Боздошти сокини Истаравшан бо иттиҳоми ғорати модарарӯсаш
19 феврал 2015, 12:38
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти як ҷавони 29-сола бо иттиҳоми дуздии пули модарарӯсаш хабар дод.
Манбаъ мегӯяд, ин ҷавон сокини шаҳри Истаравшан буда, дар рабудани 5 ҳазор рубли русии модарарӯсаш гумонбар мешавад: “Ин ҷавон қаблан низ барои содир кардани ҷинояти дуздӣ суд шудааст. Феълан алайҳи ӯ аз рўи ҳодисаи мазкур тибқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноӣ –“дуздӣ”, парванда боз гардида, тафтишот идома дорад”.