Бахшҳо
26 сен 2011 11:13Гузориш

Чаро Ислом Каримов ба ҷои Эмомалӣ Раҳмон?!

Чунин вазъ ба  хештаншиносии наврасони тоҷик таъсири манфӣ гузоштаасту ба ҳадде онҳоро фаро гирифтааст, ки наврасони тоҷик на танҳо суруди миллии Тоҷикистон, балки исми президенти кишвар- Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳамтои ӯзбакаш иваз кардаанд.

Баъди шиносоӣ бо вазъи зиндагӣ ва мушкилоти  фаровони мавҷуда дар шаҳраки Плотинаи ноҳияи Спитамен, ба чунин суол, яъне райисҷумҳури Тоҷикистон кист, ба хонандагону наврасони минтақа  муроҷиат кардам. Аксари пурсидашудаҳо, ки шаҳрвандони ҷавону навраси Тоҷикистон ҳастанд ва ба далели набуди мактаби тоҷикӣ дар ин ин шаҳрак, ноилоҷ  дар мактаби ӯзбакии ҷумҳурии Ӯзбакистон таҳсил кардаанд, исми раисиҷумҳури он кишвар Ислом Каримовро ба ҷои Эмомали Раҳмон ба забон меоварданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳраки Плотинаи ноҳияи Спитамен дар масофаи ҳамагӣ 12 километр дуртар аз маркази ин ноҳия ҷойгир аст ва ҳоло дар ин минтақаи марзӣ ҳудуди 640 нафар сокинони Тоҷикистон ва 970  нафар сокинони ҷумхурии Ӯзбакситон иқомат мекунанд.

Дар ин ҷо ҳатто забони давлатиро намедонанд

Шӯҳрат Соҳибов, як чавони 18 солаи тоҷик аст, ки  таҳсили 9 солаи мактаби ӯзбакии ҷумҳурии Ӯзбакистонро гирифтааст. Ӯ мегӯяд, таълим дар ин мактаб сирф бо забони ӯзбакӣ ва бо алифбои ғаритоҷикӣ ва инглисӣ сурат гирифтааст ва ба ҳамин хотир забони тоҷикиро дуруст намедонад ва ҳатто суруди милли  кишвараш Тоҷикистонро низ.

Элмурод Соҳибов, як сокини шаҳраки Плотинаи ҷамоати Қуштегирмони ноҳияи Спитамен мегӯяд, набуди мактаби тоҷикӣ дар ин шаҳрак боиси он шудааст, ки волидон фарзандони худро аз ночорӣ дар мактаби ҷумҳурии Ӯзбакистон барои таҳсил мегузоранд. Аммо вай мегӯяд, дар ин мактаб, ки тахсил аз рӯи алифбои ғайритоҷикӣ ба роҳ монда шудааст ва барои  хонандаҳои тоҷик мушкили ҷиддӣ дар  пай дошта, бар рушди зеҳниву маънавии наврасон таъсири манфӣ мерасонад ва ин вазъ дар оянда эҳтимол ба як фоҷиае мубаддал шавад.

«Аксар бачаҳои шаҳраки Плотина дар мактаби ӯзбакии ҷумҳурии Ӯзбакситон таҳсил кардаанд, намедонанд, ки президенти кишварашон кӣ аст. Онҳо ба ҷои президент Эмомали Раҳмон, номи Ислом Каримовро ба забон меоранд. Таърихи гузаштагони худро намедонанд. Аз рӯйдодҳои сиёсиву иқтисодии кишварашон бехабаранд, шароити мардум хеле вазнин аст. Борҳо дар маҷлисҳову ҷамомадҳо, ки бо иштироки шахсони баландмақоми ноҳия  баргузор гардида буд, ваъда медоданд, ки мактаби тоҷикӣ ташкил мекунем, аммо то ҳол ин ваъдаҳояшон амалӣ нашудааст.

Ҳоло сардиҳои фасли тирамоҳ фаро расидааст ва бачаҳое, ки дар мактабҳои маркази ҷамоат таҳсил мекунанд, аз соати 6 -и субҳ ба роҳи мактаб мебароянд ва 6 километр роҳро то  мактаби ҷамоат тай мекунанд. Аксар падару модарон имкони додани 4 сомонӣ дар як рӯз барои бачаҳои мактабхонашонро надоранд. Дар чунин шароит баъзеҳо аз ноилоҷӣ дар мактаби назди шахрак , ки ба ҷумҳурии Ӯзбакистон тааллуқ дорад, онро хатм мекунанд».

«Ҷон Ӯзбакистон ба ҷои Тоҷикистони озоди ман»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо, ки худро     тоҷикистонӣ муаррифӣ карду ҳамагӣ 11 сол дорад, ҳоло дар мактаби наздимарзии рақами 4- и ҷумхурии Ӯзбакистон хонандаи синфи 6- ум аст ва дар ин мактаб ба онҳо барои аз худ намудани суруди миллии Ӯзбакистон ва донистани шахсиятҳои намоёни ин кишвар эътибори махсус медодаанд. Вақте аз ӯ пурсидем, ки суруди милли Тоҷикистонро медонад, гуфт на, аммо суруди милли Ӯзбакистонро бо хондани чунин мисраҳо оғоз кард:

«Серқуёш ҳур улкам,

элга бахт нажот,

Сен узинг дӯстларга юлдош,

меҳрубон.

