Зери тарма мондани ду хона дар Хоруғ
Дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшони Куҳӣ ду манзили истиқоматӣ зери тарма мондааст. Сокинони ин маҳал дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, ин ҳодиса шаби 21 ба 22 феврал ба вуқӯъ пайвастааст.
Шоҳидон воқеа мегӯянд, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надошт, ҳарчанд хонаҳо комилан зери тарма мондаанд: “Бошандагони яке аз манзилҳои харобшуда, дар хона набудаанд. Бошандагони хонаи дигар ҳарчанд, дохили манзил қарор доштаанд, хушбахтона наҷот ёфтаанд”.
Ба қавли сокинони маҳаллаи Ниводак, ҳангоми наҷот додани кудакон модарро тарма каме поинтар мебарад: “Дар натиҷа пояш шикастааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |