менамуд.



Давлатёр, ронандаи кирокаше аз ноҳияи Бохтар мегӯяд, ки пештар дар мошинаш амри маъруф садо медод, вале пулиси роҳ ӯро ҳушдор дод, ки дигар ин амри маъруфро дар мошин гӯш накунад: “Зарарашро намедонам, вале ҳанӯз ҳам манъ мекунанд. Худамро як корманди БДА манъ кард, ки дар мошинат амри маъруф намон. Баъди ин амри маъруфамро дар хона гузоштам. Саидмӯъминро дар Фахробод манъ карданд, Аҳмадро дар Қӯрғонтеппа қарор дода, низ гуфтанд, ки дигар амри маъруф гӯш накунед.”

Идораи пулиси роҳи Хатлон дар мавриди пешгирӣ аз шунидани амри маъруф дар мошинҳо изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки онҳо танҳо ба хотири оромии атрофиён намегузоранд, ки ронандагон дар мошин таронаҳову наворҳои дигарро бо садои баланд пахш кунанд. Аввалҳои соли ҷорӣ шаҳрдории Душанбе низ тасмим гирифта буд, ки “ба хотири таъмини осудагии мусофирон” мусиқӣ ва таронаҳоеро, ки дар дохили мошинҳо, автобусҳо ва минибусҳо садо медиҳад ба танзим дарорад.

Бар пояи омори расмӣ, дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 242 садамаи нақлиётӣ сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст. Аммо оморе вуҷуд надорад, ки чӣ теъдод аз ин ҳодисаҳои нохуш бар асари ваё ҳангоми хондани навиштаҷоти мошинҳои дигар аз тарафи ронандагон рух додааст.
Мӯҳр
Анвар
Дар Панчакентам хамин холат хаст. Азинчо гузориш нависетон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)