Яшнагай то абад илму фан эҷод,

Шӯҳратинг порласин то ки бор ҷаҳон

Олтин бу водийлар,ҷон Ӯзбекистон! »

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ба ҷои «Зинда бош, эй ватан Тоҷикистони озоди ман», ки маъмулан ҳамсолонаш дар мактабҳои Тоҷикистон ба забон меоранд, ӯву боз чанд ҳамшаҳриёнаш, ки дар мактаби 4- и ҷумҳури  Ӯзбакистон  таҳсил мекунанд  «Ҷон Ӯзбекистон»- ро аз ёд мекардаанд.

Суруди миллӣ танҳо аз камбуди аслӣ ва гумроҳӣ бар шинохти рамзҳои давлатдории навини тоҷикон набуда, балки аксари наврасон дар ин минтақаи марзӣ ҳатто исми раисиҷумҳур ва дигар ашхоси расмиву таърихии кишвари худро мутаасифона намедонанд.

Рӯзу рӯзгори сахти Плотиначиён

Сокинони шаҳраки наздимарзиро мушкилоти фаровоне нигарон кардааст. Фаъол набудани бунгоҳи тиббӣ ва кормандони тиб, набуди китобхонаву марказҳои  тафреҳӣ ба мисли боғчаи бачагонаву толори варзишӣ ва набудани ҷои кори доимӣ аз мушкилоти мавҷудаест, ки сокинонро нигарон кардааст. Эргашой Самитоваи 52 сола  дигар аз сокинони шаҳраки Полотинаи ноҳияи Спитамен мегӯяд, умдатан барои занҳои ин минтақа ҳеч ҷои кори доимие мавҷуд нест ва дар чунин вазъи ногувор ноилоҷ занҳо ба мардикории заминҳои пахтаву пиёз мебароянд. Бону Самитова ҳам ба далели набуди ҷои кор аз пушти кору заҳмати сангини мардикорӣ рӯз мебарад . Ӯ мегӯяд, дар мавсими тобистону тирамоҳ аз саҳар то шом умдатан паси кори саҳро мегардад ва барояш 16 сомонӣ ё муодили 3 доллару 2 сенти амрикоӣ ҳақмузд пардохт мекунанд. «Ҷои кор  нест, барои занҳо. Агар раисони хоҷагӣ пиёзашонро кананд, аз саҳар то шом дар заминҳояшон кор мекунем. 16 сомонӣ медиҳанд. Барои чидани пахта ҳам мебароем, барои чидани 1 кило пахта 30 дирам ҳақмузд медиҳанд. Дар се- чор рӯз як маротиба ҳаққи меҳнатамонро пардохт мекунанд. Мо барои нарм кардани ниҳоли пахта каланд мезанем, танҳо ғӯзапояашро мегирем. Мисли дигар хоҷагихо барои ин кори мо маблағ, ё равған намедиҳанд. Аз бекор гаштан хаста мешавем, маҷбур ба иҷро кардани чунин корҳо зиндагӣ мекунем. Эргашой Самитова мегӯяд, албатта  иҷрои чунин корҳо ба саломатии онҳо таъсиргузор аст, аммо дигар илоҷ ҳам надоранд, зеро ҳеч коргоҳе саноие дар ин шаҳрак фаъол нест ва аксари занҳо ногузир дар чунин вазъ танҳо аз пушти кору заҳмати сангини  саҳро зиндагии худу фарзанданашонро таъмин мекунанд.

1 ҳамшира ва 1 бунгоҳи тиббӣ

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шаҳраки ҳаммарзи Плотина аслан бунгоҳи тиббӣ фаъолият намекунад ва бо сабаби чунин вазъ сокинон наметавонанд, сари беҳтар кардани вазъи сиҳатиашон аз маслиҳатҳои пизишкон бархӯрдор шаванд.Турсуной Боймуродова, сокини Плотина мегӯяд, дар бунгоҳи тиббӣ мавҷуд дар ин шаҳрак, ки ба ҷумҳурии Тоҷикитон мутаалиқ аст, танҳо як ҳамшираи шафқат кор мекунад ва ӯ ҳам ҳаррӯз ба кор  намеояд ва сокинон наметавонанд аз маслиҳатҳову хизматрасониҳои тиббӣ бархудор гардад. «Дар ин деҳа якто бунгоҳи тиббӣ аст, ки дар он танхо як ҳамшираи шафқат кор мекунад ва на ҳама сокинон метавонанд дар он ҷо машваратҳои тиббӣ оиди беҳдошти саломатии худ бигиранд. Ин ҳамшира гоҳ- гоҳ пайдо мешавад, мо аз набудани кормандони тиб дар ин деҳа азоб мекашем. Агар ҳоло барои мо маслиҳати тиббӣ лозим ояд, аз ночорӣ мо ба маркази ҷамоат мешитобем. Ба ҷониби Ӯзбакистон равем гӯем, онҳо моро назорати сахт мекунанд, то паспортҳоямонро аз назар мегузаронанд, мо барои мӯҳрзании онҳо барои убур то 2 соат интизор мешавам. Баъзан то ним рӯз аз бастани марз мо интизори мекашем»,-мегӯяд Турсуной Боймуродова.

