Бахшҳо
18 фев 2015 16:41Ҳуқуқи инсон

Нисбати 11 сокини минтақаи Кӯлоб бо иттиҳоми ширкат дар ҷанги Сурия парванда боз шудааст

Маҳмудҷон РАҲМАТОВ

Теъдоди ҷавононе, ки аз минтақаи Кӯлоб дар донишгоҳу донишкадаҳои исломӣ таҳсил мекунанд, дар муқоиса бо соли гузашта чаҳор баробар афзоиш ёфтааст.

Бархеи инҳо донишҷӯни нав, вале бархи дигар ҳамон донишҷӯёни қадимӣ ҳастанд, ки солҳои гузашта аз мадрасаҳои исломӣ иҷборан ба Ватан оварда шуданд. Се тан аз донишҷӯёни нав духтарон будаанд. Ҳукумати Тоҷикистон аз ин нигарон аст, ки рӯ ба мазҳаб овардани насли нав ва таҳсили онҳо дар давлатҳои исломӣ ба низомӣ дунявӣ дар кишвар латма ворид мекунад ва боиси бархурди ҷараёнҳои мазҳабӣ дар кишвар мешавад. Аз 63 донишҷӯи шаҳри Кӯлоб, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои исломӣ таҳсили ғайрирасмӣ доштанд дар солҳои гузашта 56 нафар бо даъвати ҳукуат ва фишори хонаводаҳо ба ватан баргашт. Ҳафта нафари дигар низ бъояд бармегаштанд. Аммо мақомот маълум кардаанд, ки ҳоло 26 сокини минтақа ба таври ғайрирасмӣ дар донишгоҳҳои мазҳабии хориҷи кишвар таҳсил мекардаанд.

Умедҷон Эмомов, иҷрокунандаи мудири бахши дин дар минтақаи Кӯлоб, рӯзи сешанбеи 17 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи таҳқиқи мақомоти интизомӣ маълум шудааст, шумораи сокинони Кӯлоб, дар давлати Эрон ва Мисри Араб ба 26 нафар мерасад. Ӯ мегӯяд, аз миёни ин 26 нафар 3 нафараш занонад. Ба гуфти ӯ мақомот кӯшиш дорад, ин афродро аз хориҷ ба ватан баргардонанд. Аксари онҳое, ки дар мадрасаҳои динии хориҷи кишвар номнавис шудаанд, бо баҳонаи муҳоҷирати корӣ дар Русия аз кишвар берун шудаанд. “Тибқи маълумотҳои нав ба даст омада, аз 26 нафар толибилмоне, ки бо тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои исломӣ рафтаанд, ин 3 нафараш зан ҳаст. Ин занон ҳоло дар донишгоҳи Ал-Азҳари Мисри Араб таҳсил доранд. Султонова Иқболбӣ, Исмоилова Мулкия, аз ҷамоати деҳоти Даҳана ва Шарипова Фирӯза ҳамроҳи ҳамсараш баъди таҳсил ба муҳоҷират рафта аз онҷо ба кишварҳои арабӣ рафтанд. Дар ин замина чанде дигар аз қабили Талбитов Мирзораҳим, Оятуллои Исмоил, Идиев Абдураҳмон, Самиев Сафар, Шафоев Алишер дар ин рӯйхатанд”- гуфт Умедҷон Эмомов.

Ин рақам дар ҳоле ошкор шудааст, ки дар рӯйхати ҷангиёни тоҷик дар Сурия ҷавонони минтақаи Кӯлоб ба таври назаррас мушоҳида мешаванд.
Абдулҳамид Шарифов, сармутахассиси дин дар минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, шумораи донишҷӯён аз шаҳр ва нуҳ навоҳии атрофи он, ки ғайрирасмӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ба 300 нафар мерасид. Ба гуфти ӯ, аз ин шумора 280 нафар баргашта, ва бо волидайни боқимонда сӯҳбатҳо ороста буданд. “Аксари шаҳрвандоне, пеш дар донишгоҳҳои исломӣ таҳсил мекарданд, аз тариқи муҳоҷирати корӣ боз бо ҳамон ҷойҳои таҳсил мекардаашон рафтаанд. Мо аз 300 нафар, 280 нафари онҳоро бозпас гардонда будем. Аммо ҳоло танҳо аз як худи Кӯлоб 32 нафар будаанд. Ҳоло аз ҳама бештар сокинони Кӯлоб дар Мисри Араб, Эрон ва Туркия ҳастанд”, -афзуд мусоҳиби мо.

Баҳром Шарифзода, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон моҳи январ ба Озодӣ гуфта буд: “Нисбати 11 сокини миннтақаи Кӯлоб бо иттиҳоми ширкат дар ҷанги Сурия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳоло бештари ин афрод сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ мебошанд”,-гуфт Шарифзода. Дар гузашта, теъдоди толибилмон аз ноҳия Фархор дар мадрасаҳои хориҷ ба 48 нафар мерасид. Аз ин шумора то кунун панҷ нафар дар хориҷ мондааст. Соли 2009 дар пайи судури фармон раисҷумҳур аз 3054 нафар ҷавононе, ки дар таълимгоҳҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, 2896 нафари онҳо ба кишвар баргардонида шудуанд. Аз ин гурӯҳҳо бахше ба донишгоҳҳои кишвар ва як гурӯҳи кучак ба Доникадаи Исломӣ шомил шуданд. Аммо аксари онҳо баъди кушишҳои беҳудаи шомил шудан ба донигоҳҳои Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтанд ва бархе ҳам бо ҳар роҳи дасрас дубора ба мадрасаҳои исломии хориҷ аз кишвар баргаштанд. Коршиносн мегӯянд, ҳукумат бо ин гурӯҳҳо, ки худаш баргардонида буд, рафтори ҷиддӣ надошт ва ҳадафи худро танҳо дар бозгардонидани онҳо медид. Ҳоло маълум нест, ки аз тамоми кишвар чӣ теъдоде дубора ба мадрасаҳои Исломӣ баргаштаанд. Беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия муҳоҷири корӣ ҳастанд ва қишрҳои заъфпазири онҳо бо таъсири таблиғоти “ҷиҳод” рӯ ба Ховари Миёна ниҳодаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)