Бахшҳо
19 фев 2015 16:44Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Намояндаи Оқохони IV: Ҳукумат бо исмоилиён мушкиле надорад

Аликбар Песнанӣ, намояндаи доимии Оқохони IV дар Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар Тоҷикистон соҳае нест, ки шабакаҳои Оқохон оид ба рушд дар он фаъолият надошта бошанд.

Песнанӣ дар суҳбат бо расонаи “USA-Today” ҳадафи асосии ҳузурашонро дар Тоҷикистон беҳбуди зиндагии мардум хонда, афзудааст, ки феълан дар шабакаҳои рушди Оқохон дар кишвар ҳудуди 3-4 ҳазор нафар бо кор таъмин мебошанд: “Ин нишондод дар сатҳи ҷаҳонӣ беш аз 90 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Баробари коргарони доимӣ афроди зиёди ихтиёрӣ дар фаъолияти босамари шабакаҳои рушди Оқохон саҳм доранд, ки теъдодашон нисбат ба коргарон қариб 10 баробар бештар аст. Дар миёни ихтиёриёни шабакаҳои Оқохон хатмкунандаҳои зиёди донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳон, аз қабили Ҳарвард, Оксфорд ва Кембриҷ мебошанд, ки дар шабакаҳои рушди Оқохон корҳои хайриявӣ мекунанд”.

Песнанӣ мегӯяд, шабакаҳои Оқохон ба Тоҷикистон соли 1992 дар замони буҳронӣ омада буданд ва дар марҳилаи аввал асосан ба таъминоти мардум бо маводи ғизоӣ машғул буданд: “Феълан дар Тоҷикистон мақоми дипломатӣ гирифтем ва мо дар ҳамаи соҳаҳо аз хоҷагии қишлоқ то маориф кор мекунем. Дар маҷмуъ Бунёди Оқохон дар 33 кишвари дунё фаъолият мекунад, ки дар 11 тои онҳо мақоми дипломатӣ дорад”.

Намояндаи доимии Оқохон аз ҳукумати Тоҷикистон тавсиф намудааст, ки дар масоили динӣ бо исмоилиён ҳеч мушкилие надораду шароити хуб фароҳам овардааст: “Исмоилиён дар Тоҷикистон ҳудуди 1000-1200 сол боз иқомат доранд. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мардум дар масоили диндорӣ, чун ҳозир озод набуданд. Ҳукумати Тоҷикистон фаъолона бунёду ифтитоҳи Маркази исмоилиёни Душанберо дастгирӣ намуд, ки рамзи ҳузури доимии исмоилиён дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Таърихан қисми зиёди ҷамоати исмоилиён дар Помир зиндагӣ мекарданд, аммо ҳозир дар тамоми нуқтаҳои Тоҷикистон ва минтақа зиндагӣ мекунанд".

Песнанӣ инчунин дар мавриди “Помир Энерҷӣ” суҳбат кардааст, тавонистааст, мардуми вилоятро бо барқ таъмин кунад ва феълан барои таъмини сокинони навоҳии ҳамсарҳади Афғонистон низ иқдом гирифтааст.

Намояндаи доимии Оқохон инчунин изҳор доштааст, ки 40 дарсади саҳмияҳои ширкати ТСЕЛЛ-ро дар ихтиёр доранд, ки феълан ҳудуди 35 дарсади бозори мобилии кишварро фаро гирифтааст: “Ин ширкат дар Тоҷикистон технологияи 4G-ро роҳандозӣ карда, барои ҷалби таҷҳизоти муосир ба кишвар талош дорад. ТСЕЛЛ ҳамчунин аз беҳтарин андозсупорандаҳои Тоҷикистон аст, ки дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳм мегузорад”.

Дар мавриди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф Алиакбар Песнанӣ таъкид намудааст, ки таҳсилоти хуб кафили зиндагии шоиста мебошад: “Мо феълан бо ҳукумат дар мавриди таъсиси Академияи Оқохон дар Душанбе ҳамкорӣ дорем. Инчунин соли равон ба бунёди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ оғоз мекунем ва ният дорем, нахустин довталабонро соли 2018 қабул намоем. Аввалин хатмкунандагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар назар аст, ки соли 2021 аз саҳни ин донишгоҳ бароянд”.

Дар ниҳоят Алиакбар Песнанӣ таъкид намудааст, ки вақте шабакаҳои рушди Оқохон барои беҳбуди ҳаёти мардум кор мекунанд, на танҳо ба ҷанбаи иқтисодӣ таваҷҷуҳ мекунанд, балки маълумот, тандурустӣ, шароити зист, устуворӣ дар баробари офатҳои табиӣ, оби ошомиданӣ ва густариши ҳуқуқу имкониятҳои занон таваҷҷуҳ медиҳанд. Ӯ ба ҳукуматҳои кишварҳои сармоягузор ва ҷамоати исмоилиён дар ҷаҳон, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо шабакаҳои рушди Оқохонро дастгирӣ мекунанд, изҳори миннатдорӣ намудааст.
Мӯҳр
АЛОХУММА САЛЛИ АЛЛОХ МУХАММАДИН ВА ОЛИ МУХАММАД

Аллох нигахдорат кули мусалмонони Тоджикистонро ва он бародарфахмие ки мобайни бародарони Ахлу Сунна ва Шиаи Исмоилия яст Аллох бозам мустахкам гардонад....Омин!!!!!

Номиш ташкилот нодуруст нишон дода шудааст ба чои Огохон Окохон навишташудааст. ислох кунед

Аз фаъолияти пурсамари шабакахои Волохазрат дар Точикистон пешравихо минбаъд хам хохем дид. ИНША АЛЛОХ.

Сунниёну шиахои исмоилии Точикистон мардуми донишманду бафарханшанг. Медонанд, ки як мусулмонанд, як худову расул доранд ва бояд аз мазхаби хамдигар эхтиром намоянд. Дар Бадахшон миени ин 2 мазхаб хеч як нофахмие нест ва онхо мазхабро аз инсон боло намегузоранд. Аввал инсон, баъд мазхаб, аз ин ру, миенашон тафрикае несту иншоллох, намешавад. Дар кулли Точикистон чунин аст ва чунин бодо!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)