Хушбахтона низоъи қавмӣ нест

Гулчеҳра Саидова, котиби ҷамоати Қуштегирмони ноҳияи Спитамен муносибати сокинони Тоҷикистон бо ӯзбакҳои Бекободро  дар шаҳраки Плотина  хуб арзёбӣ карда гуфт, боре ҳам миёни онҳо низову адоват рух  надодааст. Аммо ӯ иқрор мекунад, ки дар ин шаҳрак  тоҷикистониён аз набуди мактаб ва марказҳои тафреҳиву беҳдоштӣ танқисӣ мекашанд. Гулчеҳра Саидова мегӯяд, аз ин вазъ масъулони баландпояи ҳукумати ноҳия ва ҳам вилояту ҷумҳури хабар доранд, аммо барои бунёди чунин иншоотҳо ҳанӯз хам имкон надоштаанд. «Барои ҳалли ҳамин муаммоҳо мо ба масъулини ноҳия муроҷиат кардааем. Ҳатто мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Спитамен Убайдуллоева ҳам ба он ҷо сафар доштанд ва вазъро хуб медонанд.  Дар Плотина ҳақиқатан ҳам мактаб нест, майдони варзишӣ ва клуб нест. Албатта, барои тоҷик ин душвор аст». Зимнан, дар ҷамоати Қуштегирмони ноҳияи Спитамен ду мактаб фаъол аст, ки ҳудуди 1600 нафар хонандагон дар онҳо таҳсил мекунанд. Аммо набуди мактаби тоҷикӣ дар шаҳраки Плотина  ва роҳи тӯлонии мактабҳои маркази ҷамоат ноилоҷ  бархеи  хонандаҳои тоҷик таҳсили мактаби  ҷумҳурии Ӯзбакистонро  пазируфтаанд.

Заъфи давлат дар таъмини ниёзҳои сокинон?

Дар ҳамин ҳол, Тилав Расулзода журналисти саршиноси тоҷик, ки борҳо бар ин минтақи марзӣ сафари хидматӣ анҷом додааст, мегӯяд, ки дар чунин вазъи сангин қарор доштани  сокинони тоҷик  дар шаҳраки Плотина метавонад бештар аз ҳама ба ояндаи насли наврас дар ин минтақа хатари ҷиддӣ гузорад. Ба таъкиди оқои Расулзода  дар ҳоле, аз нодориву бебизоатӣ волидони тоҷик фарзандонашонро дар мактаби ӯзбакӣ гузоштаанд, ки мутаасифона барномаҳои таълимӣ дар ин мактабҳои Ӯзбакистон бар тибқи барномаи давлатии ин кишвар тарҳрезӣ шуда ва муғойир ба барномаҳои давлатии Тоҷикитон аст ва он метавонад дар рушди худшиносиву хештаншиносии ин ҷавонони тоҷик таъсиру манфии ҷиддӣ гузошта, онҳоро  гумроҳ созад:

«Чунин вазъ бисёр фоҷиабор аст, ин мушкил оқибатҳои нохуб дар пай хоҳад дошт, зеро шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар мактаби ӯзбакии Ӯзбакистон таълим мегирад, ифтихори миллӣ надорад. Баъд аз ба камолот расидан онҳо, бояд ҳомии ватан бошанд, дар ватани худ хидмат кунанд ва ватанашонро дӯст доранд. Вале бубинед, ки аз хурдӣ дар дили онҳо  меҳри кишвари дигарро ҷой карда истодаанд. Хоҳ  вай писар бошад, хох духтар ин вазъ ба ояндаи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ва роҳбарони мо, ки ҳоло аз боби ҳуқуқҳои инсон  сухан мекунанд, бояд инро ба назар бигиранд, зеро тибқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба таълим ва тадрис дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносони дигар мегӯянд, бо гузашти 20 сол аз истиқлоли Тоҷикистон ҳамоно заъфу нотавониҳои давлат бар сари таъмини сокинонаш ба рӯзгори шоиста ба назар мерасад ва мутаасифона, ҳеч кас ва ё ниҳоде ба сари он ки сокинони марзии кишвар дар чӣ вазъ ва дар чӣ шароите ба сар мебаранд, аслан чорае намеандешанд, ки дар натиҷа такдири даҳҳо  нафар наврасони мисли Шӯҳрат, ки ба ҷои тараннуми зебоиҳои кишвари худ, аз табиати «афсонавӣ»-и Ӯзбакистон қисса мекунад, зери хатари ҷиддӣ қарор мегирад.

Қамари Аҳрор,
Хуҷанд-Спитамен-Плотина-Хуҷанд
{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)